БО ШУМО ЗИНДААМ!

Ман як зани одии деҳа.

Дар зиндагии роҳҳояш пасту баланд диданиҳо бисёр дидам, неку бади ин дунёро шинохтам. Бихоҳам ҳамеша некӣ кунам, бадӣ аз дастам намеояд. Виҷдон низ роҳ намегузорад ба ин. Аз кӯдакӣ ҳамин тавр тарбия ёфтаам. Гапи дурӯғ занам ё касеро фиребидан хоҳам, зуд ошкор мешавад.
Зиндагӣ аҷиб будааст. Мехоҳӣ ба касе ҳам, ки аз пайи озори туст, некӣ кунӣ. Дигаронро низ талқин созӣ, ки агар ба бадӣ бо бадӣ не, бо некӣ ҷавоб диҳӣ, марра аз туст. Ин, айни замон, зарбае сахтест ба он ки ба ту бадӣ кардааст. Азоби виҷдон – азоби сахт!
Дар давоми умр чӣ қадар озорҳо кашидам, вале нахостам нафареро ба ин озор шарик кунам. Худам афтидам, худам хестам, ба касе вазниниам наафтод.
Аз модар ҷудо шудам. Осмон ба болои сарам чаппа гашт. Осон буд?.. Вале бардошт кардам. Шукри падар намудам, ки муттакои мананд. Муттакои рӯзгори мананд. 
Боз шукри зиёд ба он, ки рафиқи ҳаётиам дар паҳлуям. Фарзандҳо ато кардааст  Худои меҳрубон. Ба коре, ки писанди дили ман аст, машғулам. Ҳамкорон – додару хоҳаракони ҷониам. Коргоҳ – хонаи дувумам, ки нисфи умри азизам дар он мегузарад. Босамар мегузарад.  Дугонаҳо дорам мисли пайванди ҷон. Устодҳо дорам чун падар ғамхор, ки ҳамеша роҳи дуруст нишон медиҳанд. Ҳар маслиҳати эшон бароям сабақи зиндагист. Онҳо ҳастанд, ки беҳарос пеш меравам, раҳораҳ норасоиҳо ислоҳ сохта, мекӯшам он хатоҳо такрор нанамоям.
Аз он ки бисёр ниятҳоям ба амал баромаданд, худро хушбахт меҳисобам, вале орзуҳои ман ҳамон «осмони баланд», ҳамеша бар баландиҳо майл мекунам, аз одамони паст то имкон ҳаст мегурезам, бо майдагапҳо намесозам. Навъе зикр намудам, ман як зани одии деҳаи дурдаст, вале чун нафаре садои қалби ман шунид, яъне шеър ё ҳикоячааамро хонд ва гуфт «писанданд», дар худ вусъат ва азамате ҳис мекунам мисле як шаҳри азим. Бо шумову меҳри шумо низ зиндаам, хонандагони ман. Зинда бошед.

Мавлуда РӮЗИЕВА,
деҳаи Хонақоҳи 
ноҳияи Иштихон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: