16 марти соли равон муовини вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулнора Раҳимова бо намояндагони ҳайат таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода мулоқот доир намуд.
Дар он намояндаи Кумитаи иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Ғиёзода, сардори Хидмати назорати давлатии энергетикӣ Ғолиб Убайдуллозода, роҳбари Сектори раёсати ислоҳоти стратегии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ғаниев, мутахассисони калони соҳаи энергетикаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ирина Войтехович ва Мануэл Санчес, инчунин дигар намояндагони масъул иштирок карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳое, ки дар кишварамон дар самти шарикии давлатию хусусӣ, аз ҷумла, дар соҳаи сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, иншооти энергетикӣ, таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи тандурустӣ, инчунин параметрҳои техникӣ, марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва шаффофият дар соҳаи ҳамкориҳои шарикии давлативу хусусӣ татбиқ мегарданд, мубодилаи афкор намуданд.
Меҳмонон бо таҷрибаи Ӯзбекистон бобати лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ оид ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, ташаккули заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва маблағгузории ин соҳа, пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ дар лоиҳаҳо амалӣ мегарданд, шинос шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти шарикии давлатию хусусӣ ривоҷ диҳанд ва табодули афкорро дар ин самт густариш диҳанд.