БО НАЗАРДОШТИ БОРИ МАСЪУЛИЯТ

Бешубҳа, нақши депутатҳо, ки намояндаи халқанд, дар ҷараёни ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистони нав ба амал татбиқ мегарданд, бобати афзудани фаровонии аҳолӣ, розӣ кардани одамон аз ҳаёт, аз ҳама асосиаш, таҳким бахшидани боварии онҳо ба оянда, басе муҳим аст.

Бешубҳа, нақши депутатҳо, ки намояндаи халқанд, дар ҷараёни ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистони нав ба амал татбиқ мегарданд, бобати афзудани фаровонии аҳолӣ, розӣ кардани одамон аз ҳаёт, аз ҳама асосиаш, таҳким бахшидани боварии онҳо ба оянда, басе муҳим аст.
Дар давраи тарғибот, ки зинаи асосии интихоботи дар 24 октябр баргузоршавандаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад, ба зиммаи депутатҳо масъулияти алоҳида гузошта мешавад.
Имрӯз одамон ба  ҳодисаҳое, ки дар гирду пешашон рух медиҳанд, бефарқ нестанд. Муносибати худро ба ҳар як қонуну фармон, қарор ва барномаи давлатӣ ошкоро баён намуда, пешниҳоду ташаббусҳояшонро ба миён мегузоранд. Зеро дар солҳои баъдӣ барои қабули қарор оиди ягон соҳа, қабл аз ҳама, ба ҳисоб гирифтани пешниҳодоти шаҳрвандон одат шуд.  Яъне дар ҷараёни ислоҳот барои на нозир, балки иштирокдор гардидани аҳолӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
Албатта, ин гуна дигаргуниҳо, хоссатан, ба зиммаи депутатҳо масъулияти калон мегузорад. Бо назардошти ин, ваколатҳои онҳо васеъ карда мешавад, асноди меъёрию ҳуқуқӣ дар ин бахш зина ба зина такмил меёбад.
Аз ҳама муҳимаш, депутат мушкили одамонро мушкили худ ҳисобид. Ин дар навбати худ бовариро ба аҳзоби сиёсӣ таҳким мебахшад. 
Депутатҳои аз ҳизби «Миллий тикланиш» интихобшуда низ аз шароиту имкониятҳое, ки барои аҳзоби сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд, пурсамар истифода бурда, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Алишер Қодировро ба таври густарда тарғиб менамоянд.
Зеро иштироки фаъол дар интихоботи Президент ба фаровонии аҳолӣ ва рушди кишвар иртибот дорад.
Аз ҷониби фраксияи дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис будаамон тибқи ташаббуси қонунгузорӣ ба палатаи поёнӣ якчанд лоиҳаи қонун ворид карда шуданд. 
Лоиҳаҳои қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ дар бораи интихобот», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи об ва истифода бурдан аз об», инчунин «Дар бораи карантини растаниҳо» аз ҷумлаи онҳост.
Инчунин аз ҷониби депутатҳоямон ба як қатор лоиҳаҳои қонун пешниҳодҳо дода шуданд. Пешниҳодҳои ба лоиҳаҳои қонун «Дар бораи реклама», «Дар бораи таълим», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи осорхонаҳо», «Дар бораи фаъолияти суғурта» инчунин «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани маъмурчигии андоз» бо халқӣ буданашон ва ба назар гирифтани манфиатҳои умумимиллӣ сазовори эътиборанд.
Аз оғози маъракаи интихоботи президентӣ ба фаъолияти депутатҳои дар шӯроҳои маҳаллӣ будаамон эътибори асосӣ дода шуд. Аз ҷониби 1257 нафар депутати аз ҷониби ҳизб ба шӯроҳои маҳаллӣ интихобшуда ба комиссияҳои доимии депутатҳои халқӣ бо назардошти мақсаду вазифаҳои ҳизб ба ворид намудани масъалаву пешниҳодҳо, инчунин шунидани иттилоот ва ҳисоботи шахсони мансабдор эътибор нигаронда шуд.
Чунин саъю ҳаракатҳои пайгирона, дар баробари боварии аҳолиро ба ҳизби мо таҳким бахшидан, ба чорабинии муҳими пешистода — фаъолнокии аъзои ҳизб дар интихоботи Президент таъсири мусбат мерасонанд.
Аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони сектор ва созмонҳои дахлдор ба мақсади омӯхтани ҳолати корҳое, ки хоссатан, доир ба муайян намудани мушкилоти ҷавонон, ҳаллу фасли онҳо анҷом дода мешаванд, дар маҳалҳо аз ҳисоби ходимони ҳизб гурӯҳҳои корӣ ташкил дода шуданд ва онҳо дар ҷамоати шаҳрвандони маҳалла  тибқи низоми маҳаллабаъй омӯзишҳо роҳандозӣ намуданд.
Дар ин маврид таҳлили  пурсишномаи аз ҷониби депутатҳоямон ба созмонҳои дахлдор ва мутасаддиён интиқолдода низ ба омода кардани барномаи номзад аз ҳизбамон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун манбаи муҳим хидмат кард.
Дар ҳоли ҳозир ҳизби мо дар интихоботи Президент фаъол иштирок менамояд, бо назардошти хатоҳои пеш содирнамуда, бо таҳлили ҷиддӣ номзад ва барномаи ӯро тарғиб менамояд. 
Бояд таъкид кард, ки дар барнома эътибори асосӣ, бино ба мақсаду вазифаҳои ҳизб, ба масъалаҳои таълиму тарбия, яъне ба ғояи одамон тағйир наёбанд, ҷамъият тағйир намеёбад, нигаронида шудааст.
Дар вохӯриҳои номзад дар маҳалҳо низ бо назардошти ин ғоя ташаббусу пешниҳодҳо ба миён гузошта мешаванд.
Дар барнома, ҳамчунин, чанд вазифаи устуворе низ, ки ба сохтори идоракунии давлат иртибот доранд, пеш гузошта шудааст.
Рушди низоми таълим, дар интихобот тавассути офаридани асосҳои ҳуқуқӣ барои истифода аз сохтори маҷоритар ва пропортсионал пурзӯр намудани нақши аҳзоби сиёсӣ дар парлумон, ҳамчунин, дар парлумон фароҳам овардани шарот ба мақсади он, ки на депутат, балки аҳзоби сиёсӣ нуфуз пайдо кунанд, аз ҷумлаи чунин пешниҳодҳоянд. 
Дар вохӯриҳое, ки дар маҳалҳо баргузор мешаванд, бо назардошти чунин пешниҳоду ташаббусҳо мақсаду вазифаҳо ба таври густарда фаҳмонда мешаванд.
Зеро ислоҳот, агар дар поён натиҷаи матлуб диҳанд, ҳаётамон фаровон мегардад, мушкилоти зиндагӣ роҳи ҳалли худро меёбанд.

Улуғбек САФАРОВ,
сардори шуъбаи Шӯрои марказии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: