БО МЕҲНАТАМ ҶАВОБ МЕГАРДОНАМ

Дар деҳаи Баймоқи ноҳияи Чуст таваллуд ёфтаам.

 Падар ва модарам Аҳмадҷонота ва Хосиятбиая дар соҳаи пахтакорӣ меҳнат карда, моро бо нони ҳалоли деҳқонӣ калон кардаанд. Ман ҳам аз паи онҳо рафта, пас аз дарс дарҳол роҳи саҳроро пеш мегирифтам. Ҳамин тавр дар дили кӯчакам орзуи оянда агроном шудан пайдо шуд.
Соли 1973 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 14-уми деҳа ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи пахтакории Андиҷон супурдам. Вале дар имтиҳони қабул бароям бахт омад накард. Аз ин рӯҳафтода нашудам. Ҳамон солҳо ҳаракати Турсунойчиён васеъ паҳн шуда буд. Дар курси шашмоҳаи механизаторон бо 15 нафар духтароне, ки касби механизаториро ихтиёр кардаанд, таҳсил гирифтам.
Пас аз ба итмом расонидани курси механизаторӣ 5 сол дар хоҷагии ҷамоавии «Баймоқ» ҳамчун механизатор меҳнат кардам.
Солҳои 1981-2005 сардори бригадаи пахтакории хоҷагии ҷамоавии «Баймоқ» ро ба ӯҳда гирифтам. Ҳар сол ба туфайли меҳнати фидокоронаи аъзоёни бригадаамон нақшаҳоро барзиёд иҷро мекардем. Соли 1986 факултаи агрономии Донишкадаи пахтакории Андиҷонро ғоибона хатм кардам.
Солҳои мустақилӣ ба ҳаракати фермерӣ роҳи васеъ кушода шуд. Хоҷагии фермерии «Санамҷон Санобар»-ро ташкил кардам. Бо аъзоёни хоҷагии фермериамон дар 58 гектар замин ҳосили фаровони пахта ва ғалла рӯёнидем. Ба туфайли дар соҳаи хоҷагии қишлоқ таҷрибаи бои бисёрсола доштанам ягон сол нест, ки нақшаҳои пешистодаро иҷро накарда бошам. Соли ҷорӣ ба 22 гектар пахта ва ба 36 гектар майдон ғалла кошта нақшаи солонаро барзиёд иҷро кардем.
Дар кишварамон ҳар кас аз таҳти дил меҳнат кунад, ҳаргиз беъэтибор намемонад. Соли 2006 аз тарафи ҳукуматамон бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» сарфароз гардидам.
Имрӯзҳо дар мамлакатамон барои фермерон ҳамаи шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Ду сол аст, ки дар ҷумҳуриамон Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ ҳамчун ид тантана карда мешавад. Ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ бо унвони «Корманди хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мукофотонида шудам. Мукофоте, ки барои меҳнати камтаронаам дода шудааст, маро рӯҳбаланд сохта, водор менамояд бо масъулияти боз ҳам зиёдтар меҳнат кунам.

Санобат ИНЪОМОВА,
сардори хоҷагии фермерии «Санамҷон Санобар»-и ноҳияи Чуст, 
Корманди хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: