БОБУР, БОБИР Ё БОБР?

Баъд аз ҳазрати Навоӣ дар таърихи адабиёти классикии ӯзбек Бобур мавқеи ба худ хос дошт.

 Ҳаёти Бобур дар як давраи мураккаби таърихӣ, дар замоне, ки парокандашавии салтанати бузурги Амир Темур ҳанӯз ҷараён дошт ва зиддияту мубориза байни Темуризодагон торафт авҷ мегирифт, бо азобу машаққат гузашт. Ниҳоят, вай дар мулки Ҳинд давлати алоҳида ташкил ва ба сулолаи нав дар таърихи Ҳинди бостон асос гузошт, вале зиндагии осудааш дер давом накард. Дар авҷи камолот вафот намуд. Бо вуҷуди ин мероси бойи адабию илмӣ боқӣ гузошт. Ҷаҳониён ӯро натанҳо шоҳ ва саркардаи бузург, балки чун шоир ва мутафаккири камназир эътироф мекунанд.  
Бобур асосан бо туркӣ-ӯзбекӣ, қисман ба форсӣ-тоҷикӣ ғазал ва рубоиҳои баланд гуфтааст. Асари ёддоштӣ-монументалии «Бобурнома» ҳарчанд бо туркист, асосан бо байт ва порчаҳои шеърие, ки бо форсӣ-тоҷикианд, ороиш ёфтааст, ки он падидаҳо асосан ба муаллиф, қисман ба шоирони  барҷастаи форсигӯ мутааллиқанд.
Темуризода Мирзо Бобур аз авлоди писари сеюми Соҳибқирон Амир Темур Мирзо Мироншоҳ, фарзанди Мирзо Умаршайх буд, ки дар вилояти Фарғона (пойтахташ Андиҷон) ҳукмронӣ кардааст. Ҷуз Заҳириддин Муҳаммад вай боз ду писар дошт: Мирзо Ҷаҳонгир ва Мирзо Носир. Духтаронаш Хонзодабегим, Меҳрубонубегим, Шаҳрбонубегим, Ёдгор Султонбегим, Руқия Султонбегим ном доштанд. Нахустписар Заҳириддин Муҳаммад, ҳамин тавр, ду додар ва панҷ апаву хоҳар дошт.
Санаи таваллуди Мирзо Бобур дар манбаъҳо аниқ қайд шудааст: рӯзи шашуми моҳи муҳаррами 880 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 14 феврали соли 1483-и милодӣ.
Модараш Қутлуғ Нигорхонум духтари дуюми хони чиғатой Юнусхон буд, ки ҳукмдори Тошканд ҳисоб меёфт.
Шаҷарае, ки ба падари Заҳириддин Муҳаммад мепайвандад,  чунин аст: Мирзо Заҳириддин Муҳаммад Бобур ибни Умаршайх  ибни Мирзо Султон Абдусаид ибни Мирзо Мироншоҳ Кӯрагон ибни Амир Темур Кӯрагон. Яъне падари Бобур – Умаршайх, падари Умаршайх – Абӯсаид, падари Абӯсаид – Мироншоҳ, падари Мироншоҳ – Амир Темур қарор доштанд.
Бо ҳукми тақдири азал аввали моҳи рамазони соли 899-уми ҳиҷрӣ (июни соли 1494) Заҳириддин Муҳаммад дар синни дувоздаҳ, баъди ба таври фоҷиавӣ ҳалок гаштани Умаршайх, ҳокими вилояти Фарғона гардид. Асное вай рӯи тахт нишаст, дар Тошканд писари Юнусхон, бародари Қутлуғ Нигорхонум, ки Султон Маҳмудхон ном дошт, салтанат меронд. Баробари ҳамин дар шарёни Қутлуғ Нигорхонум хуни қабилаи қипчоқ низ ҷараён дошт. Тавре дар китобҳои куҳна қайд шуда, модари Юнусхон аз авлоди бекҳои қипчоқи  Туркистон шуморида мешуд. Зурриёти Шайх Нуриддин ном шахси зиёие буд, ки ба вай Амир Темур эҳтироми зиёд дошт.
Мирзо Бобур, ҳамин давр, дар Андиҷон ҳанӯз овони наврасӣ тахтнишин гардиду ҳаёти минбаъдааш, тавре ишора кардем, пуризтироб, ноорому сертаҳлука гузашт.
Дар бораи рӯзгор ва осори шоҳ, саркарда ва суханвари нотакрор зиёд таваққуф накарда, тасмим гирифтем оиди таърихи Заҳириддин Муҳаммад Бобур ном гирифтани ин шахсияти барҷаста дар асоси такя ба сарчашмаҳои гуногун баъзе мулоҳизаҳо пеш орем.
Мувофиқи маълумоти «Таърихи Рашидӣ» Юнусхон қабл аз таваллуд ёфтани набера аз Тошканд ба Андиҷон омад ва аз олими бузург Мавлоно Марғилонӣ хоҳиш намуд ба кӯдак исм гузорад. Мунирхоҷа аз рӯи одати исломӣ ба китобҳои муқаддас рӯй овард ва 6-уми муҳаррамро аниқ сохта, ба тифл «Заҳириддин Муҳаммад» ном гузошт.
Аммо ровиёни дигар маълумот медиҳанд, баъде кӯдак таваллуд ёфт, «ба он зоти бобаракат ҳазрат Хоҷа Аҳрори Валӣ Заҳириддин Муҳаммад ном гузошт».
Бо хоҳиши Умаршайх, ки ба валию уламо эҳтироми бузург дошт, аз ҷониби Мавлоно Мунирхоҷа ё Хоҷа Аҳрори Валӣ, ҳамин тавр, номи муносиб гузошта шуд.
Дӯстдоштатарин шуғли ҳукмрони Фарғона Умаршайх, тавре дар манбаъҳо қайд шуда, «Шоҳномахонӣ» буду ба қаҳрамонҳои афсонавии он ҳавас мекард. Худ низ дар муҳорибаҳо далерии бемисл нишон медод. Мушташ аз зарби шамшераш пурзӯртар буд. Мехост ба нахустфарзанд номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-ро, ки  ҷумла гурд ва диловар буданд, гузорад. Вале аз раъй гашт, дар номгузорӣ ба ҳомиёни дину диёнат муроҷиат сохт.
Аммо баъде Заҳириддин Муҳаммад ақли худ шинохт ва ҳанӯз аз хурдсолӣ дар ботин як ҷасорат ва мардонагӣ ҳис намуд, тахаллуси Бобурро ба худ лозим шумурд, ки дар он ишораест ба бабр – даррандаи ваҳшии нотарс, ки ба паланг шабоҳат дорад. Хоҷу менависад:
Зи ногоҳ баромад яке тира абр,
Хурӯшон чу шеру ғиревон чу бабр.
Заҳириддин Муҳаммад, асное ба майдони мубориза мебаромад, воқеан бабрро мемонд бо ҷасорат, пурзӯрӣ ва чолокии хос. Вале дар арсаи эҷод ё худ лаҳзае, ки ба одамон мулоқот месохт, тамкин ва ҳалимӣ аз даст намедод. Кас ба хаёле намерафт, ки ӯ Бабри бадхашм аст.
Дар тарзи навишт ва талаффузи тахаллуси Заҳириддин Муҳаммад фикрҳо гуногун. Дар солҳои салтанати шӯравӣ «Бобир» навишта ва хонда мешуд. Аз солҳои навадуми асри гузашта он ба «Бобур» табдил ёфт.
Адабиётшинос Абдураҳмон Пиримқулов «Бобир»-ро дуруст мешуморад ва қайд мекунад, муаллифи «Бобурнома» тахаллуси худро иборат аз чаҳор ҳарф дар шакли «Бабр» навиштааст, дар алифбои арабиасоси аҷдод садонокҳои кӯтоҳ навишта намешаванд, дар асри гузашта дар асл «Бобир» – дуруст навиштаанд.
Ин ақидаро ҷонибдорӣ кардан лозим ё не?
А. Пиримқулов аз чаҳор ҳарф иборат будани «Бобур»-ро воқеан дуруст таъкид месозад, аммо «Бабр»-е, ки овардааст, аз се ҳарф таркиб меёбаду халос: бо, бо, ре. Муаллифи «Бобурнома» тахаллусашро бо ҳарфҳои бо, алиф, бо ва ре зикр менамояд, ки онро на Бабр, балки ҳамчун Бобур ё Бобир хондан дуруст. Номи яке аз шоҳҳое низ, ки аз Заҳириддин Бобур пештар гузашта ва Ҷомӣ ба ӯ ишораҳо сохтааст, бо ҳарфҳои болоии арабӣ қаламдод шудааст.
Бархе дар ақидаанд, шояд на Бобур, на Бобир, балки Бобр аст шакли дурусти тахаллуси шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад, ки вақте ба арсагоҳ мебаромад, воқеан ба бабр ё шери хурӯшон шабоҳат дошт.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: