Устод Ҷонибеки Қувноқро, ки дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и имрӯза) адои вазифа дошт, берун аз ҷумҳурӣ низ, хусусан дар Хуҷанд, ки таълими олиро ҳамон ҷо гирифтааст, чун шоир ва рӯзноманигори боистеъдод хуб мешинохтанд.
Устод Ҷонибеки Қувноқро, ки дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и имрӯза) адои вазифа дошт, берун аз ҷумҳурӣ низ, хусусан дар Хуҷанд, ки таълими олиро ҳамон ҷо гирифтааст, чун шоир ва рӯзноманигори боистеъдод хуб мешинохтанд. Солҳое, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд таҳсил доштам, якчанд зиёиёни ин шаҳр, намояндагони илм ва адаб бо ӯ ҳамкорӣ доштанд. Устодони донишгоҳамон дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» мақолаҳои адабӣ-танқидии худро чоп мекунонданд. Ободгари саҳифаи адабиёт ва санъати ин нашр устод Ҷонибек буд. Баъзе шумораҳои ин рӯзнома дар донишгоҳи мо чӣ тавр даст бар даст мегашт, ҳамон дар пеши назарам. Чун навқалам ман он солҳо асосан ба рӯзномаи бисёрадади маскани таълимиамон «Маҳорати педагогӣ» ва нашрияи вилоятӣ «Ҳақиқати Ленинобод» робита доштам. Ҷуръат карда, гоҳо ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон» низ машқҳои худ мефиристодам. Он солҳо рӯзномаву рӯзномахонҳои аз чашм дурро нома наздик мекард. Мисле анъанаи ба шогирдҳо мактубнависии устод Айниро дар Тошканд Ҷонибеки Қувноқ идома мебахшид. Вай дар номаҳои худ ба навқаламон маслиҳатҳои муфид медод, падидаҳои қаламиашонро таҳлилкунон ба қалбашон қувват мебахшид, мегуфт аз шумо умедамон калон, омӯзед, баҳри боз ҳам хубтар навиштан саъй кунед, албатта, ба мурод мерасед. Номаҳое, ки дар охири солҳои ҳафтодум ба номам фиристодааст, ҳанӯз ёдгори пурарзишанд аз устоди шодравон. Баъди хатми донишгоҳ, аснои дар мактаби зодгоҳ муаллимӣ кардан, бо коре ба Тошканд рафта ва ба устод вохӯрдам. Шеърҳоям писанд омаданд магар, мамнун табассум намуд. Аз кору зиндагии шахсиам пурсон шуд. Биёед, бо мо кор кунед, гуфт ва пурсид: «Хонадор шудаед?» Гуфтам, ки «не». Вай фаҳмонд, танҳо ба оиладорҳо идораи рӯзнома хона медиҳад. Ҷуз хона масъалаи артиш низ маро дудила месохт.
Он солҳо муаллимони деҳотро ба аскарӣ намебурданд. Аз аскар шудан «ҳаросида» ҳам ҷуръати дар шаҳр кор кардан надоштам. Вале дере нагузашта қоидаҳо дигар гашт – муаллимони деҳот низ ба сафҳо сафарбар шуданд. Аскарӣ дар пешонаам будааст. Аснои адои хидмат низ робитаро бо рӯзнома ва устод Ҷонибек канда накардам.
Вақте ба Душанбе рафтам ва ба адибону рӯзноманигорони тоҷик вохӯрдам, онҳо аз хусуси вазъ ва муҳити адабии мо мепурсиданд. Мегуфтанд, ба бахти эҷодкорони тоҷик дар Ӯзбекистон хайрият ҳам Ҷонибек ҳаст...
Аввали моҳи ноябри соли 1990 устод барқия фиристод ва маро ба семинар-анҷумани навбатии адибони ҷавон, ки дар Дӯрмон баргузор мегашт, даъват намуд. Мамнун ба сафари Тошканд тайёрӣ медидам. Вале ҳанӯз ба роҳ набаромада, шумораи 7 ноябри рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба дастам расид, ки дар саҳифаи чаҳоруми он таъзияи идора нисбати вафоти ногаҳонии устод Ҷонибек ба чоп расида буд. Нафас дар гулӯям раҳгум зад. Сурати бароям азиз ва қадрдонро дар даруни чаҳорчӯбаи сиёҳ дида, бовар кунам ё не, надониста мондам.
Аз тоҷикон се нафар – Чоршанбеи Деҳнавӣ, Абдулло Субҳон ва камина иштирокдори анҷуман будем. Азбаски устод дар байни мо набуд, бесаробон ҳис мекардем худро.
Ҳамон рӯзҳо рӯзномаи «Совет Ӯзбекистони»-ро бароям туҳфа карданд, ки дар он шеърҳоям чоп шуда буданд. Мутарҷим – устод Ҷонибек...
Чун мутарҷими хушсалиқа вай натанҳо ба эҷоди адибони машҳур, айни замон, ба баргардониши падидаҳои қаламии навмашқон низ эътибор медод. Диле дошт бузург ва саршори меҳр...
Ҳеч кас хаёл надошт инсоне, ки гӯё ғам ва дардро намедонист ва ҳамеша дар лабу рӯяш нимтабассум мавҷ мезад, ин тавр ногаҳонӣ ба ҳаёт падруд мегӯяд.
Се нафар фотиҳахонӣ ба манзилаш рафтем. Дар пешорӯ – сурати устод. Дар гунаи ӯ – ҳамон табассуми азалӣ. Назар ба гуфти Кимёапа (ҳамсараш) дар нафасҳои вопасин ҳам вай ба табассум кардан майл менамудааст. Саъдии бузургвор ба хотир мерасад беихтиёр:
Ёд дорам, ки вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Ончунон зӣ, ки вақти мурдани ту
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
Ин маънӣ дар як шеъри ба хотираи Ҷонибек бахшидаи шоири тоҷик Саидалӣ Маъмур ифодаи равшани худ дарёфт:
Гар нони дӯстонро як бор хӯрда будам,
Бар дӯстони ҷонӣ як ҷонсупурда будам.
Бигристам гаҳе гар бар зиндагии фонӣ,
Бар марги хеш охир хандида мурда будам.
Овони донишҷӯиямон китоби дувуми шеърҳои устод бо унвони «Арзи дил» аз чоп баромада буд. Ба ин муносибат дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» маводе чоп кунондам. Ба таври хеш баъзе шеърҳоро «таҳлил» кардам. Он хабаре беш набуд, вале тавре ба назарам мерасид, мақолаи «таҳлилӣ-танқидиам» чоп шудааст. Дар яке аз дӯконҳои китоб аввалин дафтари шеърҳои ӯ «Қарз»-ро дида мондам, ки хеле пеш чоп шуда буд. Гумоне чашмҳоям барқ заданд. Бо «Қарз» назди устод рафтам, гуфтам, соядаст нависед. Пазируфт. Вале чӣ шуду гардонда гирифтани онро фаромӯш кардаам. Дар ин миён устод раҳматӣ шуд. Баъди чанд сол «Қарз»-ро ҳамсари бовафои ӯ ба ман баргардонд, ки дар он дастхат сабт ёфта буд. Чӣ қадар навиштаҳои самимӣ...
«Қарз» бинҳод ӯ нахустин дафтари
ашъори худ,
Шеъргӯиро, ки мепиндошт қарзу
фарзи дил.
Бо умеде, к-аҳли дил арзи дилашро
бишнаванд,
Дувумин маҷмӯаи ашъор бинҳод
«Арзи дил».
Баъде, ки риштаи ҷони Ҷонибекро миқрози аҷал бурид, устод Лоиқ таассуроти қалби реш ин тавр ифода кард: «Мисраъҳои шеърҳои нотамомаш дар рӯи варақҳо чун охирин риштаҳои тору пуди ҳастиаш аз ҳам ҷудоянд. Ва дигар ба ҳам гиреҳ намехӯранд. Ва дигар ба ҳам пайваста як пора шеър, як пора меҳр, як пора дард нахоҳанд шуд. Эй дареғ!»
Устод Лоиқ, айни замон, дар сарсухани маҷмӯаи баъдимаргии Ҷонибек Қувноқ чунин зикр намудааст: «Барои ман сахт гарон аст, ки ба китоби бародари зиндаам (ӯ дар баробари чашми ман ҳамеша зинда аст!) дебоча бинависам. Аммо чӣ кунам, қарз бояд ба қиёмат намонад». Мегуфтанд, Ҷонибек, ки воқеан ба ду адабиёт хидмат мекард, аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ, аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ маҳсули хомаи адибони ду халқро тарҷума менамуд, «шаҳпули ду соҳили дарёст». Сафири адабиёти тоҷику ӯзбек низ меномиданд зиндаёдро. Шиоре дошт: «Ҳар кӣ боғи дӯстиро кард бонӣ, зинда бод!» Вай чун аҳли қалам нафақат дӯстии халқҳо, хусусан, бародарии азалии тоҷикону ӯзбеконро суруд ва сутуд, балки амалан намояндагони ин ду халқро ба хонааш даъват кард, ба гирди дастархони худ нишонд, ба дӯст ва бародаршавии Эркин Воҳидову Лоиқ, Абдулло Орифову Саидалӣ Маъмур сабаб гашт.
Чанд сол пеш бо шоири ӯзбек Абдулло Орифов (равонаш шод бод) ҳамсуҳбат будем. Ба ҳасрат гуфт: «Ду нафар дӯсти ҷонӣ доштам аз тоҷикон – Шералӣ (Лоиқ гуфтан мехост) ва Ҷонибек, ки ҳамсол будем. Афсӯс, ҳарду даргузаштанд».
Устод Ҷонибек даргузашта бошад ҳам, қадами ёру дӯст аз манзилаш канда нашуд. Ҳамсараш Кимёхонум ва фарзандонаш чароғи ӯро фурӯзон доштанд. Чун ҳамеша дари хонадон кушода монд барои меҳмонони дуру наздик. Шеърхонӣ, баёдориҳо идома кард, то рӯҳи бузургвор шод монад. Дар яке аз чорабиниҳои ёдбуд шоир Ҷумъаниёз Ҷабборов ҳаяҷономез даҳон кушод, ки Ҷонибек «рамзи нишоту хурсандӣ» низ ба назар мерасид, дасту дилу чеҳраи кушод дошт.
Имрӯз ҳамсари садоқатманди Ҷонибек – Кимёхонум ва шоир Ҷумъаниёз Ҷабборов, ки зикр карда гузаштем, низ дар байни мо не...
Вақте дар Порашт будем, моро аввал ба мактабе, ки номи устодро дошт, бурданд. Сонӣ ба қабристон. Марқади Ҷонибек дар ҳамсоягӣ бо қабрҳои модар ва бародараш ҷой гирифта буд.
Бародари азизаш ба 50 расида-нарасида дунёи фониро тарк ва дили шоирро реш сохта буд. Саҳл пештар – модари азизаш. Воқеан, шоир ҳар вақте ба зодгоҳ мерафт, дарҳол роҳи қабристонро пеш мегирифт, сар ба хоктеппае мезад, ки таҳи он шахси барояш азизтарин ба хоби абад рафтааст. Оби дидаи ӯ мегуфт:
Модар сари қабрат омадам боз,
Бо меҳру муҳаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам,
Гул чинаму рӯи қабр монам.
Гулҳое, ки ба сари қабри шоири зиндаёд гузоштаанд, ҳамеша тар ва тоза.
М. ШОДИЕВ.