БОБАТИ ОММАВӢ КАРДАНИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ЧОРАҲО МУАЙЯН ГАРДИДАНД

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машварат баргузор кард.

Тавре ки маълум аст, ба мақсади ислоҳсозӣ ва рушди ҳарчи зудтари соҳа 5 марти соли равон роҳбари  давлат ба Фармон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» имзо гузошта буд. Мувофиқи фармон дар пойгоҳи кумитаи давлатии дахлдор ва шубаъҳои ҳудудии он Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода, вазифа ва ваколатҳои он зиёд карда шуданд.
Бинобар такмил додани тарзи интихоби варзишгарон, ки натиҷаҳои аввалини худро нишон дод, низоми нав ҷорӣ гардид.
Дар Бозиҳои осиёӣ, ки моҳҳои август-сентябри соли равон дар Индонезия баргузор шуданд, варзишгарони мамлакати мо соҳиби 21 медалҳои тиллоӣ, 24 нуқра ва 25 биринҷӣ, умуман 70 медал гардиданд. Бинобар миқдори медалҳои тиллоӣ сазовори ҷойи панҷум шудани кишвари мо дар таърихи варзиши Ӯзбекистон натиҷаи беҳтарин гардид.
– Мо бо варзишгаронамон, ки бобати афзудани нуфуз ва шуҳрати Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқии варзиш саҳми бузург гузоштанд, ифтихор мекунем. Баробари ин танҳо бо комёбиҳо дар варзиши олӣ маҳдуд намегардем, моро лозим аст, ки ба варзиши оммавӣ низ эътибори зиёд диҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар машварат бобати рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вазифаҳои муҳим муайян гардиданд.
Зикр шуд, ки кор бинобар ҷалби аҳолӣ, ба хусус ҷавонон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва навъҳои оммавии варзиш ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст, дастрасии одамони тамоми синну сол ба иншооти вазрзишии муассисаҳои таълимӣ дар вақтҳои берун аз хониш таъмин карда намешавад.
Ғайр аз ин барои ба варзиши оммавӣ ҷалб намудани аҳолӣ дар пойгоҳи иншооти истифоданашудаи хусусӣ созмон додани марказҳои варзишӣ тақозо мегардад, ки бояд дар пояи имтиёзҳо хидмат расонанд.
Вобаста ба ин ба Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш супурда шуд, ки якҷо бо Иттифоқи ҷавонон, вазоратҳои дахлдор бинобар дар иншооти варзишии муассисаҳои таълими умумӣ ва иншооти истифоданашуда созмон додани шуъбаҳо чораҳо андешад.
Супурда шуд, ки миқдори мусобиқаҳои варзишии дараҷаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ қатъиян зиёд карда, ғолибон ва пешқадамон аз ҳисоби маблағҳои Иттифоқи ҷавонон рағбатнок ва бо ҷоизаҳои пулӣ мукофотонида шаванд.
Ғайр аз ин барои ҷалби васеи аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, ба варзиш супориш дода шуд, ки дар шакли сабқат тестҳои «Алпомиш» ва «Барчиной» ташкил карда, ғолибони онҳо бо нишонаҳои  сарисинагии седараҷавӣ мукофотонида шаванд.
Нокифоя будани эътибор ба баргузор кардани чорабиниҳои оммавии тарбияи ҷисмонӣ ва гимнастикӣ дар корхонаҳо, муассисаҳои таълими умумӣ ва боғҳо таъкид гардид. Зикр шуд, ки барои тарғибу ташвиқи фоидабахшии чунин машғулот барои саломатӣ бояд дар телевизион барнома ва наворҳои иҷтимоии доимӣ омода ва эълон карда шаванд.
– Бояд консепсияи панҷсолаи миллӣ бобати дар кишвари мо оммавӣ кардани варзиш андешида шавад. Даъват кардани аҳолӣ ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ, аз ин тариқ пешгирӣ намудани бемориҳо, ба роҳ мондани тарзи солими ҳаёт ва дароз кардани ҳаёти одамон бояд самт ва натиҷаҳои асосии он гарданд, – гуфт Президент.
Дар машварат он санад танқид шуд, ки бинобар фаъолияти сусти федератсияҳо дар мусобиқаҳои байналхалқии асптозӣ, шиноварӣ, шамшербозӣ, тирпарронӣ ва намудҳои дастҷамъонаи варзиш натиҷаҳои хуб ба даст намеоянд. Вобаста ба ин супориш дода шуд, ки то 2020-ум дар вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон ва Тошканд марказҳои тайёрии олимпӣ сохта ба истифода супурда шаванд, дар фаъолияти онҳо таҷрибаи Чин истифода гардад, яъне низоме ҷорӣ карда шавад, ки дар он варзишгарон бо буду боши доимӣ дар марказ мувофиқи мақсад машқу тамрин кунанд.
Ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки фаъолияти тамоми федератсияҳои варзиширо аз нуқтаи назари танқидӣ омӯзанд, кори онҳоро, ба хусус дар самти селексия куллан беҳтар кунанд, масъулияти кадрҳои роҳбариро баланд бардоранд.
Норасоии мураббиёни соҳибихтисос, аз ҷумла дар намудҳои зимистонии варзиш зикр шуд. Ба Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш супурда шуд, ки тайёркунии мураббиёнро такмил диҳад ва механизмҳои ба онҳо додани рухсатномаҳоро содатар намояд.
Ба масъалаҳои сохтмони иншооти варзиши бачагона, дар ин маврид истифода бурдани технологияҳои замонавии сарфакунандаи энергия эътибор дода шуд.
Соли равон аз ҳисоби маблағҳои Бунёди рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сохтмони 56 адад иншооти варзишӣ бо ҷудо кардани 362 миллиард сӯм маблағ барои он пешбинӣ шудааст. Вале то 10 сентябр танҳо дар ҳаҷми 113 миллиард сӯм корҳои бинокориву монтажӣ иҷро шудаанд. Дар ин бобат дар вилоятҳои Сирдарё, Навоӣ, Тошканд ва шаҳри Тошканд қафомонӣ мушоҳида мегардад.
Ба вазорату ташкилоти дахлдор супурда шуд, ки сохтмон ва таъмири иншооти варзиширо саривақт анҷом диҳанд, ҳамчунин барномаи нишонадори Бунёди рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро барои соли 2019 ташаккул диҳанд.
Дар машварат масъалаҳои тайёрӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва Бозиҳои паралемпии соли 2020 дар Токио низ баррасӣ шуданд. Бобати пурзӯр кардани тайёрии варзишгарони мо барои ба даст овардани миқдори зиёди роҳхатҳо ва иштироки сазовор дар ин Бозиҳо вазифаҳо муайян  шуданд.
Ҳисоботи роҳбарони масъул дар бораи корҳои татбиқшуда бинобар аз байн бардоштани мушкилоте, ки соҳа мавҷуданд, васеъ ҷалб намудани аҳолӣ ба варзиши оммавӣ, рушди минбаъдаи варзиши касбӣ шунида шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: