БО МОШИНИ ДАРЗДӮЗӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Дар кишвар бобати омӯхтан ва ҳал кардани мушкилоти занону духтарон, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо, таъмини шуғли бонувон чорабиниҳои мақсаднок амалӣ мегарданд.

Дар кишвар бобати омӯхтан ва ҳал кардани мушкилоти занону духтарон, дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо, таъмини шуғли бонувон чорабиниҳои мақсаднок амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, аз тарафи гурӯҳи кории махсуси ҷумҳурӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд, бо кори доимӣ фаро гирифтани духтарон, ҳалли муаммоҳои мавҷудаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. 
Аъзои гурӯҳи корӣ хона - ба хона гашта, вазъи 5305 оилаи камбизоат, ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ ва ноороми 1096 маҳалларо омӯхтанд. Дар рафти омӯзиш 6478 эҳтиёҷманд аниқ гардид. 39 фоизи муроҷиатҳо оиди таъмин бо хонаву ҷой ва таъмир кардани манзили истиқоматӣ, 4,5 фоиз доир ба беҳсозии саломатӣ, 37 фоиз оиди ёрии моддӣ, 8 фоиз доир ба таъмини шуғл ва дигар масъалаҳо вобаста буданд.
Бо мақсади таъмини шуғл ба 3 нафар зан бо маблағи 15 миллион сӯм гармхонаҳо бунёд, ба 12 нафар бонувони оилаҳои ниёзманд бо маблағи 71 миллион сӯм чорвои калони шохдор супорида шуд ва шуғли онҳо таъмин гардид. Ғайр аз ин, ба 1 нафар барои кушодани сартарошхона, ба 2 нафар барои хариди таҷҳизоти пазандагӣ ёрии амалӣ расониданд ва бо мақсади беҳсозии шароити рӯзгори як гурӯҳ бонувон ба 22 нафар мошини ҷомашӯӣ, ба 41 нафар плитаи газ, ба 30 нафар баллони газ, ба 4 нафар телевизор ва ба 4 нафар яхдон тақдим гардид.
Инчунин, дар асоси рӯихатҳое, ки доир ба пешниҳоди хизмати тиббӣ ва ёрии моддӣ тақдим гардидааст, ба 136 нафар занон карточкаи пластикӣ кушода, 314,3 миллион сӯм маблағ гузаронида мешавад.
Бо мақсади бунёди хонаву ҷойи нав барои шаҳри Самарқанд 574,3 млн. сӯм ва барои ноҳияи Каттақӯрғон 514,6 млн. сӯм ҷудо карда шуд.
Бино ба ҳолати имрӯза аз 9 млрд. маблағи молиягузоришуда ёрии моддии 4,4 миллиард сӯмина амалӣ гардид. Ба маблағи боқимонда, ки 4,6 млрд сӯм мебошад, боз корҳо иҷро мегарданд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи барномаи иҷрои корҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят татбиқи лоиҳаҳои бузург ба назар гирифта нашудааст. Барои созмони ҷойҳои нави корӣ аз рӯйи 24 самт таклифҳо қабул карда шуд ва нақшаҳои тиҷоратӣ таҳия гардид.
Бояд гуфт, ки барои ташкили ҷойи кории доимӣ барои занону духтарон нақшаи тиҷоратӣ ба гурӯҳи корӣ пешкаш карда мешавад. Ба соҳиби лоиҳаи нақшаи тиҷоратие, ки гурӯҳи корӣ маъқул медонанд, дар асоси тартиби муқаррарӣ аз тарафи Иттиҳоди ташкилотҳои иттифоқи касабаи вилоят маблағ ҷудо карда мешавад.
Бо супориши сарвари мамлакат таҳти ташаббуси раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон «Телефони боварӣ»-и гурӯҳи кории ҷумҳурӣ доир ба омӯхтан ва ҳал кардани муаммоҳои занону духтарон, татбиқи чорабиниҳо бобати дастгирии моддиву маънавии онҳо бо рақами кӯтоҳи 1211 ташкил карда шудааст.
Инак, беш аз се моҳ аст, ки «Телефони боварӣ» амал мекунад ва дар ин муддат беш аз ҳазор муроҷиат ба рӯихат гирифта шуд.
Бо мақсади сари вақт ҳал кардани ҳар муроҷиати шаҳрвандон дар ҳокимияти вилоят штаб ташкил карда шудааст. То ҳол ҳар як муроҷиат ва муаммои занону духтарон аз рӯйи дахлдорӣ якҷоя бо мутасаддиён ҳал карда мешавад. Дар байни муроҷиатҳо, мушкилиҳое низ ҳастанд, ки барои ҳалли онҳо вақт лозим аст. Чунин ҳолатҳо зери назорат гирифта мешаванд. Ба шаҳрвандоне, ки ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз доранд, аз тарафи мутахассисон ёрии амалӣ расонида мешавад.
Масалан, сокини маҳаллаи Ҷартеппаи ноҳияи Ургут Мунаввара Рауфова ба «Телефони боварӣ» занг зада, муроҷиат кард, ки боми хонааш лойпӯш аст ва ҳангоми боришот аз шифти он об мечакад. Шаҳрванд барои харидани шифер ёрии амалӣ пурсид. Вазъи рӯзгори муроҷиаткунандаро омӯхта, тамоми масолеҳи зарурӣ, инчунин, ду дар ва ду тиреза расонида шуд.
Сокини маҳаллаи Буюк Тӯрони ноҳияи Пастдарғам Анора Рӯзимуродова низ ба мо муроҷиат карда, аз ногувории рӯзгори худ шикоят кард. Ҳангоми омӯзиш аён гардид, ки ин зан ду нафар фарзанди ноболиғи худро танҳо нигоҳубин мекунад. Хонаи истиқоматии вай аз ду ҳуҷра иборат буда, ба таъмир ниёз дорад. Бинобар ин, маблағи зарурӣ ҷудо гардида, ҳоло дар хонаи ӯ таъмирсозӣ давом дорад.
Ҳангоми таҳлили муроҷиатҳо ба чунин хулоса меоем, ки дар ҷойҳо ба муроҷиаткунандагон ба таври гуногун муносибат менамоянд. Яъне тафовутҳо назаррасанд. Баъзе роҳбарон бо дарди халқ кор доранд. Аммо дар баъзе ҳудудҳо лоқайдии мутасаддиён  мушоҳида мешавад.

Суҳроб РАФИҚОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: