«Бобо, бидеҳ наврӯзиям...»

Барфи зимистон об шуд,

Рӯйи замин шодоб шуд,
Бедор гул аз хоб шуд,
«Бобо, бидеҳ наврӯзиям!»*

Наволуҳо гул кардаанд,
Зардолуҳо гул кардаанд,
Шафтолуҳо гул кардаанд,
«Бобо, бидеҳ наврӯзиям!».

Шаб то саҳар борон бирехт,
Бар дашту кӯҳсорон бирехт,
Чун риштаҳои ҷон бирехт,
«Бобо, бидеҳ наврӯзиям!»

Дар кӯҳ аҷоиб манзара,
Болотар аз як шаршара,
Хониш кунад кабки дара,
«Бобо, бидеҳ наврӯзиям!»

Гулдухтарони гулбасар,
Адрас ба бар, атлас ба бар,
Рад мешаванд аз пешу бар,
«Бобо, бидеҳ наврӯзиям!»

Шаб рафтаву рӯз омадаст,
Наврӯзи гулдӯз омадаст,
Бар сардӣ пирӯз омадаст,
«Бобо, бидеҳ наврӯзиям!»


•    Сатре аз суруди халқӣ

Абдулло Субҳон

 

Санҷиши қалам

Доимо ҳавояш соф

Деҳи ман — деҳи зебо,
Ҳар пора сангаш — тилло.
Офтобакаш зарнисор,
Моҳи шабҳояш ширхор.
Дар баҳорон гулпӯш аст,
Оби рӯдаш пурҷӯш аст.
Чашмаҳои он шаффоф,
Доимо ҳавояш соф...
Номи деҳам бошад Эҷ,
Мислашро надидам ҳеҷ.

Саъбагул ТӮЕВА,
хонандаи синфи V мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нурато.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: