мегӯяд раиси маҳаллаи “Нодирабегим”-и шаҳри Фарғона
мегӯяд раиси маҳаллаи “Нодирабегим”-и шаҳри Фарғона
Ҳамон рӯз Моҳира Мирзомаҳмудова дар иштироки фаъолони маҳалла перомуни мазмун, мундариҷа ва муҳтавои табрики солинавии Сарвари давлатамон ва “Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” эълон шудани соли нави 2022 бештар таваққуф кард.
– Мӯҳтарам Шавкат Миромонович ҳамеша дар бораи фаъолияти ниҳоди маҳалла бо таваҷҷӯҳи хос ҳарф мезанад. Ҳувайдост, ки чунин ниҳод бо тамоми банду баст, имконият ва ифодаи манфиатҳои сокинони маҳаллаҳо назир надорад. Дар ин маврид ягон шакку шубҳа вуҷуд нахоҳад дошт,– ба сухан оғоз кард Мирзомаҳмудова.
Вай афзуд, ки дар қаламрави маҳаллаашон бештар аз як ҳазору дусаду бист хонавода мавҷуд аст ва аҳолии он ҳудуди дуҳазору ҳафтсаду панҷоҳ нафарро ташкил мекунад. Онҳо аз нигоҳи мансубияти миллӣ низ гуногунанд: ӯзбек, тоҷик, рус, тотор, қазоқ, қирғиз, бошқирд, белорусу укроин ва амсоли он.
Фаъолони маҳалла дар ин ҷамъомад ҷиҳати беҳбуди кор, боз ҳам фаровон сохтани зиндагии мардум, дастгирӣ намудани соҳибкорони ҷавон, мадди назар қарор додани хонаводаҳои эҳтиёҷманду маълӯлон ва амсоли он таклифу пешниҳодҳои худро ироа намуданд. Раиси маҳалла аз ҳар кадоми онҳо тақозо кард, ки вазифаҳои бар дӯш доштаашонро бо масъулият анҷом диҳанд ва обрӯву эътибори маҳалларо боло баранд.
– Маҳалла барои мардум ба хонаи умед, бартарафсозии муаммоҳову мушкилот, маскани ҳамбастагӣ, бархурдории баробару одилона аз имкониятҳои мавҷуда ва хонаи ваҳдат мубаддал меёбад. Лозим аст, ки ҳар як сокини маҳалла ин маъниро пурра дарк намояд ва барои ба маҳаллаи намунавӣ табдил додани он саҳми худро гузорад, – мегӯяд узви комиссияи доимии маҳалла Ҷаҳонгир Додобоев.
Маҳаллаи онҳо аз нигоҳи мавҷудияти ташкилоту муассисаҳо ва нуқоти дигари хидматрасонӣ ба мардум дар байни маҳаллаҳои дигар фарқ мекунад. Ба гуфтаи Ҷаҳонгир Додобоев маҳаллаашон дорои 3 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ ва хусусӣ, 1 бинои баргузории маросимҳо, 1 коллеҷи касбу ҳунар, 1 донишгоҳ, 1 мактаби таълимоти умумӣ, 1 мактаби махсуси варзиш, 24 дӯкони тиҷоратӣ, 1 бозорча, 7 нуқтаи хӯрокхӯрӣ, 9 интернет-клуб, 2 дорухона, 2 маркази омӯзишӣ, 1 шифохона, 1 поликлиникаи оилавӣ ва 8 майдончаи варзишӣ мебошад.
Дарвоқеъ, 20 нафар аъзои комиссияи доимии ҷамоати шаҳрвандон дар иттиҳоду ҳамбастагӣ фаъолият мебаранд. Маълум шуд, ки раисони комиссияҳои мустаҳкам намудани қадриятҳои оилавӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва назорати ҷамъиятӣ, экология ва муҳофизати табиат, ободонӣ ва сабзгардонӣ ва кор бо занону духтарон, ки онҳоро фаъолони маҳалла интихоб кардаанд, дар вазифаҳои ганогун кор мекунанд. Инчунин дар баргузории чорабиниҳо, иҷрои қарору тавсияҳо, баррасии масъалаҳои мубрам баробар заҳмат мекашанд.
– Сокинони маҳаллаи мо сад фоиз дар иморатҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар корхонаҳо ва муассисаҳои давлативу хусусӣ машғули кор мебошанд. Фаъолони маҳаллаамон, ки аксарият соҳиби таҷрибаи кориву зиндагӣ мебошанд, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони маҳалла вусъат бахшидаанд. Боиси фахри мост, ки маҳалла дар шаҳр дар радифи маҳаллаҳои намунавӣ қарор дорад. Таҳлили соли охир нишон медиҳад, ки шумораи оилаҳои намунавии маҳаллаамон соли ҷорӣ аз даҳто мегузарад, – мегӯяд Мирзомаҳмудова.
Оилаҳои ҷавони ин маҳалла бештар аз дусаду бистро ташкил мекунад. Яъне ҷавонони маҳалла аз се як ҳиссаи сокинони онро ташкил мекунанд. Беш аз бист зани соҳибкори маҳалла бо таъсису ташкил намудани корхонаҳои хурди хусусӣ барои ба кор ҷалб шудани даҳҳо нафар дар ин росто саҳмгузоранд.
– Эълон шудани Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол айни ҳол масъулияти мо – фаъолони маҳалларо боз афзун намуд. Чаҳор нафар пиронсолони маҳалла ба парвариши ҳамешагӣ ниёз доранд ва ин кор ҳаргиз аз мадди назар дур намондааст. Аз бисту панҷ оилаи камбизоат даҳтои он аз «Дафтари оҳанин» ихроҷ шуданд. Аммо мунтазам аз аҳволи понздаҳ нафар маълулони маҳаллаамон бохабарем, – изҳор намуд Мирзомаҳмудова.
Ногуфта намонад, ки ба низоми хос даровардани маросимҳои гуногуни маҳалла низ аз дастовардҳои се соли охир мебошад. Дар ин замина фаъолони маҳалла хеле корҳои тарғиботӣ пиёда намудаанд. Онҳо ба чунин натиҷа расидаанд, ки ҳар як маросим бо камтарин харҷ баргузор гардад.
– Метавонед гӯед, ки дар чаҳор соли охир ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Нодирабегим” ба чӣ гуна дастовардҳо ноил шуд?
– Оре. Бо ифтихор мегӯям, ки дар чаҳор соли охир ба теъдоди ҳаддиақали ҷудошавии оилаҳо ноил шудем ва ин кор ба осонӣ ба даст наомад. Бо фаъолони маҳалла ба хонаи оилаҳое равуо кардем, ки зану шавҳари ҷавон дар вартаи ҷудошавӣ қарор доштанд. Моҳияти мавзӯъ аз ҳамин иборат будааст, ки пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбати ҳамдигар, ба майзадагӣ руҷӯъ намудан, надоштани ҷои кори доимӣ, танбаливу беҳавсалагӣ ва амсоли он ин оилаҳоро ба вартаи ҷудошавӣ оварда расонидааст. Танҳо як оила ба далели бефарзандӣ ва як оила ба далели солҳо аз ҳам ҷудо зиндагӣ кардани зану мард азҳам пош хӯрд, – мегӯяд Мирзомаҳмудова.
Мавсуф илова кард, ки дар қаламрави маҳаллаи онҳо арзи вуҷуд намудани 18 субъекти соҳибкорӣ барои ба кор таъмин намудани даҳҳо нафар мусоидат намуд. Ҳудуди маҳалла хеле ободу зебо гардид, меваҳои зиёди манзаравӣ шинондаву парвариш карда мешаванд.
– Ташкили “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” барои рафъи мушкилоти зиёди иҷтимоии сокинони маҳаллаамон ҳамчун омили муҳим хидмат намуд. Бар ин асос тақрибан аъзои ними хонаводаҳое, ки қаблан ба қайд гирифта шуданд, аз дафтарҳо хориҷ гардиданд. Бархе аз онҳо кредитҳои имтиёзнок гирифтаву ҳоло ба соҳибкорӣ машғуланд.
– Мешавад гуфт, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Нодирабегим” аз муаммоҳову мушкилот хеле барканор шудааст?
– Мутаассифона, на. Ҳанӯз маҳалла соҳиби идораи кории замонавӣ нашудааст. Барои ҳамин ба мақомоти шаҳр пешниҳод намудем, ки дар майдони бекорхобидаи паси хонаи баландошёнаи рақами 84 метавон аз тариқи ҳашар биное бунёд кард. Ин пешниҳоди мо посухи мусбат пайдо кард ва дар тараддуди пайдо кардани маблағҳои аввалия ҳастем, – мегӯяд Моҳира Мирзомаҳмудова.
Аз суҳбат бо Мирзомаҳмудова дарёфтам, ки вай мисли баъзе раисҳо фақат ба таърифу тавсиф машғул нест ва муаммоҳову мушкилоти мавҷударо низ ошкоро ба миён мегузорад. Ӯ 15 сол аст, ки раиси маҳаллаи “Нодирабегим” аст. Бештари вақти худро ба хидмати мардуми маҳалла сарф мекунад.
– Ҳоло аз сокинони маҳаллаи мо 1 ҳазору 100 нафар ба корҳои мавсимӣ банд шудаанд. Бояд чораҷӯӣ намуд, ки ҳадди ақал панҷоҳ дарсади онҳо ба кори доимӣ фаро гирифта шаванд. Инчунин 167 нафар бошандаи маҳалла ба хориҷа рафтаву ба ҳайси муҳоҷирони корӣ ба қайд гирифта шудаанд. Агар онҳо дар худамон ҷои доимии кор пайдо кунанд ва назди зану фарзандон бошанд, нур болои нур хоҳад буд, – мегӯяд Мирзомаҳмудова.
Маълум шуд, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Нодирабегим” омили инсон ва манфиатҳои вай дар ҷои аввал қарор дорад. Аз тарафи Президент “Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” эълон шудани соли 2022 айнан барои амалӣ сохтани як қатор нақшаҳо дар соли нав ҳатман мусоидат хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.