БО КИТОБ ДӮСТ ШАВЕД!

Хушбахт касест, ки ба яке аз ин ду чиз дастрасӣ дорад: ё китобҳои хуб, ё дӯстоне, ки аҳли китобанд. (Виктор ГЮГО)

Бо ин, ки китоб манбаи илму хирад аст, он ба наҳве ҳамчун кӯраи илҳому истеъдод, тараннумгари зиндагии муъҷизаосо, чашмаи меҳру муҳаббат ва ҳамрозу ҳамнишини инсонҳои умедвор рӯ боз мекунад.
Дар воқеъ, чаро мо китобро, ба хусус, китоби бадеиро дӯст медорем? Ин махзани пурбор чӣ сирре дорад, ки моро механдонад, мегирёнад ва гоҳу ногоҳ ба ҳаяҷону ба ваҷд меоварад?! Эҳ, кош ҳар як инсони соҳибҳуш китоб ба даст мегирифту худ бевосита ба ин пурсишҳо ҷавоб меёфт!
Бешубҳа, маҳз китоб дорои шилшилаҳои марҷонии маънӣ аст, ки бозтоби онҳоро эҷодкори асилу нуктадон ва пурдида фароҳам меоварад. Ҳар як шилшила дар ин хазинаи пурасрор аз сеҳру афсуни хоманигор дарак медиҳад ва мо маҳви сеҳру ҷозибаи каломи дилангез шуда, беихтиёр ба офарандаи он аҳсан мехонем!
Барои донишомӯзони мактаби 43-юми деҳаи Эҷ, ки дар домани қаторкӯҳҳои Нурато қарор дорад, чеҳра боз кардани «Деҳаи зархез» ба сони хуршеди саҳаргоҳон аст, ки дилу дидаҳоро нурборон месозад. Ин китоб дар муҳтавои худ вожаҳои асили гӯйишӣ, асолати лаҳҷаи чандинасра, таронаҳои дилнишини мардумӣ, катибаҳои дардошно ва розу ниёзи чанд тан эҷодкори хомакаши эҷиро фаро мегирад. Хеле ҷолиб аст, ки ягон хонанда ин китобро аз даст канор намегузорад, гӯё перомуни он ба дардҳои танҳоӣ, ба ранҷҳои дурию фироқ,  ба аламҳои бекасӣ даво меёбад. Дар як вохӯрӣ устоди забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, зодаи деҳаи Эҷ Зоҳид Қӯрғонов изҳор дошта буд: «Дур аз Ватан ҳар гоҳ худамро танҳо ҳис кунам, китоби устод Юнуси Имомназар – «Деҳаи зархез»-ро варақ мезанам. Бо мутолиаи он худамро дар зодгоҳи азизам эҳсос мекунам, хотирам осуда мешавад, хешро хеле сабуку беғам дармеёбам...» 
Ба наздикӣ камина ва мудираи китобхонаи мактабамон Гулистон Расулова бори дигар бар асоси ин китоби дӯстдоштаамон озмуни адабию ҳунарӣ доир намудем. Ин дафъа донишомӯзони синфҳои 6 то 9 дар байни худ қувва озмуданд ва ба ин васила меҳру отифаи бепоёнро дар ростои китобу сеҳри сухан нишон доданд. Ин озмуни мо панҷ шартро фаро мегирифт, ки мебоист хонандагон дар хусуси моҳият ва аҳамияти китоб изҳори андеша карда, порчаи дилхоҳеро аз муҳтавои он интихоб ва баробари қироат маънояшро бозгӯӣ кунанд. Сипас перомуни мазмуни достонҳои кӯтоҳ суолҳо дода шуд. 
Агар дар хусуси ҷараёни озмун, шавқу алоқаи баланди донишомӯзон, рӯҳияи поку дилосои бавуҷудомада ҳарф занам, шояд таърифи худ мешавад, вале шоиста нест суханҳои сарпарасти корҳои ташкилии мактаб Абдураҳмони Ҳасан, ки дар канори як гурӯҳ омӯзгор бо мо буданд, ногуфта монад: «То ба ҳол худамро дар миёни хонандаҳо, ғарқи шодию нишот ва садои кафкӯбиҳои ҳаяҷонпазир  ҳис мекунам. Нақлҳои дилнишину шеърхониҳои ҷаззоби Суғдиёна ва Гавҳар маро ба ваҷд овард, ҳар як хонанда талош мекард аз дигарон беҳтар бошад. Мо ин гуна озмуну сабқатҳоро бояд зуд-зуд баргузор кунем, хонандагон бояд ҳарчи бештар бо китобу нависандагон ошно шаванд. Китоб, бешак, дурри ноёб ва хазинаи пурасрор аст!».
Ҷойи зикр аст, ки дар ин сабқат саҳначаи иҷрокардаи толибаи синфи 6 Суғдиёна Ботирова, ки нақши арӯсро дар заминаи ҳикояи «Оби зери коҳ» (муаллиф Юнуси Имомназар) бозӣ кард, ҳамаро ба ваҷд овард. Ӯ ба сифати арӯси хона ҳаракат намуда, сараввал модари ба меҳмонӣ омадаи худро бо меҳрубонӣ ва суханҳои ширин пешвоз мегирад, вале чун модарарӯсаш ба меҳмонӣ меояд, густохию бетаваҷҷуҳӣ мекунад ва худро ба беморӣ мезанад. Аз ин баромади духтарак ҳатто аъзои доварон мутаассир шуданд ва чун андешаи ӯро дар бораи мазмуни ҳикоя пурсиданд, ӯ ҳамоно зери таъсири нақши худ ҳаяҷонашро фурӯ набурда, бо ҷилваи зебо ва нозунузи дилкаш посух дод: «Ман дар оянда ин хел арӯс намешавам!». Ин бебокӣ ва ҳозирҷавобии Суғдиёна боиси баланд шудани мавҷи хандаҳои самимӣ гардид ва ҳозирин лаҳзае кафкӯбӣ намуданд...
Оре, китоб ҳамрозу ҳамдами мост. Асрори ахлоқу одоби ҳасана, илму хирад, имону эътиқод ва розҳои ҳастӣ маҳз дар китоб нуҳуфта аст. Бо китоб дӯст шавед!

Холбикаи НУРНАЗАР,
омӯзгори мактаби рақами 43,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: