БО ТАҶРИБАИ ӮЗБЕКИСТОН ШИНОС МЕГАРДАНД

Ҳайате зери сарпарастии муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон Ғаффор аз мамлакатамон боздид ба амал меорад.

27 ноябр аъзои ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуданд. Муовини вазири адлия Маҳмуд Истамов ба меҳмонон дар бораи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ дар мамлакатамон маълумот дод. Дар навбати худ А.Холиқзода ба дигаргуниҳои мусбии соҳаи устувории қонун, идораҳои нотариус, мақомоти БДҲШ ва фаъолияти институтҳои адвокатура ва навгониҳои онҳо баҳои баланд дод.
Дар доираи мулоқот тақдимоти фаъолияти Вазорати адлия, вазифаҳои он, корҳое, ки дар самти соҳаи нотариус, хидматрасонии давлатӣ ба шаҳрвандон, баланд бардоштани хабардории ҳуқуқии аҳолӣ бурда мешавад, баргузор гардид. Инчунин ҷонибҳо истиқболи ҳамкориро дар соҳаи адлия баррасӣ намуданд.
– Ӯзбекистон дар ҷанбаи адлия соҳиби таҷрибаи калон мебошад, – гуфт роҳбари садорати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ҳакимов. – Зимни ташриф мо мақсад дорем, ки бо ин таҷриба шинос гардем. Дар мулоқоти имрӯза бо он ки дар мамлакататон дар бобати баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ дар низоми Вазорати адлия, хидматрасонии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон чандин навгонӣ ҷорӣ гаштааст, ки бо онҳо шинос гардидем. Боз як нуктаи дигарро таъкид кардан мехоҳам, ки соли ҷорӣ дар байни вазоратҳои адлияи мамлакатҳоямон дар бораи ҳамкорӣ аҳду паймон ба имзо расидааст. Табодули таҷрибаи имрӯза идомаи мантиқии ҳамин ҳамкорӣ мегардад. Мо ҳамкорони ӯзбекистонии худро ба Тоҷикистон даъват менамоем.
Аъзои ҳайат дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд дар семинаре иштирок намуданд, ки ба ислоҳоти низоми Вазорати адлия бахшида шуда буд.
Боздиди ҳайати намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакатамон давом мекунад. Онҳо дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд бо марказҳои хидмати давлатӣ, идораҳои нотариус ва фаъолияти қабулхонаҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шинос хоҳанд гардид.

Малоҳат ҲУСАНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: