Дар ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон беш аз 165 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 85 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд.
Дар ноҳия корхонаҳои истеҳсолӣ каманд, аз ин рӯ, мушкилоти бо кор таъмин кардани аҳолӣ, алалхусус занон вуҷуд доранд.
Ба ин муносибат, бо ташаббуси ҳокими вилоят дар баъзе маҳаллаҳо оид ба созмон додан ва ба кор даровардани корхонаҳои нави дӯзандагӣ ва бофандагӣ мунтазам кор бурда мешавад. Ҳамин тавр, дар семоҳаи аввали соли равон дар 7 маҳаллаи ноҳия иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд, ки дар онҳо асосан ҷавонон ва занон кор хоҳанд кард.
Дар мулоқоти ҳокими вилояти Андиҷон Шуҳратбек Абдураҳмонов бо занони ноҳияи Марҳамат оид ба ин масъала мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳоким қайд намуд, ки бо ташаббуси Президент оид ба минбаъд беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, таъмини қаноатмандии мардум аз ҳаёт корҳои васеъмиқёс татбиқ карда мешаванд, аз ҷумла, ба дастгирии занон, мустаҳкам намудани саломатии онҳо, таъмини шуғл ва ҳалли масъалаҳои мубрам эътибори махсус дода мешавад.
— Аз ҷониби ҷамъияти мо дар маҳаллаи Алитеппа корхонаи дӯзандагиву бофандагии дорои 300 ҷойро ба истифода дода хоҳад шуд, — мегӯяд роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Барака чеварлари» Низомиддин Муллоҷонов. — Дар ин ҷо мошинҳои замонавии дӯзандагӣ насб карда мешаванд. Корхонаамон дар арафаи Рӯзи байналмилалии занон бо иқтидори пурра ба кор шурӯъ мекунад. То ба имрӯз тақрибан 60 нафар ҷавононе, ки бо раванди кор шиносанд, аллакай ба кор қабул карда шудаанд. Баробари ба кор даромадани корхона дар ду баст 450 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд.
Гузашта аз ин, имсол дар маҳаллаҳои Уқчӣ, Шуркакир, Тошлоқ, Гулистон, Дурафшон, Йуламатол корҳо оид ба оғоз намудани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таъсис додани 1300 ҷойи нави корӣ идома доранд.
Зимни вохӯрӣ сарвари вилоят бо роҳбарони корхонаҳои нав суҳбат ороста, қайд кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои коргарон мебошад. Ҳоким оиди сари вақт ба кор даровардани корхона тавсияву дастурҳои зарурӣ дод.
Худи ҳамон рӯз бисёр занон дар корхонаҳое, ки дар ҷойҳои истиқоматии онҳо ба фаъолият шурӯъ мекунанд, шартномаҳои меҳнатӣ имзо карданд.
Ҳокими вилоят ба тамоми саволҳои марбутаи иштирокдорон посухҳои мушаххас дод ва қайд кард, ки кор дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини шуғли он дар ноҳияи Марҳамат идома дода мешавад.
Ф.УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.