БОБ ФАРҒОНӢ КӢ БУД

ё худ «Поп» чӣ маънӣ дорад?

Пешниҳод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни ислоҳот, бунёдкорӣ, лоиҳаҳои бузурге, ки ба амал татбиқ мегарданд ва мулоқот бо мардум, 2-3-юми май ба вилояти Намангон ташриф оварда буд. Дар доираи сафар дар ноҳияи Норин бо иштироки фаъолони вилоят маҷлиси видеоселекторӣ баргузор намуд. Дар гирдиҳамоӣ раиси Шӯрои ноҳияи Попи Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Зафар Арслонов ба сухан баромада пешниҳоде ба миён гузошт. Изҳор дошт, ки дар ҳудуди Поп қабри зоти бузурге бо номи Боб Фарғонӣ вуҷуд дорад. Агар тибқи талаботи замон қабр ва гирду атрофи он обод карда шавад, ба яке аз зиёратгоҳҳои муқаддаси кишварамон табдил хоҳад ёфт.
Сарвари мамлакат пешниҳодро дастгирӣ кард ва ба масъулони соҳа супориш дод, ки мавзеъро омӯхта, таклифоти худро ирсол доранд.

Дар ҷустуҷӯйи Боб Фарғонӣ

Дар бораи ин инсони шариф дар «Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон» маълумоте нест. Манбаи ягонае, ки (шояд дигар манбаъҳо низ вуҷуд доранд) ба мо доир ба Боб Фарғонӣ маълумот медиҳад, тазкираи Алишер Навоӣ «Насоим-ул-муҳаббат»  мебошад.
Тазкираи мазкур тарҷумаи тазкираи «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул қудс»-и пиру устоди ӯ Абдураҳмони Ҷомӣ маҳсуб меёбад, ки Навоӣ бо тағйироту иловаҳо анҷом додааст.  Навоӣ дар пешсухани тазкира чунин менигорад: «Аз кӯчаи хаёлам фикре убур кард: «Агар саъй бинамоям, оё ин китобро ба забони туркӣ (ӯзбекӣ) баргардонида, ба умқи маънии нуктаҳои он рафта, равшану возеҳ ифода карда метавониста бошам?» На маро ин фикру хаёл тарк мекард ва на ёрои ба ин кори азиму мушкил даст задан буд. То таърихи 901 (1495/96 милодӣ) аз таълифи ин китоб бист сол гузашта буд, бо тавфиқи Худои мутаол ба ин кори бузург даст задам ва баҳри анҷом додани ин вазифаи азим хома рондам ва баъзе машоихе, ки дар замонҳои пеш аз таълифи «Тазкират-ул-авлиё»-и Ҳазрати шайх Фаридуддин Аттор қаддасаллоҳу сирраҳу ба сар бурдаанду ба «Нафаҳот-ул-унс...» ворид нашудаанд, ҳар кадомро дар ҷойи сазовор гузоштам ва машоихи ҳинд ҳам, ки камтар мазкур буд, ҳаддалимкон ҷуста дарёфтам, аз Ҳазрати қутбул-анбиё Шайх Фарид Шакарганҷ қаддасаллоҳу асрораҳум то машоихи охирин овардам ва зикри машоихи турк низ камтар буд, онҳоро аз Ҳазрати шайх-ул-машоих Хоҷа Аҳмади Яссавӣ равваҳаллоҳу руҳаҳу дар доираи имкон ҷуста пайдо кардам, ба зикри номашон пардохтам ва баъзе суханону ҳолоташонро низ дарҷ кардам. Ва номи Ҳазрат махдуми наввара марқадаҳу нуран (Ҷомӣ) ва зикри машоихе, ки ҳамаҳду ҳамсуҳбат (муосиру мусоҳиб) буданд, низ дар китоби муборак (мутабаррик) вуҷуд надошт, ба тарҷума илова кардам...»
Дар «Нафаҳот-ул-унс...» доир ба Боб Фарғонӣ маълумоте вуҷуд надорад. Пас, ошкор мегардад, ки пораи доир ба шайхро Навоӣ илова кардааст.

Сарчашмаи муътабар

Гоҳо маълумоти мухтасаре доир ба таърихи дуру наздики кишвар ё инсонҳои таърихӣ ба сарчашмаи муътабар табдил меёбад.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс...» доир ба 616 шайхи саршиносе, ки аз аҳди Муҳаммад (с.а.в) то нимаи дуюми қарни XV ба сар бурдаанд, маълумот додааст. Алишер Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат...» ба ин миқдор 154 шайхро илова кардааст. Дар тазкираи мазкур Боб Фарғонӣ 359-ум шайх маҳсуб меёбад.
Навоӣ доир ба шайхи 359-ум ба хонанда чунин маълумотро пешниҳод кардааст: «Боб Фарғонӣ қаддассаллоҳу сирраҳу. Номаш Умар бошад. Дар Фарғона будубош дорад. Дар он ҷо машоихи бузургро боб гӯянд. Соҳиби «Кашф-ул-маҳҷуб» гӯяд, ки ӯ аз автод-ул-арз (мехи Замин) аст. Шайх-ул-ислом (яъне, Абдуллоҳи Ансорӣ, ки дар қарни Х ба сар бурдааст) гуфта, ки Шайх Аму ӯро дида буд. Вай гуфт, ки «Рӯзе дар шафати ӯ шишта будам. Яке омад ва гуфт: дуое кун, ки Саркаб омад ва Саркаб нафаре буд, ки ба он мулк (мамлакат) зарар расонда буд ва Боб дар лаби оташдон нишаста буд ва офтоба низ дар лаби оташдон буд. Пояшро ба офтоба заду онро афтонд ва гуфт: «Ӯро афтондам». Саркаб ҳамон дам дар назди дарвозаи шаҳр аз асп сарнагун афтод ва гарданаш шикаст.
Соҳиби «Кашф-ул-маҳҷуб» гӯяд: «Қасд кардам, ки ба зиёрати Боб биравам. Чун ба ӯ расидам, гуфт: «Ба чӣ кор омадаӣ?» Гуфтам: «То шайхро бубинам дар сурат (яъне, ба дидори шайх мушарраф гардиданиям) ва мехоҳам аз ӯ назаре бо шафқат дарёбам (агар илтифот намояд аз назари ӯ баҳра бурданиям)».
Гуфт: «Ай писар, туро аз фалон рӯз аст, ки мебинамат ва он рӯзро ҳисоб кардам, ибтидои рӯзи тавбаам буд (яъне аз рӯзи тавба карда ба тасаввуф ворид шудан, то ба ҳол туро ба ман менамоянд)». Сипас гуфт: «Ай писар, мардон роҳи дарозро пушти сар гузоранд. Аз ин пас дар зиёрат ҳиммат баланд дор! Кас барои зиёрат кардани ӯ норизо нахоҳад шуд ва ба зуҳури ашбоҳ ҳеҷ чиз вобаста нест». Сипас ба ходимааш (ҳамсар) гуфт: «Ҳар чӣ дорӣ, биёр, дарвеш бихӯрад!». Як табақ ангур овард, магарам вақти ангури тоза набуд, ки чанд ратб (барги тар) дошт. Дар Фарғона ратб бошад (саҳ.198).
Аз иқтибос дарёфтем, ки номи пурраи бузургвор «Боб Умари Фарғонӣ» аст.

Киро «боб» номидаанд?

Бино ба анъана дар манбаъҳо ва аз ҷониби халқ номи пирони тариқати Яссавия бо илова кардани вожаи «ота» ба забон гирифта мешавад. Навоӣ ба номи авлиёи попӣ на вожаи «ота», балки вожаи «боб»-ро илова кардааст. Аз ин ҷо ошкор мегардад, ки авлиёи попӣ намояндаи тариқати Яссавия нест. Инак, ҳоло лозим мешавад ошкор намоем, ки «вожа»-и мазкур дорои кадом маъниҳост. Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат...» бо овардани ҷумлаи зер: «Дар он ҷо машоихро «боб» гӯянд», таъкид менамояд, ки дар Фарғона авлиёро «боб» мегӯянд. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё шайхонро танҳо дар Фарғона боб мегӯянд? Ба ин суол иқтибоси дигаре аз «Насоим-ул-муҳаббат» рӯшанӣ меандозад: «Ҳамоно чунин аст, ки дар Хуросон акобирро бештар «шайх», дар Самарқанд «хоҷа», дар Рум «боб» ва дар Ҳинд «қозӣ» гӯянд».
Дар ҳудуди ноҳияи Бозорқӯрғони вилояти Ӯши Қирғизистон қабри шайхест бо номи Арслон Боб, ки яке аз зиёратгоҳҳои муқаддас маҳсуб меёбад. Бино ба маълумотҳо Арслон Боб (қарни XI) нахустин пири Хоҷа Аҳмади Яссавӣ будааст. Халқ ин авлиёро «Арслон Боб Ота» низ гӯяд. Ин мавзеъ номи ӯро дорад ва рӯде, ки ин ҷо ҷорист «Арслонбобсой» ном дорад.
Шайхонро «боб» низ гӯянд, ки бори кадом маънӣ бар дӯш дорад? Бояд инро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кард. Дар забон чанд вожа дар шакли «боб» мавҷуд аст, ки онро омоним номанд. Биноан, ҳоло баъзе тахминҳоямонро ба миён гузоштанием: 1) Вожаи «боб» маънои «ота» (падар)-ро низ дорад. Ин аст, ки пирони яссавияро аз рӯйи эҳтиром «ота» гуфтаанд. 2) «Боб» маъниҳои лоиқ, муносиб ва мувофиқро низ ифода намояд. Аз ин рӯ, шояд шайхонро инсонҳои «дар роҳи Худо мувофиқ» дониста, ба номи онҳо вожаи «боб»-ро илова кардаанд. 3) Вожаи арабии «боб» маънои «дар»-ро дорад. Шояд пирон дар роҳи вуруд ба Аллоҳ вазифаи дарро иҷро мекунанд. 4) Вожаи дигаре дар шакли «боб» вуҷуд дорад, ки ба маънии роҳ, тариқ, тавр ва тарз аст. Шояд ин вожаҳоро ба шайхон, ки роҳравони роҳи Худоянд, нисбат додаанд. Мо бар онем, ки тадқиқотҳои оянда ба ин масъала рӯшанӣ меандозанд. 
Гоҳо фикр мекунам, ки «боб» оё шакли кӯтоҳшудаи вожаи «бобо» нест. Зеро дар Мовароуннаҳру Хуросон шайхонро аз рӯйи эҳтиром «Бобо» низ гуфтаанд. Дар «Насоим-ул-муҳаббат» ба номи 17 нафар шайх вожаи «Бобо» илова гардидааст. Мисолан, Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ, Бобо Камоли Ҷандӣ, Бобо Маҳмуди Тӯсӣ, Бобои Сунгу, Бобоалии Хушмардон, Бобо Ҳасани Қандаҳорӣ, Бобои Кӯкӣ, Бобоалӣ Мастии Нисоӣ, Бобои Хушкелдӣ, Бобои Баҳлул, Бобоалии  Пойисорӣ, Бобои Тиланчӣ, Бобои Пирӣ, Бобои Ҷалил, Бобои Шиҳоб, Бобо Сариғи Пӯлод.

Соҳиби каромот

Дар матни мухтасаре, ки доир ба Боб Фарғонӣ оварда шудааст, чанде аз кароматҳои ӯ баён гардидаанд. 
Каромати аввалашро дар асоси суханони Шайх Абдуллоҳ Ансории Аму, ки дар асри Х умр ба сар бурдааст, баён менамояд. Шайх Аму рӯзе паҳлӯи ӯ нишаста буд, нафаре ворид шуду гуфт: «Саркаб омад, дуое бикун». Саркаб ғосибе буд, ки мамлакат аз ӯ зарар медид. Боб Фарғонӣ ин ҳангом дар назди оташдон менишаст. Вай офтобаи рӯйи оташдонро бо по зада афтондаву гуфтааст: «Вайро афтондам». Саркаб ҳамон лаҳза дар назди дарвозаи шаҳр аз асп сарнагун афтода, гарданаш мешиканад ва ҳалок мегардад. 
Каромати дуюми ӯ. Муаллифи китоби «Кашф-ул-маҳҷуб» Алӣ ибни Усмон ибни Алӣ Ҷало Ғазнавӣ ба зиёрати Боб Фарғонӣ меояд. Пир аз ӯ суол мекунад: «Бо чӣ кор омадӣ?» Вай посух медиҳад: «То шайхро бубинам дар сурат ва назаре аз ӯ биёбам бо шафқат». Пир мегӯяд: «Ай писар, ман аз фалон рӯз аст, ки туро мебинам, чун нек ҳисоб кунам, аз рӯзи тавба карда ба тасаввуф ворид шуданам то имрӯз туро ба ман менамоянд». Аён мегардад, ки ин шайх одамеро, ки бояд баъди гузаштани солҳо бубинад, рӯҳан пешакӣ донистааст, ки он кист.

Боб Фарғонӣ дар кадом аср ба сар бурдааст?

Навоӣ вақте дар бораи Боб Фарғонӣ маълумот медиҳад, ба Абдуллоҳи Ансорӣ такя мекунад. Ин шайх дар асри Х ба сар бурдааст. Пас, Боб Фарғонӣ дар асри Х ё пештар аз он зиндагӣ кардааст. 
Бино ба суханони роҳбари ҷавонон Зафар Арслонов имомони попӣ низ бар онанд, ки «Боб Фарғонӣ дар қарни IX ба дунё омадааст».

Яке аз чор мехи Замин

«Автод» (вожаи арабӣ) ҷамъи «ватад» аст. «Ватад» мехи чӯбиест, ки ба замин кӯбида риштаҳои чодирро ба он мебанданд. Одатан, риштаҳои чодирро ба чаҳор мех мебанданд. Дар тасаввуф нисбати чор авлиёи чаҳор сӯйи дунё ибораи «автод-ул-арз» – «чаҳор мехи замин» истифода бурда мешавад. Бино ба далолати Навоӣ бар асари «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Алӣ ибни Усмон ибни Алӣ Ҷалои Ғазнавӣ Боб Фарғонӣ дар олами тасаввуф яке аз чаҳор авлиёест, ки ба ин унвон мушарраф гардидааст.

«Поп» чӣ маънӣ дорад?

Тавре ки адабиётшинос Зуҳриддин Исомиддинов менигорад: «Одатан шарҳи номи мавзеъҳое, ки аз як ҳиҷо иборатанд, ба мисли Ӯш, Чуст, Поп... осон нест. Вале чунин ба назар мерасад, ки калиди этимологии вожаи «Поп» пайдо шудааст. Авлиёи бузург дар ҳамаи давру замон мояи ифтихори кишвар будаанд. Авлоди оянда манзили охирати шайхонро ба зиёратгоҳ табдил дода, ба он ҷо номи онҳоро додаанд. Мисолан, ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд ва Зангиатои вилояти Тошканд бо назардошти чунин анъанаи миллӣ номгузорӣ шудаанд.
Когониҳои вилояти Бухоро то ба наздикиҳо ҳангоми муаррифӣ худро «баҳоуддинҷонӣ», «ғиждувониҳо», «хоҷаи ҷаҳонӣ», шофиркониҳо «хоҷаи ҷаҳонӣ» номидаанд. Зеро Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ дар байни халқ ба сифати «Хоҷаи ҷаҳон» машҳур гардидааст. Чунин муносибати боэҳтиромона ба азизу авлиё дар водии Фарғона низ маъмул буд. Номи ноҳияи Попи имрӯза низ бо номи Боб Фарғонӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар забони мо (забони ӯзбекӣ дар мадди назар аст) одатан ҳангоми талаффуз ҳамсадои ҷарангнок ба ҳамсадои беҷаранги «п» табдил меёбад. Мисолан, «мактаб», «дебти» менависем, вале «мактап», «депти»  талаффуз карда мешавад.
Ҳар як миллат хазинаи маънавии худро дорад. Забон, адабиёт, урфу одат, арзиш, эътиқод ва тинати ҳар халқ хазинаи маънавии ӯст. Мероси маънавии Алишер Навоӣ хазинаи миллии халқи ӯзбек маҳсуб меёбад. Инак, маълумотро дар бораи як авлиёуллоҳи бузург низ аз ин хазина пайдо кардем.
Аз «Насоим-ул-муҳаббат»-и Алишер Навоӣ метавон дар бораи фарғонӣ, самарқандӣ, шошӣ, кешӣ, бухорӣ, хоразмӣ, карманӣ ва чиғониҳои зиёд маълумот дастрас намуд.

Султонмурод ОЛИМ,
номзади илмҳои филологӣ,
сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: