18-уми май, ки табиат бо ҳама мӯъҷизаофариҳояш ба фасли баҳор имкониятҳои бештар медод ва гулу гиёҳу настарин бо хуррамӣ ҷилва доштанду раъду тундар ба ин ҷилвагариҳо ҳасад мебурд, саҳни таълимгоҳи рақами 8-уми ноҳияи Сариосиё аз ҳамарӯза дида серодамтар буд.
Надорам орзуи умри ҷовид,
Ватан, бигзор, монад ҷовидона.
Ҳамехоҳам аз ӯ баъди сари ман,
Ватан монад, Ватан монад нишона.
ГУЛРУХСОР.
18-уми май, ки табиат бо ҳама мӯъҷизаофариҳояш ба фасли баҳор имкониятҳои бештар медод ва гулу гиёҳу настарин бо хуррамӣ ҷилва доштанду раъду тундар ба ин ҷилвагариҳо ҳасад мебурд, саҳни таълимгоҳи рақами 8-уми ноҳияи Сариосиё аз ҳамарӯза дида серодамтар буд. Хонандагони мактаб, падару модарон ва омӯзгорони ин даргоҳ интизори омадани меҳмонон буданд.
Хонандагони мактаб меҳмононро бо байти зерин хуш истиқбол намуданд:
Даст пеши бар гирифта мо
бигӯем, ассалом,
Нури дида тоҷи сар,
эй меҳмонон ассалом.
Аз истиқболи гарму ҷӯшон хотири меҳмонон шод ва табъашон болида шуд, гулу гулдастаҳои хушбӯй, ки хонандагон худ аз боғҳои маҳаллӣ маҳз барои меҳмонон чида буданд, ба Гулрухсор Сафиева писанд омад ва онҳоро бӯйида ба минбар баромад. Маҳфили адабие, ки ба муносибати ташрифи шоира, шаҳбонуи назми адабиёти муосири тоҷик, дорандаи якчанд ҷоизаҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла, ҷоизаи «Қанди порсӣ» Гулрухсор Сафиева ва адабиётшинос Анзурати Маликзод, ки аслан аз Сариосиё аст, доир гардид, бо суханони муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик Илҳом Хидиров ва мисраъҳои шеъри Гулрухсор ҳусни оғоз гирифт. Шоир зимни суханрониаш хушбаён қайд намуд, ки дар тӯли солҳои зиёде, ки бо Анзурат дӯстӣ дорад, орзуи дидани зодгоҳу дабистони таълимгирифтаи ӯро дошт.
Ӯ дар фароварди суханаш: «Ба ин таълимгоҳи шумо ман дасти холӣ наомадаам» гӯён китобҳои зиёдеро ҳамчун армуғон ба китобхонаи мактаб ҳадя кард.
Анзурати Маликзод – таҳқиқгар ва адабиётшинос, дар бораи роҳи тайнамудаи илмии худ ва мавқеи баланд доштани илму дониш сухан ба миён овард.
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, эҷодкор Нарзулло Муродуллоев ба шоир ва нависандаи хушзавқ Гулрухсор ва Анзурати Маликзод барои ташриф ба ин даргоҳ, ки садҳо донишмандонро парваридаасту Анзурат яке аз онҳост, изҳори хушнудӣ намуд.
Хонандагони мактаб аз эҷодиёти Гулрухсор шеърҳо қироат намуданд. Дар фароварди маҳфил роҳбари гурӯҳи ҳунарии «Гулшан» Ҳусин Шарифӣ бо суруде хотири ҳамаро шод гардонид.
Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилоят ва бахши тоҷикии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз низ тасмим гирифтанд, ки бо шоира вохӯрии хотирмон ва пурмазмун доир созанд. Меҳмонон қудуми мубораки хешро ба остонаи донишгоҳ гузоштанду ин маскани илмро боз ҳам пуранвортар намуданд. Устоди донишгоҳ ва мудири кафедра Рамазон Абдуллоев меҳмононро хайра мақдам гуфт. Гулрухсор суханони хешро бо шоҳбайти Ҳофизи бузург оғоз намуд:
Дилро ба дил раҳест дар ин
гунбади сипеҳр,
Аз рӯйи кина кинаву ба ҷои
меҳр меҳр.
– Аз сари нав боз шудани дарвозаҳои дӯстӣ ва меҳри гарму самимии шумоён моро ба ин ҷо овард, – гуфт бо самимияти ба худ хос Гулрухсор. – Баробари меҳру муҳаббат ва самимияти хеш, салому паёми халқи шарифи Тоҷикистонро бароятон овардам. Ба фикрам, эҷодкор ба ҷуз сухан ва китоб дастовези беҳтаре надорад. Аз ин рӯ, бисотамро таку рӯ намуда, китобҳое, ки тӯли солҳо дар ватану хориҷи кишвар ба чоп расонидаам «чун барги сабз – тӯшаи дарвеш» бароятон армуғон овардам, – гӯён китобҳои нодири хешро ба китобхонаи кафедра супорид.
– Ман ва бисёре аз мухлисонатон аз даврони мактабхонӣ, донишҷӯйӣ ва то имрӯз орзу мекардем, ки ба дидори Шумо, устоди азиз мушарраф гардем, – гуфт Рамазон Абдуллоев. – Мутаассифона, солиёни зиёд роҳҳо ва марзҳо басту буду мо ба орзуи худ намерасидем.
Чун навбати сухан ба Гулрухсор расид, аз шеърҳои ноби хеш қироат намуд.
Ӯ сухан мегуфту шеър мехонд ва мавҷи кафкӯбиҳо то дергоҳ идома меёфт. Анзурати Маликзод ва шоири ҷавон Иброҳим Дӯстализода ҳам дар ҳаққи шоира ҳарфҳои самимӣ гуфта, хидматҳои мондагори ин бонуи хушсурату хушсират ва шеърпардозро дар ҷодаи илму фарҳанги кишвару миллат ёдовар шуданд. Шоир ва мутарҷим Юсуф Вализодаи Дарбандӣ, устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва забонҳои Шарқ Илҳоми Насафӣ, шоир Саидаи Синавӣ, рӯзноманигор Сурайёи Норманӣ низ барои ташриф ба меҳмонон арзи сипос намуданд ва аз шеърҳо қироат карданд.
Бино ба нақшаи сафар меҳмонон роҳи ноҳияи Сариосиёро пеш гирифтанд...
Саҳни ҳавлии мактаби таълими умумии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё намуди идона дошт. Шогирдон бо сару либоси миллӣ ва дастагулҳои тару тоза саф кашида, интизори меҳмонони олиқадр буданд.
Пас аз истиқболу пазироӣ меҳмонон нахуст китобхонаи сариштаву озода ва дорои 2000 адад китобҳои бадеии маърифатгоҳро тамошо карданд. Мудири китобхона Рухшона Сафарбоева мужда дод, ки 350 нафар аъзои китобхона мунтазам аз дурдонаҳои беназири адабиёти форс-тоҷик ва дигар халқҳо бархурдор мегарданд.
Пас аз он дар мактаб бо иштироки меҳмонон маҳфили шеъру адаб оғоз гардид. Директори таълимгоҳ, шоир ва ровӣ Саодат Сангинова меҳмонони гиромиро ба ҷамъомадагон муаррифӣ намуд.
Гулрухсор Сафиева суханро бо чунин мисраъҳои пуртароват аз ашъори худ оғоз намуд:
Бо шеваи ошиқон сухан
мегӯям,
Бо лаҳҷаи орифон сухан
мегӯям...
Дар ҷараёни маҳфил Гулрухсор аз ашъори тозаи хеш намунаҳо қироат кард.
Ҳунарнамоии шогирдони мактаб, ки як барномаи хубу пурарзиш аз шеъру тарона ва рақсҳои ҷолиби тоҷикӣ омода намуда буданд, бешубҳа, мавриди писанди меҳмонон гардид.
Олим ПАНҶИЗОДА,
Илҳом ХИДИРОВ,
Солеҳ МУҲАММАДҶОН.
Вилояти Сурхондарё.