БО СУРЪАТИ БАЛАНД

Аз рӯйи иҷрои Барномаи давлатии «Обод қишлоқ» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Яккатоми ноҳияамон низ корҳои сохтмону таъмир ва бунёдкориҳову ободониҳо бо суръати баланд давом мекунанд.

Аз рӯйи иҷрои Барномаи давлатии «Обод қишлоқ» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Яккатоми ноҳияамон низ корҳои сохтмону таъмир ва бунёдкориҳову ободониҳо бо суръати баланд давом мекунанд.
Бинои нави ҷамоати шаҳрвандони маҳалла аз рӯи шарикии хусусию давлати қад рост мекунад. Дар сохтмони бинои нави маҳалла, майдони футбол, ки барои футболбозон ҳамаи қулаиҳо фароҳам оварда мешавад, бинокорони гулдаст таҳти сарварии Нуриддин Меҳмонов бо ғайрати дучанд меҳнат мекунанд.
Ҳоло корҳои пардоздиҳию рангуборкуниро ба роҳ мемонем. Мақсадамон бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳалларо ва дигар корҳои сохтмону ободониро зудтар ба сомон расонда, ба 30-солагии истиқлолияти мамлакатамон онҳоро чун тӯҳфаи идона супурдан аст, мегӯяд сардор Нуриддин Меҳмонов.
Дар кӯчаҳои Қазоқтӯпӣ, Мустақиллик ва Ахсии маҳалла таъминоти қувваи барқ мувофиқи талаб набуд. Барои беҳтар гардонидани таъминоти барқи кӯчаҳои номбурда 218 миллион сӯм ҷудо карда шудааст. Аз тарафи кормандони корхонаи таъминоти барқи ноҳия қисми асосии корҳо ба иҷро мерасанд.
– Алҳол  51-то симчӯбҳои нави симинтӣ гузошта шудааст, – гуфт устоди барқи шӯъбаи модернизатсияи корхонаи таъминоти барқи ноҳия Ҷалолиддин Усмонов. – Дар кӯчаи Ҷомеъи маҳалла трансформатори нав гузошта шуд. Инчунин, барои чароғҳои шабонаи кӯчаҳо маблағ ҷудо карда шудааст.
Мактаби таълими ҳамагонии рақами 29-уми ноҳия, ки дар ҳудуди  маҳалла воқеъ аст, таъмирталаб буд. Барои таъмири мукаммали он қариб 3 миллиард сӯм роҳандозӣ карда шудааст.
Таълимгоҳе, ки 745 нафар хонандагон таълим ва тарбия мегиранд, бинобар таъмиру тармим ҳусни дучанд пайдо мекунад. Аз ин хурсандии падару модарон, омӯзгорону мураббиён ва хонандагони мактаб ҳадду канор надорад.

Зоҳидахон КЕНҶАЕВА,
роҳбари хидмати ахбори ҳокимияти ноҳияи
Тӯрақӯрғони вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: