ё худ чанд саҳифаи ҳузнангез аз зиндагиномаи маърифатпарвари самарқандӣ Саидризо Ализода
Ба муносибати 135-солагии машъалафрӯзи фарҳанги тоҷик, забоншиноси варзида, тарҷумон ва журналисти номдор Саидризо Ализода аз ҷониби набераи соҳибҷашн, муборизи адолату ҳақиқат ва ниҳоят пири барнодили 85-сола Фарҳод Тақиевич аз парвандаи ҷиноии рақами 27877 бобояш Саидризо Ализода, ки бо тамғаи «махфӣ» сабт шудааст, ба осорхонаи матбуоти вилоят ҳамагӣ чанд саҳифа пешкаш гардид, ки иншои мо муште аз хирвор аст.
Башорати бобоҷон
Умри инсон қимат асту
лек дар бозор нест,
Бесамар будан варо дар
зиндагӣ даркор нест.
Дар табиат фаслҳо
такрор ёбанд аз дигар,
Лек умри рафтаро дар
зиндагӣ такрор нест.
Соли 1938 Худованд аз нахустфарзанди Саидризо Ализода набера дод. Модар тифлаки навзодро ба маҳбаси Самарқанд овард, ки бобоҷони ғамзадааш аз дидори аввалин мағзи бодомаш хурсанд шавад, каме бошад ҳам ранҷу азоби паси панҷара фаромӯш гардад. Ғайр аз он, хабар расида буд, ки ӯро ба Сибир бадарға мекунанд.
Пас аз таваллою зории модар посбони шофбурути бадхашм бо қавоқи овезон тирезачаи оҳанинро кушод. Бобо бо навозиш ангуштони набераро палмосид, ба абрӯвонаш молид, бӯсид ва гуфт:
– Илоҳӣ, ба синни Шайх Саъдӣ расида, номбардори сулола шавӣ.
Вай дигар чизе гуфта натавонист. Гиря гулӯгираш кард ва чанд чакра ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашт. Ин лаҳзаҳои риққатоварро атрофиён хомӯш, ҳамдардона ва баъзеҳо бо ҳавас нигаристанд, ки оё ба онҳо ҳам чунин бахт муяссар мегардида бошад?!
– Свидание тамом, – овози дағалу марғуладори посбон Саидризо Ализодаро ба худ овард. – Келин, марш аз ин ҷо!
– Бачаҷон, асали боборо эҳтиёт намо, – таъин намуд бобоҷон. – “Поёни шаби сиёҳ сафед аст”, мегӯянд. Иншооллоҳ, Фарҳоди замонро худам тарбия мекунам.
Дареғо, ин вохӯрии аввалину вопасини бобоҷону набера буд.
Иқрорномаи сардори маҳбас
Ашк як лаҳза ба мижгон
бор аст,
Фурсати умр ҳамин
миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш
нест,
Нафас оинаи ин асрор
аст.
Хешу пайвандон, аз ҷумла Фарҳод, пас аз бист сол хабардор шуданд, ки бобояш Саидризо Ализода тамоман сафед шудааст. Маҳз дар ҳамон сол Фарҳод Ализода хоб мебинад, ки бобояш дар либоси сафеди оҳарӣ пайдо шуда мегӯяд:
– Шери бобо, ба гузари Чорраҳа рафта аз хонадони фалонӣ чанд адад китоби маро бигир.
Набера тафсилоти хобашро ба модаркалон мегӯяд. Вай талаби ҳамсарашро қувват медиҳад. Фарҳод ба он манзил рафта, ба дарвоза ангушт мезанад ва зани солхӯрда аз дар баромада мақсади меҳмонро фаҳмида, ба шавҳараш сабаби ташрифи набераи Ализодаро мегӯяд, аммо ӯ розигӣ намедиҳад.
Рӯзи дигар Фарҳод бобояшро дар хоб дида талабашро шунид, ки мегуфт: боз ба он хонадон бирав! Ин дафъа Фарҳод ноумед нагашт ва китобҳоро гирифт, ки аз байни як китоб хабарнома пайдо гашт, ки бо имзо ва муҳри маҳбаси шаҳри Владимир тасдиқ шуда буд. Дар варақчаи бо мурури замон зардшуда чунин ҷумла буд: «Ба зиндонӣ Ализода Саидризо иҷозат дода мешавад, ки ҳар рӯз бо наздиконаш вохӯрӣ кунад ва маводи озуқа гирад. 27-уми апрели соли 1944. Имзо. Муҳр».
Аз ин бозёфт Фарҳод ба мурғи посӯхта табдил ёфт. Аҳли оила машварат оростанд ва Фарҳод соли 1977 аз модар фотиҳа гирифта, рахти сафар баст. Дар шаҳри Владимир сардори маҳбас Сергей Малининро бемору солхӯрда ёфт. Мӯйсафед меҳмони самарқандиро хуш пазируфт ва иброз дошт, ки ин вохӯриро дер боз интизор буд.
– Раҳматӣ бобоятон Саидризо Ализода инсони донишманд, рамузфаҳм, ҷаҳонбиниаш васеъ ва аз ҳама муҳимаш, ба бегуноҳ буданаш боварӣ дошт, – гуфт сардор. – Дар китобхонаи маҳбас чӣ қадар асарҳои адибони рус ва хориҷиён вуҷуд дошта бошад, ҳамаашро мутолиа кардааст. Бовар кунед, гоҳ-гоҳ дилгир шавам ба камераи ӯ рафта, суҳбат меоростему аз ҷаҳонбинӣ ва тафаккураш ба ҳайрат меомадам.
Як дафъа вай аз ман илтимос кард, ки агар бандагиро баҷо орад, дар ҷойи алоҳида ба хок супоранд. Албатта, замоне мерасад, ки дар ҷустуҷӯйи турбати ӯ мешаванд. Воқеан, пас аз ҷон ба ҷонофарин супурданаш ман талаби вопасини ӯро иҷро кардам ва дар борааш маълумотнома таҳия намуда будам. Ана, хушбахтона шумо ба суроғаш омадед ва бо камоли эҳтиром навиштаҷотро дер бошад ҳам месупорам.
Инак, маълумотномаи сардори зиндон, ки бо имзо ва муҳр тасдиқ шудааст: «Ализода Саидризо 3-юми феврали соли 1938 барои тарғиботу ташвиқоти муқобили давлати шӯравӣ дар асоси машварати махсуси садорати корҳои дохилии СССР 16-уми сентябри соли 1941 бо моддаи рақами 62-юми Кодекси ҷиноии ҶШС Ӯзбекистон ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Аз 3-юми феврали соли 1938 дар маҳбаси НКВД-и Самарқанд ҷойгир шуда, аз сабаби коҳиш ёфтани саломатиаш ба шифохонаи маҳбаси вилоят гузаронидаанд. Дар моҳи январи соли 1942 ба Сол-Илески роҳи оҳани Оренбург ва августи ҳамон сол ба маҳбаси Тоболск гузарондаанд. Аммо соли 1943 муҳлати паси панҷара мондани ӯ ба поён расида бошад ҳам, моҳи ноябри соли 1944 ба маҳбаси Владимир интиқол додаанд ва соли 1945 аз бемории сили шуш вафот кард».
Воқеан, Саидризо Ализодаи бо туҳмат маҳкумшуда аз зиндон ба хешу пайвандон беш аз 400 мактуб навишт. Шахсан ба номи «доҳии халқҳо – Иосиф Сталин, пешвоёни ҳизби коммунистӣ Молотов, Когонович, Ворошилов ва дигарон қариб 50 шикояту ариза ирсол намуд. Дареғо, ки ба навиштаҳояш ҷавобе нагирифт. Гарчанд барои барқарор кардани ҳукумати нави шӯравӣ хеле азоби руҳӣ ва ҷисмонӣ кашида буд.
Ана, боз як ҳуҷҷат. Акти сардори қисми санитарии хидмати тиббии маҳбас Борисова: «Маҳбуси зиндони Тоболски НКВД Ализода Саидризо саломатиаш ниҳоят бад аст. Аз бемории сил қариб 70 фоизи ду тарафи шуши ӯ зарар дида, бо марг талош меварзад. Гарчанд хӯрокҳои парҳезӣ медиҳем, аммо натиҷа нест».
Бо вуҷуди он ӯро озод накарданд, зеро ходими шуъбаи бехатарӣ Скороходов дар баённомаи худ навиштааст, ки “гарчанд зиндонӣ Ализода ба бемории сил гирифтор аст, вале барои ҷамъият ва давлати шӯравӣ хатарнок мебошад. Ӯро дар маҳбас нигаҳ доштан беҳтар”.
Фарҳод Ализода дар шаҳри Владимир назоратчии куҳансол Фёдор Ричаговро ёфт, ки беш аз сӣ сол ба қабри ӯ нигаҳбонӣ мекард.
Сипас, Фарҳод Ализода бо роҳбаладии ӯ ба қабристони бародарӣ рафтанд. Дар ҳақиқат, як гӯша хоктӯда, дар тунукаи болояш исму насаб ва соли вафоти соҳиби қабр сабт ёфта буд.
Фарҳод Ализода боз як ҳуҷҷатро ба даст овард, ки доир ба тафтишоти ҳайати суди вилояти Самарқанд буд: «Ализода Саидризо ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки ӯ солҳои 1931-1932 дар байни эрониёни муқими Самарқанд тарғиботу ташвиқотеро пеш бурд, ки онҳо ба ҷамоати хоҷагӣ (колхоз) аъзо нашаванд, аъзобадалиро насупоранд. Бар илова зидди ҳокимияти шӯравӣ мардумро ангезонда, ҳатто низои байнимиллиро барангехтааст. Ҳатто ҳангоми ҳамчун корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» фаъолият бурдан шиори ба муносибати якуми май дарҷёфтаи «Нест бод, империализм!»-ро бардурӯғ «Нест бод, коминтерн!» тарҷума кардааст. Ғайр аз он, ба чопи мақолаҳои миллатгароён – рафиқон Мусабӣ ва Мавбарӣ иҷозат дода, бо сафоратхонаи Эрон алоқа доштааст. Ҳангоми дар зиндон будан қайдҳои муқобили ҳукумати шӯравӣ бурда, бо ҳар гуна роҳ ба хешу табораш ирсол намудааст».
– Бо кӯмаки моддӣ ва дастгирии сафоратхонаи Эрон болои қабри рамзии бобоям нимпайкара ва санги бо сабти мухтасари тарҷумаи ҳолаш гузоштем, – гуфт роҳбалади мо Фарҳод Ализода, – ба муносибати ҷашни 135-солагӣ корҳои таъмиру тармим авҷ гирифт. Зеро ташрифи меҳмонон аз Тоҷикистон, Русия, Афғонистон, Эрон, Туркия ва дигар кишварҳои дунё пешбинӣ шудааст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.