БОЙКОТИ ПАХТАИ ӮЗБЕКИСТОН БЕКОР ШУД

Эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign» бекор шудани бойкоти даҳсолаашро нисбати пахтаи Ӯзбекистон эълон намуд.

Акнун ҷалби ҳарчи бештари брендҳои ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон беш аз пеш меафзояд. 
Маросими эълони бекор шудани бойкоти эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign» дар Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ва як гурӯҳ намояндагони эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign» иштирок  карданд.  
Гуфта мешавад, намояндагони «Cotton Campaign» бо пахши изҳороти худ мавҷуд набудани меҳнати маҷбурии мунтазам дар мавсими пахтачинӣ дар Ӯзбекистонро бо боварӣ эътироф намуданд.
Танзила Норбоева эълони бекор шудани бойкоти эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign»-ро   дастоварди таърихӣ ва натиҷаи заҳмати чандинсола унвон кард. 
– Ҳоло ба чунин натиҷа расидем, ки эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign» ба бекор шудани ин бойкот даст задаву эътироф намуд, ки дар Ӯзбекистон ба меҳнати маҷбурӣ куллан хотима дода шудааст. Инро Созмони ҷаҳонии меҳнат низ эътироф намудааст, – иброз дошт раиси Сенати Олий Маҷлис дар ин маросим.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии Танзила Норбоева ҳанӯз соли 2019 дар нишасти солонаи эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign» дар Вашингтон ширкат намуда, бекор кардани бойкоти брендҳои бузургро нисбати маҳсулоти бофандагии Ӯзбекистон дар миён гузошта буд.
Ҳоло шароит фароҳам омадааст, ки бештар аз 300 бренди хориҷӣ, мисли Nike, Zara, GAP, Levi`s, H&M, UNIQLO ва амсоли он бо истифода аз бекор шудани бойкоти эътилофи байналмилалии «Cotton Campaign» дубора ба Ӯзбекистон оянд ва дар ивази сармояҳои худ пахтаи моро ҳамчун ашёи хом харидорӣ кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: