БОБУРМИРЗО ВА МАХДУМИ АЪЗАМ

«Равобиту муносибатҳои устодиву шогирдӣ дорои таърихи дуру дароз буда, туфайли ҳамин алоқамандӣ мутафаккирони бузурги мо: Абӯалӣ ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Форобӣ, Берунӣ, Имом Бухорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абӯҳомиди Ғаззолӣ муносибатҳои устодиву шогирдиро ба роҳ монда буданд», — менависад, профессор Рустам Шодиев дар мақолааш «Муносибатҳои устодию шогирдӣ дар таълимоти Нақшбандия».

«Равобиту муносибатҳои устодиву шогирдӣ дорои таърихи дуру дароз буда, туфайли ҳамин алоқамандӣ мутафаккирони бузурги мо: Абӯалӣ ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Форобӣ, Берунӣ, Имом Бухорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абӯҳомиди Ғаззолӣ муносибатҳои устодиву шогирдиро ба роҳ монда буданд», — менависад, профессор Рустам Шодиев дар мақолааш «Муносибатҳои устодию шогирдӣ дар таълимоти Нақшбандия».
Дарҳақиқат, дар таърихи тамаддуни Машриқзамин муносибатҳои устодиву шогирдӣ аз қадимулайём, ҳанӯз аз даврони пеш аз ислом, маълум буд. Дар ин хусус дар китоби динии Зардуштӣ  «Авесто», «Қиссаи Ардашери Бобакон», намунаҳои осори хаттӣ  ва эҷодиёти шифоҳии халқӣ маълумоти зиёдро дучор омадан мумкин аст. Замони паҳншавии дини Ислом дар гӯшаву канори ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ якҷоя бо Каломи  маҷиду ақидаҳои исломӣ, илму фарҳанги араб, забони арабӣ, урфу одат ва маросимҳои вобаста ба дини ислом, тарзи зиндагонии исломӣ васеъ густариш ёфту равнақ пайдо кард.
Ҳамҷоя бо мустаҳкамшавии аҳкому аркони шариат, тарзи тафаккури исломӣ ташаккул меёбад ва дар илми фалсафаи исломии асрҳои миёна роҳҳои гуногуни тариқат, таълимоти тасаввуф пойдор мегардад. 
Маълум аст, ки  тасаввуф илмест оиди ишқи илоҳӣ, дарёфти ҳақиқат, тавассути зӯҳду тақво расидан ба васли Аллоҳи бузург.
Рушду равнақи анъанаи устодию шогирдӣ дар тариқатҳои мухталифи тасаввуф, аз ҷумла дар тариқати нақшбандия, равшан ба назар мерасад. Билхоса, ин муносибат дар тариқати Хоҷагон-нақшбандия дорои тартибу қоидаҳо ва ҷанбаҳои маънавии ба худ хос мебошад. Бояд тазаккур дод, ки поягузори тариқати хоҷагон Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ дар ибтидои асри XII ба Осиёи Марказӣ меояд ва таълимоти худро ба асосгузорони тариқатҳои навин Хоҷа Аҳмади Яссавӣ, Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва шайх Наҷмуддини Кубро меомӯзад. Ва ин анъанаи устодию шогирдӣ дар таърихи тасаввуф бо номи «Силсилат-уз-заҳаб» (“Занҷири тиллоӣ”) маълуму маъруф аст. Дар навбати худ Хоҷа Аҳмади Яссавӣ чун поягузори тариқати яссавия, шайх Наҷмуддини Кубро (Умар ибни Абдулҷанноб Аҳмад ибни Муҳаммади Хивакӣ) чун бунёдгузори тариқати кубравия ва Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ чун асосгузори тариқати  Хоҷагон таълимоти худро ба пайравони сершумори худ ёд дода буданд. 
Мутафаккир ва мутасаввифи намоёни нимаи дуюми асри XV  ва аввали  қарни  XVI, пешвои тариқати Хоҷагон-нақшбандияи давр Сайид Аҳмад ибни Мавлоно Ҷалолуддин Хоҷагии Косонии Даҳбедӣ барои хидмати бузургаш дар инкишофи тариқати нақшбандия аз ҷониби уламову фузалои замонааш сазовори рутбаи фахрии “Махдуми Аъзам” (Хоҷаи бузург) гардида буд ва мавсуф яке аз ашхоси намоёни идомадиҳандаи анъанаи устоду шогирдӣ дар тасаввуф ба ҳисоб меравад.
Махдуми Аъзам дар давоми зиндагии худ натанҳо оиди ақидаҳои тариқат, фалсафаи тасаввуф, масоили фиқҳ ва ахлоқ, санъату услуби давлатдорӣ, тарзи идоракунии давлат ва масъалаҳои адолати иҷтимоӣ якчанд рисолаи фалсафию ирфонӣ, ахлоқӣ, адабӣ иншо намудааст, балки як силсила шогирдони соҳибистеъдоду соликон (пайравон)-и муътақиди тариқатро тарбия намудааст, ки дар таърихи тасаввуф  мавқеву мақоми хос доштанд. Тавре ки тасаввуфшиноси шинохта Турғунбой Саксонов дар рисолаи “Махдуми Аъзами Даҳбедӣ” навиштааст: “Дар чанде аз маъхазҳои таърихӣ Махдуми Аъзамро чун пиру устоди 60 нафар шогирдони соҳибкароматро тарбият намуда, бо унвони “пири шастӣ” ёдовар гаштаанд”. Аз байни шогирдони Махдуми Аъзам номҳои чунин ашхоси намоёни тасаввуф ба монанди Хоҷа Исломи Ҷӯйбории Бухорӣ, Мавлоно Лутфуллоҳи Чустӣ, Мавлоно Муҳаммад Пояндаи Ахсикатӣ, Мавлоно Муҳаммадамини Косонӣ, Мавлоно Хоҷа Дӯстмуҳаммад, Мавлоно Ҳамидуддин, Мавлоно Хурди Азизон, Хоҷа Муҳаммади Шариф, Мавлоно Исмоили Ширвонӣ, Мавлоно Дӯсти Саҳҳоф, Мирак Қутбиддин ибни Мавлоно Муҳаммади Қозӣ, Шайх Убайдуллои Илоҳӣ ва бисёр дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар рушди тариқати Хоҷагон-нақшбандия саҳми босазо гузоштаанд. Яке аз чунин ашхоси намоёни ибтидои асри XVI, ки Махдуми Аъзамро чун пиру устоди  маънавии худ қарор дода, ба ӯ бо меҳри хосса эътиқоди комил парварда буд, адиб ва арбоби бузурги давлатии темуриён Заҳириддин Муҳаммад Бобур буд. Анъанаи ба пирони тасаввуф, шахсиятҳои маъруфи соҳибкаромати замони худ эътиқод кардан, чун пиру устод эътирофу эҳтиром намудан яке аз хусусиятҳои ба худ хоси сулолаи темуриёну шайбониён буд. Агар Соҳибқирон Амир Темур ба яке аз пирони нақшбандия Мир  Сайид Кулол эътиқоди хосса дошт, авлоди ӯ Мирзо Улуғбек, Умар Шайх Мирзо пайравони Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ ва Мавлоно Муҳаммади Қозӣ буданд. 
Тазкиранависи намоёни асри  XVI Муҳаммад Содиқи Қашқарӣ дар рисолаи  “Тазкираи азизон” оиди ихлосу эътиқоди баланди Заҳириддин Муҳаммад Бобур нисбати Махдуми Аъзам маълумот дода, барои исботи фикрҳояш рубоии зеринро, ки мансуби қалами Бобурмирзо мебошад, меорад:
Дарвешонро гарчи на аз 
хешонем,
Лек аз дилу  ҷон 
муътақиди эшонем.
Дурист бигӯй, шоҳро 
аз дарвеш, 
Шоҳем, вале бандаи 
дарвешонем.
Дар ибтидои қарни  XVI баъди даст кашидан аз тахти Самарқанд (баъди набард бо Шайбонихон), ҳангоми бозгашт ба Фарғона Бобурмирзо аз ҷониби ғанимонаш ба шаҳодат расидани пиру устоди худ Мавлоно Муҳаммади Қозӣ огоҳӣ меёбад.
Аз ин ҳолат Бобурмирзо сахт мутаассир ва ба дарду изтироб гирифтор мегардад ва меҳру ихлосаш нисбати Махдуми Аъзам фузунтар мегардад. Зеро, баъди ҳалокати Муҳаммад Қозӣ вазифаи пешвои тариқати Хоҷагон-нақшбандия дар Мовароуннаҳр ба ӯҳдаи Махдуми Аъзам гузошта шуда буд. Ҳам шайбониёни тахти Самарқандро бадастоварда – Убайдуллохон ва фарзандони ӯ Абдулазизхон ва Ҷонибек Султон, ҳам намояндаи сулолаи темуриён Заҳириддин Бобур нисбати Махдуми Аъзам ихлосу эътиқоди қавӣ доштанд. Зеро, айнан Махдуми Аъзам дар пешгирии ҷангҳои хонумонсӯзи байни шайбониёну темуриён ҷонсӯзӣ карда, барои муросокориву ҳамдигарфаҳмии ҳукмдорони ҳарду сулола заҳмати зиёд ба харҷ дода буд.
“Айнан дар ҳамон давра  адиб ва арбоби намоёни давлатӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур барои дарёфти эътибору пуштибонии пири тариқат – Махдуми Аъзам  рисолаи “Волидия”-и Хоҷа Аҳрори Валиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда, ба он  якчанд рубоии форсӣ-тоҷикии худро дар илова бо ҳадяву туҳфаҳои зиёд аз Ҳиндустон ба Самарқанд, ба пири муршиди худ мефиристад”, – навиштааст муҳаққиқ Бахтиёр Бобоҷонов дар китоби “Ахтарони маънавият” (саҳ. 275).
Яке аз қитъаҳои ба Махдуми Аъзам бахшидаи  Бобурмирзо ин аст:                           
Дар ҳавои нафси гумраҳ 
умр зоеъ кардаем, 
Пеши аҳлуллоҳ  аз 
атвори худ шармандаем. 
Як назар бар мухлисони 
хастадил бинмо, ки мо, 
Хоҷагиро мондаему 
хоҷагиро бандаем. 
Айнан ба қалами Бобурмирзо мансуб будани қитъаи мазкурро таъкид намуда, тазкиранависи намоёни асри XVI Ҳасанхоҷа Нисорӣ  дар рисолаи худ “Музаккири аҳбоб” чунин овардааст: “Ӯ (Бобурмирзо – А.Н.) ба сулуки нақшбандия  нисбату иродати хосса дошт. Қиблагоҳи бузурги олинасабу салтанатнишони он Ҳазрат (яъне Бобурмирзо) дар қайди иродати Хоҷа Аҳрор қадасаллоҳу сирраҳу (сиррашон муқаддас бод) буданд. Он Ҳазрат ба авлоду аҷдоди он бузургвор таъзиму такрим оварданро ҳар соату ҳар дақиқа аз назар дур намегузоштанд. Аз ин лиҳоз ҳангоми ба Ҳазрат Махдуми Аъзам —  Хоҷагии Косонӣ фиристодани як миқдор нуқраву зар ҳамин қитъаро низ ирсол дошта буд”. (Ҳасанхоҷа Нисорӣ. “Музаккири аҳбоб”, Тошканд, нашриёти А.Қодирӣ, 1993). 
Дар қитъаи мазкур мисраи чорум  “Хоҷагиро мондаему хоҷагиро бандаем” мӯҳтоҷ ба тавзеҳ аст. Баъди аз ҷониби рақибони Заҳириддин Бобур – Аҳмади Танбал ва Чаҳонгир Султон ба шаҳодат расонидани пиру устоди Бобурмирзо  Мавлоно Муҳаммади Қозӣ, намояндаи охирини Темуриён бе пешвои маънавӣ мемонаду ба ҳолати рӯҳафтодагӣ меафтад. Ва ӯ дар симои Махдуми Аъзам, ки он замон пешвои тариқату соҳиби каромат гардида буд, барои худ  роҳбару устоди муносибро пайдо мекунад.  Зеро, Махдуми Аъзам шогирди Муҳаммади Қозӣ буда, аз ӯ таълим гирифта буд. Аз ин боис баъди вафоти Муҳаммади Қозӣ барои худ Махдуми Аъзамро чун пири муршид интихоб кардани  Бобурмирзо ҳолати табиӣ ва идомаи мантиқии силсилаи ихлосу эътиқоди темуриён ба намояндагони тариқати Хоҷагон-нақшбандия мебошад. Чун рамзи ихлосу эътиқоди қавӣ ба Махдуми Аъзам  Заҳириддин Муҳаммад Бобур рисолаи “Волидия”-и Хоҷа Аҳрори Валиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда, онро ба пиру муршиди худ бо намунаҳои ашъори худ мефиристад. Дар ин хусус тазкиранависи маъруфи асри  XVI Муҳаммад Содиқи Қашқарӣ дар рисолаи хеш “Тазкираи азизон” чунин навиштааст: “Тавре ки дар “Бобурнома” зикр ёфтааст, замоне Бобурмирзо ба бемории вазнини рӯҳӣ гирифтор мешавад. Дар “Бобурнома” Бобурмирзо муаллифи рисолаи  “Қасидаи Бурда” Шайх Шарафуддин Абӯабдулло Бӯсириро ба ёд меорад. Шайх Бӯсирӣ ҳангоми таълифи асари худ тавассути ихлосу эътиқоди комил ба Худованд ва ақидаҳои тариқат аз маризии фалаҷ пурра халосӣ меёбад. Ҳаминро ба ёд оварда Бобурмирзо низ бо ихлосу нияти пок ба тарҷумаи рисолаи “Волидия”-и пири қиблагоҳаш – Хоҷа Аҳрори Валӣ шурӯъ менамояд. Асар дар мавзӯи ирфону тасаввуф буда, иборат аз таҳлили аҳкому аркони тариқат мебошад ва ба Бобур бахшида шудааст. Ҳангоми тарҷумаи рисола дар зери таъсири ақидаву ғояҳои ирфонӣ, зӯҳду тақво, фурӯ нишондани хоҳишҳои нафсонӣ дар рӯҳияи Бобурмирзо тадриҷан табаддулоти куллӣ  ба вуқӯъ меояд ва ӯ дар ниҳояи кор  аз маризӣ пурра шифо меёбад. Баъди анҷомёбии тарҷума Бобурмирзо аз он нусхаеро кӯчонида, якҷоя бо чанде аз қитъаву рубоиҳои форсӣ-тоҷикии худ ба пиру устоди хеш Махдуми Аъзам  ирсол менамояд. Аз рубоии якуми боло то куҷо эътимоду ихлос доштани Бобурмирзоро нисбати пири муршиди худ пай бурдан душвор нест. Дарҳақиқат, барои ошкоро ба забон овардани суханони  “Шоҳем, вале бандаи дарвешонем” аз соҳиби салтанат ва адиби бузург чӣ қадар қувваю шуҷоат ва иродаи қавӣ лозим шудааст, ки дар худ туғёни нафсонӣ ва ҳисси кибру ҳаворо фурӯ нишонад. Ҷавобан ба ин иқдоми неку хайрхоҳона, эҳтирому илтифоти баланд Махдуми Аъзам чун назира ба тарҷумаи  “Волидия”, рисолаи худ “Бобурия”-ро иншо намуда, ба Бобурмирзо мефиристад. Дар асари худ Махдуми Аъзам Бобурмирзоро, ки бо табдили кибру ҳавои шоҳона ба либоси хоксорона орифона роҳи тариқатро пеш гирифтааст, муборакбод менамояд. Рисолаи номбурда пайванди риштаҳои пиру устодӣ, дӯстии самимонаи Махдуми Аъзам ва пайрави мӯътақиди тариқати нақшбандия – Заҳириддин Муҳаммад Бобур пойдору мустаҳкамтар мегардонад.
Рисолаи “Бобурия” дар баробари он ки ифодагари муносибатҳои дӯстии самимонаи устоду шогирдии байни Махдуми Аъзам ва шоҳу адиби барҷаста Заҳириддин Бобур аст, намоёнгари таъсири калони рӯҳии мубаллиғони тариқати нақшбандия ба арбобони давлатии замони худ дар ҷорикунии адолати иҷтимоӣ ва сулҳу осоиш дар сарзамини Мовароуннаҳр ба ҳисоб меравад. Бинобар эътиқоди комилу устувор ба ақидаҳои тариқати нақшбандия ва пирону устодони он  Заҳириддин Муҳаммад Бобур натанҳо дар Афғонистон, балки дар сарзамини Ҳиндустон давлати бузурги бобуриёнро бунёд мекунад ва солҳои дароз дар рушду равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг анъанаҳои темуриёнро идома медиҳад. Махдуми Аъзам ба сифати симои барҷастаи тариқати нақшбандия натанҳо онро аз лиҳози назарӣ инкишоф додааст, балки чун пири муршиди сулук дар тарбияву ташаккули мутасаввифони намоёни замони худ ва мӯътадилсозии вазъияти иҷтимоиву сиёсии кишвар хидмати бузургро анҷом додааст.

Абдулвоҳид 
НУРИДДИНОВ, 
муаллими калони Донишгоҳи давлатии Намангон, 
доктори илмҳои фалсафа (PhD).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: