«БОБОҶОН» ҲОЛО БОБОҶОН ШУДААСТ

Амаки Абдукарим дар оила фарзанди ягона буд, аз ин лиҳоз мехост писару духтари бисёре дошта бошад.

Бо холаи Хурсаной соҳиби се духтару як писар шуданд, тамоми пастиву баландӣ, талхиву ширинии ҳаётро бурдборона ба ҳам диданд. 
Ба писар, ба хотири зинда нигоҳ доштани номи падар барояш исми Тағоймуродро доданд, вале дар ҳуҷҷат номаш Баҳодур буд. Аҳли оила ва хешу пайвандон кӯдакро бо навозиш “Бобоҷон” мегуфтанд.
Амаки Абдукарим тақозои зиндагӣ аз деҳаи Эҷ ба маркази совхози Нурато, ки аксарият ӯзбекону қазоқон зиндагӣ мекарданд, кӯч баст. Ӯ то синни нафақа чун челонгар дар сохтмон меҳнат кард.  
Баҳодур мактаби таълими ҳамагонии рақами 32-юмро бо баҳои аъло ва хулқи намунавӣ хатм намуд. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурд. Бахташ омад кард, донишҷӯ гардид. Хурсандии падару модар интиҳо надошт. Амаки Абдукарим, ки аз меҳнати сиёҳ косааш ба осонӣ сафед намешуд, мехост писари ягонааш хонад, маълумоти олӣ гирад. Ҳамин тариқ, Баҳодур солҳои донишҷӯиро бо як олам таассурот пушти сар гузошт. Он рӯзгор кадрҳои ҷавон барои иқтисодиёти мамлакат зарур буданд. 
Баҳодури ҷавон фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи молияи ноҳияи Нурато ба сифати ҷонишини сармуҳосиб оғоз намуд. Дертар роҳбари шуъбаи савдои Саридораи иқтисодиёти ҳокимияти вилоят интихоб гардид. Чашмикордонӣ ва шуҷоатнокии вай дар муддати кӯтоҳ эҳсос гардид. Ӯро ҳамчун раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳия интихоб намуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали истиқлолият маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кам буд, мардум соатҳои тӯлонӣ барои гирифтани он навбат мепоиданд. Баҳодур ҳаракат мекард, ки ба аҳолии совхоз ва гирду атрофи он хӯрокворӣ, бахусус орд, равған, шакар, биринҷ ва дигар маҳсулоти заруриро саривақт расонад. Ӯ ҳамеша бо мардум буд, фикру дархости аҳолиро ба идораҳои давлатӣ ва масъулони соҳа мерасонд. Он рӯзгор халқи оддӣ ҷуръат надошт, ки мушкили зиндагии худро ба роҳбарони болоӣ расонад. 
Хидматҳои ӯро ба назар гирифта, депутати халқи вилояти Навоӣ, дертар депутати халқи ноҳияи Нурато интихоб намуданд. Дар давоми фаъолияти худ дар таъмини аҳолии совхоз, минтақаҳои атрофи он ва бошишгоҳи чӯпонон бо оби ошомиданӣ ва қувваи барқ, таъмир ва мумфарши роҳҳо ҳиссаи худро гузошт. Аҳолӣ хусусан, аз норасоии об азият мекашид. Обро бо мошинҳо оварда ба аҳолӣ мерасонданд. Бо ташаббуси Баҳодур Тағоев дар масофаи садҳо километр қубурҳои об кашида шуданд. Хидматҳои қаҳрамони мо дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии “Маҳаллаи обод”, “Макони сабз” низ лоиқи таҳсин аст. Писари хурдии ӯ Мӯъминҷон ба соҳибкорӣ даст зада, сехи калони дӯзандагиро ба роҳ монд. Ин аст, ки бисёр занону духтарони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд. 
Баҳодур Тағоев аз соли 2008 директори мактаби касбу ҳунари рақами 1-уми ноҳияи Нуратост. 
Орзуву ормонҳои амаки Абдукарим ҷомаи амал пӯшид. Рӯзе дар болои кати рӯйи ҳавлӣ дароз кашида, бо чашмони нимпӯш зери лаб пичиррос зад: “Шукри Худо, писари ягонаам дар хидмати мардум, барои ман ин бахти бузург аст...”. 
Дере нагузашта Баҳодур қиблагоҳашро ба хок супорид... 
Оре, мушкили халқро осон намудану писанди мардум шудан бахти бузург аст. Саъдии Шерозӣ чӣ барҷо фармудааст:
Нахоҳӣ, ки нафрин кунанд 
аз пасат,
Накӯ бош, то бад нагӯяд 
касат.
– Баҳодурҷон суҳбати ширин дорад, адабиёти бадеӣ ва мутолиаи шеъру ғазалҳои классикони форсу тоҷикро дӯст медорад. Вақти холии худро бо мутолиаи китобу рӯзнома мегузаронад. Рафиқи дилсӯз аст, ҳаракат мекунад мушкили корафтодаеро осон намояд. Ба Баҳодур пеш аз ҳама дуоҳои модари 90-солааш болу пар мебахшанд,– мегӯяд дӯсти наздики ӯ Узоқбой Муродов.
– Албатта, модарон қуфли дари моянд. Аз кор омада, аввал ба хонаи модарам медароям, аз ҳолашон хабар гирифта, хотирҷамъона ба дигар корҳоям машғул мешавам, – мегӯяд Баҳодур. 
Ӯро, ки аз хурдӣ “Бобоҷон” меномиданд, имрӯз воқеан бобоҷон аст ӯ, бобоҷони набераҳояш. 
– Дирӯз ба модарам ҳазломез гуфтам, ки маро ҳеч кас шастсола намегӯяд, оё соли таваллудамро дар ҳуҷҷат нодуруст сабт нанамудаанд? Аз ин суханонам модарам бо завқ хандиданд, – мегӯяд Баҳодур.
Ҳамсараш Фазилабону ва духтараш Васила – кормандони тиб. Писаронаш Беҳрӯзҷону Мӯъминҷон соҳиби маълумоти олиянд, дасти падар гирифтаанд. Фарзандони қобили ӯ ин абёти Тошхӯҷаи Асириро ба ёд меоранд:
Намак дар комҳо ширинтар аз 
шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як 
писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар 
кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар 
дасти падар гирад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.            
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: