Яке аз афзалиятҳои асосии дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон татбиқ сохтани барномаи ислоҳот оид ба бозсозӣ ва ташаккул додани давлати ҳуқуқбунёд мунтазам демократикунонӣ ва озодкунии низоми суду хуқуқ ҳамчун шохаи муҳимтарини ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад, ки волоияти қонун ва қонунмандӣ, ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва манфиатҳои инсонро таъмин менамояд.
Ислоҳсозии соҳаи суду ҳуқуқ натиҷаи татбиқ сохтани барномаҳои ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ гардиданд, ки дастурҳои асосии он аз ҷониби Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд.
Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар режими мониторинг ҳар рӯз бобати омӯзиши фикру ақидаи шаҳрвандон дар бораи ислоҳоти суду ҳуқуқ, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, ҳамчунин дар бораи ҳифзи қонунӣ ва саводи ҳуқуқии аҳолӣ гузаронида мешаванд. Дар пурсиши навбатӣ мардон ва занони 18-сола ва аз он боло, сокинони шаҳру деҳот, намояндагони табақаҳои мухталифи ҷамъият, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат зисту зиндагӣ мекунанд, иштирок карданд.
Тавре ки натиҷаҳо собит намуданд, сокинони Ӯзбекистон ба он эътимод доранд, ки чораҳои таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бинобар ислоҳсозии соҳаи суду ҳуқуқ татбиқшудаистода, ба афзудани эътимоди аҳолӣ ба низоми идораи давлатӣ, таҳкими раванди волоияти қонун ҳамчун кафили асосии ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
95,7 фоизи пурсидашудагон зикр намуданд, ки аҳолӣ ҳифзи қонунии худро аз вайронкунии эҳтимолӣ ва зери по шудани озодиву манфиатҳои қонунии шаҳрвандон эҳсос менамояд, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии конститутсионӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
Мувофиқи натиҷаҳои пурсиш шаҳрвандон муътақиданд, ки дар мавриди вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон метавонанд онҳоро бо тартиби қонунӣ аз нав барқарор намоянд. Ҳар чаҳорумин пурсидашуда инро таъкид кардааст. Нишондиҳандаи мазкур дар давраи солҳои 2017-2019-ум 8,9 фоиз афзуд.
Мониторинги пурсишҳои афкори ҷамъиятӣ нақши қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ошкор кард. Тавре ки пурсидашудагон посух доданд, ин идораи иҷтимоиву ҳуқуқӣ дар байни ӯзбекистониён нуфузи зарурӣ дорад, пурсидашудагон таъкид менамоянд, ки қабулгоҳҳои халқии дар тамоми минтақаҳои мамлакат таъсис ёфта, дар ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ кӯмак ва имдоди назаррас мерасонанд.
Дар ҷараёни тадқиқот ошкор гардид, ки аҳолии мамлакат аҳамият ва моҳияти ислоҳоти низоми суду ҳуқуқро, ки сарвари давлат татбиқ менамояд, дарк мекунанд: ӯзбекистониён дар соҳаи мазкури мамлакат таъмин гардидани волоияти қонун ва ҳуқуқу тартибот, баланд бардоштани самаранокии низоми аксуламал ба ҷинояткорӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниро мақсади асосии тағйирот меҳисобанд. Пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки мақсади ислоҳоти соҳаи суду ҳуқуқ ин самарабахш таъмин сохтани ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, такмил додани қонунгузории дарамал ба шумор меравад.
30,3 фоизи иштирокдорони пурсиш муҳимияти ислоҳоти соҳаи мазкурро барои муваффақ шудан ба маданияти баланди ҳуқуқӣ ва саводи ҳуқуқии аҳолӣ таъкид карданд.
29,8 фоизи пурсидашудагон посух доданд, ки зарурияти татбиқ намудани ислоҳот дар низоми суду ҳуқуқ асоси бунёди ҷомеаи муқтадири шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёди демократӣ маҳсуб меёбад. Беш аз чаҳоряки иштирокдорони пурсиш бар онанд, ки ин барои пешгирӣ кардани ҷиноятҳое, ки бо тамаъгарӣ, порахурӣ ва ришватситонӣ алоқаманд мебошад, кӯмак мерасонад.
Дар ҷараёни пурсиш 64,7 фоизи пурсидашудагон қайд карданд, ки дар доираи ислоҳоти суду ҳуқуқ қонунгузории мавҷуда мувофиқи талаботи замон ва меъёрҳои байналхалқӣ такмил меёбад. Бино бар фикру ақидаи 53,3 фоизи шаҳрвандон кор бобати профилактика ва пешгирии ҷиноятҳо, таъмин сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таҳкими эҳсоси эҳтироми шаҳрвандон ба қонун такмил меёбанд. Иштирокдорони пурсиш бовар доранд, ки ислоҳоти соҳаи суду ҳуқуқ ба беҳтар шудани фаъолияти созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташаккулёбии маданияти ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат ҳоҳад кард.
58,7 фоизи иштирокдорони пурсиш дар бораи зарурияти бо назардошти таклифи аҳолӣ кор карда баромадан ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави назорат дар соҳаи суду ҳуқуқ ба мақсади мубориза бо тамаъгарӣ ва аз вазифа суиистифода кардани баъзе шахсони мансабдор изҳори ақида намуданд. 33,5 фоизи пурсидашудагон таъкид карданд, ки бюрократизм ва дар ҷойҳо иҷро нашудани ҳуҷҷатҳои қабулшудаи меъёриву ҳуқуқӣ барои дар соҳаи суду ҳуқуқ ба бомуваффақият татбиқ гардидани ислоҳот монеа мешаванд. Ҷараёни ислоҳотро, бинобар ақидаи иштирокдорони пурсиш, нуқтаи назари афкори кӯҳна, лоқайдии баъзе шаҳрвандон, ки тағйирот ва навгониҳои ҳаёти ҷамъият ва давлатро на ҳамеша дуруст қабул мекунанд, бе ташаббусӣ ва дараҷаи нокифояи маданияти ҳуқуқиву саводи ҳуқуқии баъзе шаҳрвандон бозмедоранд.
Умуман пурсиши афкори умум нишон дод, ки аксарияти ӯзбекистониён аз моҳияти ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ хабардоранд. Бинобар фикру ақидаи шаҳрвандон ислоҳоти суду ҳуқуқ, ки дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 татбиқ мегарданд, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи муқтадири шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд, ки адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва таҳкими ҳуқуқи инсон асоси он ба шумор меравад.
Таҳияи
О. ХАРЧЕНКО,
хабарнигори ӮзА бинобар маводи Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр».