БО ИСТИФОДА АЗ БАРНОМА ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗАМОНАВӢ

Кори Маркази ҳудудии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Ҷиззах беш аз пеш рушд меёбад.

Дар ҳоле, ки дар ҷодаи таълими халқ  барномаҳои нав ба нав тарҳрезӣ мегарданд, кори бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ходимони ин соҳа ҳам ба куллӣ тағйир меёбад.  
Маркази ҳудудии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ходимони таълими халқи вилоят дар  ҳамкорӣ бо Институти илмӣ-тадқиқотии ба номи Абдулло Авлонӣ кори худро пеш мебарад. 
Дар марказ баҳри баланд бардоштани салоҳияти индивидуалии омӯзгорон аз рӯйи эҳтиёҷҳои ҷомеаи кунунӣ платформаи махсуси электронии «Таълими бесобиқаи касбӣ» таҳия гардидааст. Бо мақсади сифати таълимро афзун бахшидан якчанд маротиба бо иштироки мутахассисони хориҷӣ сӯҳбати гирди миз ва дарсҳои маҳорат ташкил гардид. Ба наздикӣ дар брифинги матбуот роҳбари хидмати ахбор Ҳафиза Қобилова доир ба нақшаву вазифаҳои марказ маълумот дод. Назар ба гуфти ӯ, мувофиқи дастур ва супоришҳои маъмурияти Институти илмӣ-тадқиқотии ба номи Авлонӣ дар маркази ҳудудӣ лабораторияи махсуси СТЕАМ, студияи банаворбардорӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин лаборатория баҳри таъмин намудани  алоқамандии таълим бо амалиёт ва ба олами эҷод раҳнамун  сохтани омӯзгорон имконият фароҳам оварда шудааст. Тавассути студияи наворбардорӣ бошад, дарсҳои маҳорат, таҷрибаҳои пешқадамро на танҳо дар як аудитория ба ҳозирин расонидан, балки ба тариқи онлайн ба қишри васеи омӯзгорону ходимон пешкаш кардан мумкин аст. Иҷрои ин кор бештар ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ даст медиҳад. Минбаъд ходимон ба ҷои 144 соат дарсҳои такмили ихтисос, ки дар панҷ сол як бор мегузаштанд, метавонанд  соле 36 соат гузаранд. Соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, ки  аз 20918 нафар ходимони таълими халқи вилоят 8153 нафарашон ба тарзи онлайн, 12765 нафари дигар ба тариқи анъанавӣ ихтисоси худро такмил диҳанд.
Ба ғайр аз ин, марказ дар назди худ мақсад ва вазифа  гузоштааст, ки бо муассисаҳои таълими олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: