БО ҲУҶҶАТ БОРИ ДИГАР БА РЕШАИ БЮРОКРАТИЯ ТЕША ЗАДА ШУД

23 март сарвари давлат ба фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба минбаъд фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми истифода аз хидматҳои давлатӣ, коҳиш додани монеаҳои бюрократӣ дар ин самт» имзо кард.

23 март сарвари давлат ба фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба минбаъд фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми истифода аз хидматҳои давлатӣ, коҳиш додани монеаҳои бюрократӣ дар ин самт» имзо кард.
Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки истилоҳи «коҳиш додани монеаҳои бюрократӣ» дар фармон беҳуда истифода нашудааст. Ин санад баробари фароҳам овардани шароити мусоидтар барои истифодаи хадамоти давлатӣ бори дигар ба решаи бюрократия, ки то ҳол тамоми мушкилотро ба бор овардааст, теша мезанад.
Солҳои охир баъзе намудҳои иҷозатнома ва литсензия бекор карда шуданд. Муҳлати гузаштан аз тартибу таомули маъмурӣ хеле кам карда шуд. 28 намуди ҳуҷҷатҳои аз ҷониби маҳаллаҳо додамешуда бекор карда шуданд. Амалияи аз ҷониби мақомоти давлатӣ талаб кардани ин ҳуҷҷатҳо барҳам дода шуд. Пештар, шаҳрвандон ин маълумотномаҳоро ҳангоми пешниҳоди 69 намуди хидмат пешниҳод мекарданд. Танҳо дар соли 2019 зиёда аз 40 миллион чунин маълумотномаҳо дода шуда бошанд, дар соли 2020 ин тахлит пеши роҳи коғазбозиро пурра гирифт. Дар айни замон, 11 мақомоти коллегиалии байниидоравӣ, ки аҳамияти амалӣ надоранд, барҳам дода шуданд. Шумораи хидматҳое, ки тавассути марказҳои хидматрасонии аҳолӣ расонида мешаванд, имсол 20 адад афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 150 ададро ташкил дод. Дар соли 2017 танҳо ба соҳибкорон беш аз 170 000 хидмат расонида шуда бошад, дар соли 2020 аз ҷониби 204 маркази хидматрасонии давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ беш аз 8 миллион хидмати давлатӣ расонида шудааст.
Сарфи назар аз он, ки дар соҳа ин қадар корҳо анҷом дода шудаанд, ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ҳастанд, ки ташкилотҳои давлатӣ, аксари мақомоти давлатӣ шаҳрвандонро дар асоси ҳамон расмиёти кӯҳна овора карда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои коғазӣ пурсида сарсон мекунанд. Маҳз дар ин ташкилотҳои давлатӣ системаи мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ ба роҳ монда нашудааст.
Аксарияти хидматҳои давлатӣ ба ҷойи қайди доимӣ, яъне прописка нигоҳ карда нишон дода мешаванд. Дар ин бобат овардани як рақамро ҷоиз донистем. Дар саросари ҷаҳон хароҷоти ба риояи қоидаҳои бюрократӣ сарфмешуда ба ҳисоби миёна 17-20 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳида ин рақам 17 дарсадро ташкил медиҳад, ки маънои 3 триллион долларро дорад, дар кишвари мо ин нишондиҳандаи хурд нест. Ҷолиби диққат аст, ки соли 2020 дар саросари кишвар барои гирифтани шаҳодатнома бинобар бемории рӯҳӣ 411 000 ариза расида, аҳолӣ 2 миллиард сӯм сарф кардааст. Мувофиқи  фармони имзошуда, аз 1 июни соли 2021 7 намуди сабти далолатномаҳои ҳолати шаҳрвандӣ, ба монанди таваллуд, издивоҷ ва талоқ, тағйири ном, фавт, муайян намудани падарӣ, фарзандхонӣ, аз назорати тиббӣ гузарондани шахсони издивоҷкунанда ва расмигардонии шиносномаи биометрии сафар ба хориҷи кишвар дар асоси тамоюли экстерриториалӣ, яъне соддатар ифода намоем, новобаста аз маҳалли бақайдгирӣ амалӣ гардонда мешаванд.
— Ин ба мо чӣ медиҳад? Он ба гирифтани пеши роҳи ба ҳисоби миёна соле сарсону саргардон шуда, ба идораҳои давлатӣ рафтани беш аз як миллион нафар одамон мусоидат мекунад, — гуфт сардори раёсати Вазорати адлия Бунёд Азизов. — Дар натиҷа, ба ҳисоби миёна, зиёда аз 20 миллиард сӯм маблағ дар аҳолӣ боқӣ хоҳад монд.
Бо фармон зиёда аз 130 расмиёти маъмурӣ содда гардонда шуда, аз ҷониби мақомоти давлатӣ аз шаҳрвандон талаб кардани  18 намуди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар зиёда аз 450 ҳуҷҷати қонунгузорӣ пешбинишуда бекор карда мешавад. Дар натиҷаи ин амалиёт, ба ҳисоби миёна дар як сол овора шудани 1,5 миллион шаҳрванд пешгирӣ карда мешавад ва беш аз 22 миллиард маблағи онҳо сарфа хоҳад гардид. Ҳамин тавр, аз 1 июни соли равон, ҳуҷҷатҳое, ки далелҳои дар ҳисоби диспансери касалиҳои руҳӣ ё наркологӣ  будан ё набудан, маҳкумият, иттилооти суроғавию маълумотномавӣ,  дар номи шаҳрванд мавҷуд будан ё набудани манзили шахсӣ,  майдони манзили зист, мавҷуд будан ё набудани қарзи андоз,  ба қайди мақомоти давлатии андоз гирифтани андозсупорандаи инфиродӣ,  миқдори  нафақа ва кӯмакпулиҳо, дар рӯйхати гирандагони нафақа ва кӯмакпулиҳо будан ё набудан,  бақайдгирии ақди никоҳ, набудани қайди никоҳ ё талоқро тасдиқ мекунанд, талаб карда намешаванд.
Ҳамзамон, талабот ба нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, шаҳодатномаҳои комиссияҳои коршиносони тиббӣ ва иҷтимоӣ, дафтарҳои меҳнатӣ ва нусхаҳои онҳо, музди меҳнат ва собиқаи корӣ, шаҳодатномаҳои бойгонӣ дар бораи маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, ҳуҷҷатҳои кадастрӣ ва нусхаҳои онҳо бекор карда мешавад.
Аҳамияти ҳаётан муҳими фармони имзошударо бо як мисол шарҳ додан мумкин аст, акнун ҳангоми ба мақомоти давлатӣ бо коре рафтани  шаҳрванд акси ӯро талаб намекунанд. Барои маълумот, бо ин 24 миллиард сӯм маблағе, ки то ҳол онро ба ҳисоби миёна соле 1 миллиону 200 ҳазор нафар ҳамкишварамон масраф кардаанд, сарфа мегардад. Зеро ҳама маълумот дар бораи шаҳрванд дар пойгоҳи маълумотҳо нигоҳ дошта мешавад, ки тавассути ID корти ҷорӣ кардашуда ба даст оварда мешавад.
Тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда аз мақомоти салоҳиятдори давлатӣ тавассути платформаи «ҳукумати электронӣ» ҷорӣ карда мешавад.
— Ҳоло фармон таҷрибаи фиристодани ҳисобот ва нусхаҳоро ба Хадамоти давлатии омор аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор мекунад, — мегӯяд роҳбари Агентии хизмати давлатӣ Улуғбек Абдуллоев. — Ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи хидматрасонии давлатӣ дода мешаванд, бо гузоштани QR-штрих-код тартиб дода мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо, амалияи додани нусха низ барҳам дода мешавад.
Навоварии дигар ин расонидани ҳуҷҷатҳо бинобар натиҷаҳои 28 намуди хизматрасонӣ тавассути почта ба хонаҳои шаҳрвандон бо хоҳиши онҳо мебошад. Дар натиҷа, соле 22 миллиард сӯм маблағи 6-7 миллион нафар аҳолӣ сарфа карда мешавад. Навовариҳое, ки бо фармон ҷорӣ карда шудаанд, бояд ҳам барои андозсупоранда ва ҳам барои мақомоти андоз шароити иловагӣ фароҳам оранд. Дар айни замон, ба 22 миллион шахсони воқеӣ рақами мушаххаси андозсупоранда, яъне STIR дода шудааст. Меъёри пайваст кардани онҳо ба рақами мушаххаси шахсӣ 19 миллион, яъне 87 фоизро ташкил медиҳад. Яъне, минбаъд, ҳангоми додани ID-кортҳо ба шахсони аз 16-сола боло онҳо ҳамзамон ҳамчун андозсупоранда дар Хадамоти давлатии андоз ба қайд гирифта мешаванд. Дар низоми  нафақаи ғунгарданда ба қайд гирифта мешаванд.
Дар натиҷаи дар як вақт расонда шудани ин хидматҳо соле ба оворагиҳои  беш аз 300 ҳазор нафар хотима гузошта мешавад ва зиёда аз 4 миллиард сӯм маблағ дар ихтиёри аҳолӣ мемонад.

Нурулло НАСРИЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: