БО САРМОЯИ ЭРОН

Чанд сол боз робитаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Эрон ва Ӯзбекистон идома дорад.

 Имрӯзҳо дар вилояти Намангон низ ҳамкориҳо бо сармоядорони Эрон хуб ба роҳ монда шуда, якчанд корхонаи муштарак фаъолият мебарад.
Соҳибкорони вилоят вақти истеҳсоли маҳсулот бештар аз дастгоҳҳои Эрон истифода мебаранд.
Ба қарибӣ ҷонишини аввали ҳокими вилояти Намангон Айюбхон Камолов бо роҳбари ширкати «Алифард»-и Эрон Фардин Ализод вохӯрӣ баргузор намуд.
Вакилони ширкати «Алифард» бо имкониятҳои меваҷоти вилоят шинос шуданд. Онҳо барои азнавкоркард ва қадоқкунии зардолу, шафтолу, себ, гелос барин меваҷоти хуштаъм ва аълосифат  сохтани заводи навро ба нақша гирифтанд.
– Аз меваи гуногун шарбати қадоқкардаи ширкатамонро ба Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Чин, Австралия, Ҷопон, Қатар, Уммон ва Афғонистон содир мекунем. Мо кӯшиш менамоем меваҷоти вилояти Намангонро низ ба бозори ҷаҳон барорем, – гуфт роҳбари ширкати «Алифард» Фардин Ализод.
Бо ҳамин муносибат ҷонишини аввали ҳокими вилояти Намангон Айюбхон Камолов ва роҳбари ширкати «Алифард» Фардин Ализод ба шартномаи ҳамкорӣ имзо гузоштанд.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: