БО ИСТИФОДАИ ВАСЕЪ АЗ ИННОВАТСИЯҲО ҲАМАҶОНИБА ИНКИШОФ ДОДАНИ ИҚТИСОДИЁТ – ОМИЛИ МУҲИМИ АФЗОИШИ НЕКӮҲОЛИИ ХАЛҚ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, татбиқи корҳои бунёдкорӣ ва лоиҳаҳои бузурге, ки дар маҳалҳо амалӣ мешаванд, 29 ноябр ба вилояти Хоразм рафт.

Роҳбари давлат дар ҷараёни сафарҳои пешинааш ба Хоразм бобати рушди иқтисодиёти вилоят, татбиқ намудани тағйиротҳои сохторӣ дар саноат ва хоҷагии қишлоқ, сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, беҳтар кардани инфрасохтор ва баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ як қатор вазифаҳоро муайян карда буд. 
Дар давраи сипаришуда дар минтақа корхонаҳои нави бузургу хурд бунёд гардиданд ва корҳои васеъмиқёси созандагӣ баргузор шуданд. Лоиҳаҳои пешомаднок дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, сайёҳӣ, таълим ва ғайра амалӣ гардиданд. Манзилҳо, муассисаҳои таълимӣ қад рост карданд, лоиҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ татбиқ шуданд. Кор дар самти мазкур мустақимона идома дорад.
Президент сафари кунунии худро аз боздид аз ноҳияи Шовот оғоз намуд.
Ду сол муқаддам роҳбари давлат ба гурӯҳи ширкатҳои «Uztex» супориш дода буд, ки дар ноҳияи Шовот корхонаи баландтехнологии бофандагиро ташкил карда, ҷойҳои корӣ фароҳам оваранд. 
Дар давраи сипаришуда дар пойгоҳи иқтидори истеҳсолии мавҷуда корхонаи муштараки «Katgal’a teks», ки бо технологияҳои пешқадам муҷаҳҳаз буда, метавонад беш аз ҳазор шахсро бо кор таъмин кунад, сохта ба истифода супурда шуд.
Лоиҳаи арзишаш 65 миллион доллар дар ду давра татбиқ гардид. Дар давраи аввали соли 2017 корхона бо 528, соли равон бошад, боз бо 512 дастгоҳҳои ҷӯроббофии истеҳсоли ширкати «Лонати»-и Итолиё муҷаҳҳаз карда шуд.  Ҷараёнҳои истеҳсолӣ дар корхонаи муштарак, ки соле метавонад 70 миллион ҷуфт ҷӯробро ба маблағи 30 миллион долларина истеҳсол кунад, дар пояи технологияҳои инноватсионӣ идора карда мешаванд.
Соли гузашта дар ин ҷо ба маблағи 5,7 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол гардид ва ба бозорҳои дохилӣ расонда дода шуд. Соли равон корхона бо иқтидори пурраи худ ба кор сар кард, моҳи октябр 12,5 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол гардид. Ба ИМА, Русия, Молдова, Украина ва як қатор кишварҳои дигар ба маблағи 3,85 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд.
Президент бо кори маркази логистикии назди корхона, сехҳои бофандагиву борбандии он, лабораторияҳо шинос шуд ва ба шароити кори кормандон рағбат зоҳир намуд.
Бинобар имкониятҳои технологии худ корхонаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона ба шумор меравад. Ҳоли ҳозир дар ин ҷо барои аз худ кардани истеҳсоли хелҳои нави маҳсулоти бофандагӣ, зиёд кардани ҳаҷми содирот кор мебаранд. 
Ба шарофати чораҳои барои ҷалби сармояҳо  ба иқтисодиёт, истеҳсоли маҳсулоти дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобатбардор андешидашуда соҳибкорон ба он бидуни ҳарос сармоягузорӣ мекунанд. Барои онҳое, ки мехоҳанд корхона ва ҷойҳои корӣ созмон диҳанд, ҳеҷ гуна монеа нест, барои пешбурди тиҷорат тамоми кафолатҳо мавҷуданд. Шарикони хориҷӣ, ки  кори худро дар кишвари мо ба роҳ монда, барои вусъат додани содироти мо саҳми назаррас мегузоранд, низ аз ин манфиатдор мебошанд, гуфт роҳбари давлат.
Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳои рушди саноати бофандагӣ дар вилояти Хоразм, созмон додани ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Dererlop Textile», маҷмӯи саноати сабук дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Ҳазорасп», сохтмони фабрикаи нави калобаресӣ оид ба истеҳсоли калобаҳои омехтаву пахтагин дар ноҳияи Шовот, дар шаҳри Урганҷ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёри бофандагии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Textile finance», дар ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд бунёд кардани осоишгоҳи «Заркент» ба вуқӯъ пайваст. 
Роҳбари давлат бино бар тезондани рушди саноати сабук, вусъат додани содироти маҳсулот, фароҳам овардани манбаъҳои иловагии даромад ва зиёд кардани миқдори ҷойҳои корӣ супоришҳо дод.
Дар ҳудуди корхонаи муштараки «Katgal’a teks» муаррифии лоиҳаҳои иқтисодӣ оид ба тараққӣ додани вилояти Хоразм баргузор шуд.
Ноиб–президенти ширкати «Serba Dinamik Group»-и Малайзия Палендран Палачандран ба роҳбари давлати мо лоиҳаи сармоявии сохтмони корхонаи соддаи каустикӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Ҳазорасп»-ро муаррифӣ намуд. Лоиҳаи арзишаш 250 миллион доллар куллан аз ҳисоби сармояҳои ширкат татбиқ карда мешавад. Корхона, ки дар он фароҳам овардани 150 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст, метавонад соле 33 ҳазор тонна соддаи каустикӣ ва 30 ҳазор тонна хлор истеҳсол намояд. Пешбинӣ мегардад, ки маҳсулоти корхона пурра ба содирот фиристода шавад. 
Сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар Малайзия, Арабистони Саудӣ, Туркманистон барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба вилоят кор мебаранд. Аз ҷумла, аз ҷониби сафоратхонаи мо дар Малайзия, ғайр аз лоиҳаи оид ба истеҳсоли соддаи каустикӣ, лоиҳаҳо бобати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, созмон додани маркази тиббиву эстетикӣ ва косметология, содироти маҳсулоти тайёри бофандагиву кишоварзӣ, аз ҷониби сафоратхонаи мамлакат дар Арабистони Саудӣ дар шаҳри Хива бозсозӣ кардани мадрасаҳои Оллоқулихон ва Қутлуғ Мурод Иноқ, дар назди онҳо сохтмони меҳмонхонаҳо, дар доираи барномаи «Обод қишлоқ» ба Хоразм ҷалб кардани воми имтиёзноки Бонки исломии рушд ба маблағи 100 миллион доллар аз ҷониби сафоратхонаи мо дар Туркманистон вусъат додани кори сайёҳӣ амалӣ хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни муаррифӣ Президент ба моҳияти лоиҳаҳо эътибор зоҳир кард. Ба шахсони масъул бобати вусъат додани ҷалби сармояҳои хориҷӣ супоришҳо дод. 
Шавкат Мирзиёев бо поезд аз Урганҷ ба Хива омад.
Роҳбари давлат ҳангоми сафараш ба вилояти Хоразм моҳи январи соли 2017 зарурияти сохтани роҳи оҳани аз Урганҷ то Хива, дар Хива бунёд кардани вокзали замонавӣ, ҳамчунин минбаъд ба роҳ мондани ҳаракати қатораҳои баландсуръати «Afrosiyob»-ро таъкид карда буд. Ин нақшаҳо дар муҳлати кутоҳ амалан иҷро шуданд. 
Бинои вокзал дар рӯҳи анъанаҳои бостонии меъмории Хоразм ороиш дода шудааст, дар он толорҳои замонавии VIP, хона барои модарону кӯдакон, кабинети тиббӣ амал мекунанд. Вокзали дорои 35 корманд  метавонад дар як вақт барои 200 нафар мусофир хизмат расонад. Меҳмонхонаи дорои 20 ҷой, ки дар назди вокзал бунёд ёфтааст, барои сайёҳон мусоидати иловагӣ ба шумор меравад. 
Масофаи байни вокзали нав ва маҷмӯи Ичан-қалъа 2 километр аст. Ин ба коҳиш додани вақти ба шаҳр ворид шудани мусофирон, рушди минбаъдаи сайёҳӣ мусоидат менамояд. 
Маросими расмии кушодани хатти роҳи оҳани «Урганҷ-Хива» ва вокзали Хива ба амал омад. Минбаъд идома додани ҳаракати қатораҳои баландсуръати «Afrosiyob» то Хива ба нақша гирифта шудааст. 
Президент бобати минбаъд беҳтар кардани инфрасохтори вокзал, ба мусофирон дар сатҳи меъёрҳои байналхалқӣ хидмат расонидан, фароҳам овардани мусоидати бештар ба сайёҳон супоришҳо дод. 
Шавкат Мирзиёев бо ҷараёни сохтмони хиёбоне, ки аз вокзали роҳи оҳани Хива ба маҷмӯи Ичан-қалъа мебарад, шинос шуд. 
Хиёбон бояд ба Хива симои нав диҳад, он низ бо супориши роҳбари давлат, ки ҳангоми сафарҳои пешина ба вилоят дода буд, бунёд мегардад. Дар ҳар ду ҷониби хиёбон иншооти дуошёнаи сайёҳӣ қад рост кардаанд. Дар ошёнаи якум устохонаҳои ҳунармандӣ, нуқтаҳои хизмати савдо ва маишӣ, дар ошёнаҳои дуюм бошад, меҳмонхонаҳои оилавӣ ва тарабхонаҳо ҷойгир шудаанд. Ҳамаи онҳо баробари ба сайёҳон қулайиҳо фароҳам овардан ба сифати манбаи даромад ва ҷойи кори одамон хидмат мекунанд.
Дар ҳамин ҷо Президент бо лоиҳаҳои оид ба рушди имкониятҳои сайёҳии вилояти Хоразм, тарҳи қисмати таърихии шаҳри Хива шинос гардид. Ба Президент нақшаҳои дар мамлакат бунёд кардани меҳмонхонаҳои байналхалқӣ, вусъат додани савдо ва тиҷорат пешниҳод гардиданд. 
Шавкат Мирзиёев бо соҳибкорони хориҷӣ суҳбат карда, мувофиқи пешниҳодҳои сармоявии онҳо супоришҳо дод.
– Тиҷорат чӣ маънӣ дорад? Ин манфиатдорист. Сайёҳӣ дар Ӯзбекистон соҳаи фоидаовар ва пешомаднок мебошад. Бино бар ҳамин ҳам ба он бояд соҳибкорону сармоягузорон бештар ҷалб карда шаванд, дар ин бобат ба онҳо бояд роҳ кушод, – гуфт роҳбари  давлат.
Зарурияти дар атрофи Хива бунёд кардани хонаҳои бисёрҳуҷра, давра ба давра кӯчондани сокинони қисмати таърихии шаҳр, ба иншооти сайёҳӣ табдил додани хонаҳои дохили қаср таъкид гардид. 
Мо метавонем сайёҳони хориҷиро бо таърихи куҳан ва суннатҳои худ ҷалб намоем. Вале таърихи Хоразм, Хива ҳанӯз комилан омӯхта нашудааст, низоми тарғибу ташвиқи он мавҷуд нест. Бинобар ҳамин ҳам бояд омӯзиши мукаммали таърихи Хоразм аз замонҳои қадимтарин ва маънидод кардани он ба оммаи васеъ ба тарзи содда ба роҳ монда шавад. Бояд коре кард, ки ҳар як шахси ба Хива омада, ин ҷоро дуру дароз тамошо кунад, вақти худро пурмазмун гузаронад, аз ин ҷо бо маълумоти нав ва таассуроти хуш баргардад, гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Ба Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, Академияи Маъмуни Хоразм, Кумитаи давлатии оид ба рушди сайёҳӣ ва дигар созмонҳои масъул супоришҳои дахлдор дода шуданд. 
Иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат» дар пояи қаробати истеҳсолот ва илм самтҳои куллан нави истеҳсолотро дар соҳаи пиллапарварӣ боз менамояд. Дар самти мазкур татбиқ шудани лоиҳаи бузург дар корхонаи «Khiva Silk» аз комёбиҳои аввалин гардид. 
Корхона корро дар бинои бозсозишуда, ки соли 1976-ум сохта шуда, 15 сол боз бекор буд, оғоз намуд. Давраи аввалини лоиҳа, ки бо истифода аз ғояҳои инноватсионӣ ва муносибати креативӣ татбиқ мегардад, моҳи августи соли равон ба истифода супурда шуд. Дар ин ҷо 110 ҷойҳои кори доимӣ фароҳам оварда шуданд, корхона қодир аст дар асоси усули кластерӣ соле зиёда аз 140 тонна пиллаи хушкро коркард кунад. Аллакай ба маблағи 1,1 миллиард доллар қарордодҳои содиротӣ имзо шуданд. Пешбинӣ мегардад, ки маҳсулоти пилла ба Чин ва Покистон фиристода шавад, 
Аз соли 2019-ум дар корхона истеҳсоли матоъ ва сарулибосҳои тайёри шоҳӣ, ҳамчунин равғани кризалидӣ дар шароити лабораторӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. То ҳол дар мамлакати мо зочаҳои кирмак, ки баъд аз гирифтани нахи шоҳӣ боқӣ мемонданд, партофта мешуданд. Равғане, ки аз зочаҳои кирмак гирифта мешавад, аз сафеда ғанӣ буда, дар  косметология маҳсулоти гарон ба шумор меравад. Дар Чин як литри ин равған тақрибан 40-50 доллар арзиш дорад. 
Корхона ҳамчунин ният дорад истеҳсоли хитин ва хитозан, иловаҳои фаъоли биологӣ, консервҳо аз зочакҳо, чой ва шириниҳоро аз барги тут ба роҳ монад. 
Моддаҳои хитин ва хитозан ҳуҷайраи рустаниҳоро мустаҳкам карда, ба афзоиши ҳарчи тезтари онҳо мусоидат мекунанд. Чунин маҳсулот ба кишвари мо то ҳол аз хориҷа оварда мешавад. 
Дар корхона истеҳсоли собун аз таҳшине, ки баъди фишурдани зочаҳои кирмак мемонанд, ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми дар об фишурдани зочаҳо 18 намуди аминокислот, сирисин, фебриин ва моддаҳои дигар ҷудо мешаванд. Собуни хушбӯе, ки аз онҳо истеҳсол мегардад, хосиятҳои давоӣ дорад. 
Дар ҳамин ҷо як қатор лоиҳаҳои пешомаднок бино бар истеҳсоли тухми кирмак якҷо бо шарикони чинӣ, инкишоф додани соҳаҳои чорвопарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва боғпарварӣ, кашфи навъҳои серҳосилу содиротии харбуза, парвариши шолӣ ба сифати зироати асосӣ ва такрорӣ, истифодаи самарабахши заминҳо дар шароити Хоразм ва ғайра пешниҳод гардиданд. 
Сафари Президент ба вилояти Хоразм идома дорад. 

Матназар ЭЛМУРОДОВ, Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, 
Улуғбек АСРОРОВ, 
хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: