Дар мамлакатамон баробари дигар намудҳои варзиш ба бадминтон низ эътибори калон дода мешавад.
Дар мамлакатамон баробари дигар намудҳои варзиш ба бадминтон низ эътибори калон дода мешавад. Дар варзишгоҳи марказии «Бадминтон»-и ноҳияи Яккасаройи пойтахт аз ҷониби Иттиҳоди эҷодии журналистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиш бо мақсади ҷалби кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ба тарзи ҳаёти солим ва фаъолияти ҷисмонӣ таҳти шиори «Варзиш барои соли нав» мусобиқа баргузор гардид.
Дар он беш аз 100 нафар бадминтонбозони журналист қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа зина ба зина қариб чор соат идома ёфт. Ниҳоят, ғолибони мусобиқа аниқ гардиданд.
Дар маросими тақдирнамоии ғолибон раиси Иттиҳоди эҷодии журналистон О. Ӯсаров таъкид кард, ки бояд ин намуди варзишро дар мамлакатамон оммавӣ кунонем, ки ба тандурустии ҳар як инсон мусоидат менамояд. Ӯ доир ба пайдоиши бозӣ, муваффақиятҳои бадминтонбозони мамлакатамон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, нақши бадминтон дар ривоҷи салоҳияти интеллектуалии ҷавонон ҳарф зад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».