Шӯрои ноҳиявии Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистони шаҳри Тошканд, дар арафаи Рӯзи байналхалқии ҳифзи бачаҳо тарбиятгарони якчанд муассисаи томактабии шаҳри Тошкандро ба театри миллии академиву драма таклиф намуданд.
Ин ҷо тамошобинони 5-6-сола дар меҳмонии спектакли «Семурғ» буданд. Хурдтаракон баромади афсонавии ҳар як қаҳрамони спектаклро бо кафкӯбиҳо пешвоз гирифтанд. Чашмони пур аз ҳаяҷону тааҷҷубоварашон медурахшиданд. Пичирросзанон аз ҳамдигар мепурсиданд: «Оё қаҳрамонҳо ҳақиқианд? Онҳоро ба боғчаамон таклиф кунем, меомада бошанд?»
Актёрон – қаҳрамонони афсона дар навбати худ барои ташаккул додани фикрронӣ, бедор намудани ҳисси инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва ба моҳияти афсона сарфаҳм рафтани онҳо ҳар замон ба хурдтаракон муроҷиат мекарданд: «Канӣ гӯед, ман чӣ кор кунам, ман ба мадади шумо муҳтоҷам, ёрӣ расонед, дӯстони азизи ман». Тамошобинони хурдсол бо як овоз чӣ хел рафтор намудани «қаҳрамони асар»-ро маслиҳат медоданд. Актёрон гӯё таҳти раҳнамоии онон рол мебозиданд. Ин ҳолат барои ба олами ин санъати сеҳрангез бештар шавқ пайдо кунондани тарбиятгарони муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамуд.
– Дар кишвари мо таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев барои ҳарҷониба баркамол ба воя расидани насли наврас корҳои зиёде ба амал бароварда мешавад, – мегӯяд директори театр Фатҳулло Мақсудов. – Аз ташкилотчиёни ин ҳамоиш миннатдорем. Дарҳақиқат, имрӯз барои ин хурдсолон ид буд. Онҳо бо як олам таассурот бинои театрро тарк намуданд.
Флора ФАХРУДДИНОВА.