БО ҲАМ БЕҲТАР БОШАД

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳоло чанд соли охир сиёсати шаффоф ва некҳамсоягӣ афзалият пайдо мекунад.

 Ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки дар минтақа ва вобаста ба ин ҳавза тамоми масъалаҳо ҳал гардида бошад. Аз ин боис дар ин замина радду бадал намудани коршиносон беҳтарин калид барои ҳаллу фасли муаммоҳои ғуншудаи даҳсолаҳои охир аст.
Анҷумани байналхалқии «Ҳамбастагӣ дар Осиёи Марказӣ: ситезаҳо ва имконоти нав», ки дар Тошканд 19-20 феврал баргузор шуд, маҳз дар паи ҳамин мақсад даъват шуда буд.
Аз сарсухани вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба ин ҳамоиш маълум буд, ки ҳоло на фақат ҷумҳурии мо, балки давлатҳои тамоми минтақа дар шароити нави сиёсӣ ва фазои шаффофи ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд. Аз ин рӯ гирудори мутахассисони гузоришдиҳанда ҳам бояд ба ҳамин фазо ва ситезаҳои мавҷудаи имрӯз муносиб ва ҷавобгӯ бошад. Бо ин мақсад на фақат фикри коршиносони минтақа, балки мутахассисони берун аз ин ҳавза низ барои ҳалли масъалаҳои гиреҳхӯрда муҳим буд. Ва даъват гардидани қариб сад нафар эксперт ва дастандаркорони мавзӯъҳои мадди назар аз хоҳиши ҷиддӣ ва қатъии ҷониби Ӯзбекистон ва мақомоти расмии он далолат менамояд.
Ҳоҷат ба далели зиёд нест, ки имрӯз ҷамъият ва давлатҳои ҳавза аз ҳамбастагӣ ва ҳамкориву рафтуо фақат нафъ мебинанд. Гузашта аз ин бидуни ҳамдигар, бе иштироки ягон ҷониби дигар ба охири ягон масъала расидан амри муҳол мебошад.
– Ҳоло дар минтақа рӯзе то сад ҳазор нафар ба ҷумҳурии ҳамдигар равуо мекунанд, – мегӯяд муовини аввали раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев. – Дар ин анҷуман номи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беҳуда нест, ки дар сархати барнома ҷой дода шудааст, чунки ин ҳамсояи ҷанубии минтақаи мо бароямон хеле муҳим аст ва ин бо ҳадафи роҳбарияти Ӯзбекистон дар бобати ба ҷараёнҳои Осиёи Марказӣ ҷиддан ҷалб намудани Афғонистон ҳамоҳанг аст.
Бо вуҷуди ҷангзадагӣ ва нооромӣ дар ин кишвари ҳамсоя барои аз даст нарафтани фурсат Кобул ба аксарияти ҳамоишҳои минтақа вақтҳои охир ҷалб карда мешавад. Дуруст аст, чунки вақте фурсати муносиб дар баробари фаро расидани фазои созгор мерасад, аллакай бисёр лоиҳаҳо рӯйи Афғонистон ба татбиқ омода мегарданд.
– Ҳоло Ӯзбекистон барои Афғонистон дар бобати ҳаҷми табодули мол дар ҷойи дуюм аст, – мегӯяд муовини вазири савдо ва саноати Афғонистон Комила Сиддиқӣ, – аз ин боис мо дар паи он ҳастем, ки ин муносибат бо ҷумҳуриҳои дигари ҳамсоя рӯ ба рушд дошта бошад.
Ҳоло мавзӯъҳои тиҷоративу бозаргонӣ ва нақлиёту коммуникатсия, бехатарии минтақа, ҳамкорӣ дар ҷиҳати обу экология ва энергетика, саёҳат ва маданияту инсонпарварӣ аз меҳвари кори анҷуман ҷой гирифтаанд.
Табиист, ки мисли рӯзгори муқаррарӣ дар фазои минтақа низ ҳар рӯз падидаи наве ба зиндагӣ ворид мегардад ва онро бе таъхир бояд ҳал кард. Азбаски дар рӯзгори мо чунин падидаҳои ҳалталаб даҳсолаҳо инҷониб ғун гардидааст, ҳаллаш низ ба соддагӣ даст намедиҳад. Ҳанӯз на ҳама гиреҳу уқдаву суитафоҳумҳо руй боз намудааст, чунки дар ин муддати кӯтоҳ ба чунин натиҷагирӣ умед кардан ҳам оқилона намебуд, зеро баъзе аз масъалаҳо хеле бурдборӣ ва таҳаммулу заҳмати зиёд тақозо дорад.
Фаразан, суханони директори Институти миллии тадқиқотҳои стратегии Қирғизистон Қувончибек Шодибеков, ки мегуфт, «Иншои китобҳои ягонаи марбути таърихи ҳавза, ки ба тарбияи мутаносиби насли нав мусоидат менамояд, на камтар аз рушди инфрасохтор ва иқтисодиёт аҳамиятнок аст», аз ин зумра аст.
Чунин ҳамоиш ва андозаи фарогири он маҳз аз хоҳиш ва иродаи қатъии роҳбарияти Ӯзбекистон дар роҳи ҳалли ҳамаи ин мавзӯъот далолат менамояд, пас тамоми онҳо ҳалпазиранд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: