БОЙМАҲАЛЛА ДАР КУҶОСТ?

Истгоҳи назди бозори калони шаҳри Чуст дар сероҳа воқеъ аст, ҳокимияти ноҳия, идораҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдою хидматрасонӣ аз ин ҷо дур нестанд.

Истгоҳи назди бозори калони шаҳри Чуст дар сероҳа воқеъ аст, ҳокимияти ноҳия, идораҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдою хидматрасонӣ аз ин ҷо дур нестанд. Барои ҳамин, истгоҳ ҳамеша пуродаму сермошин. Аз ин ҷо ба ҳар сӯйи шаҳру берун аз он сафар кардан мумкин. Бо ин мақсад кирокашҳо барои бурдан ба Садача, «Медколлеҷ», Паст ё «Тошкандпитак» таҳҷоиёну мусофиронро даъват менамоянд.
Солҳои охир ба қатори он хатсайрҳо Боймаҳалла низ дохил шуд. Мо маҳаллаҳои Гулистон, Наврӯз, Зарафшон, Меҳнатобод ва дигари шаҳри Чустро шунидаем, аммо Боймаҳалла барои мо нав буд.
Боймаҳалла чӣ хел ҷо бошад? Дар ин ҷо бойҳо зиндагӣ мекардагистанд ё аз маҳаллаҳои наву хеле обод будагист. Ба ягон хулоса омадани мо душвор мешуд. «Шунидан кай бувад, монанди дидан». Он маҳалро бо чашми худ дидан хостем.
Дар истгоҳ бо як садо додани «Боймаҳалла» ба мошине нишаста, равон шудем. Мошин рафта-рафта ба як кӯчаи ба мо ношиносе даромад, пас аз чанд нафасе дар даромадгоҳи кӯчаи хурде истод. Ронанда аз дархости мо огоҳ буд, гуфт:
– Ман ба ин кӯча намегардам, рост меравам. Он ҷойи мошинистода идораи маҳалла.
Рафтем он ҷо. Дар лавҳаи дари идора бо ҳарфҳои калон «Дӯстлик» навишта шуда буд. Фаҳмидем, ки маҳалла бо ин ном будааст. Аммо дар он на калимаи «бой»-у на «боймаҳалла» акс шудаанд. Гарчанд чунин буд, боз ҳайратамон меафзуд, ки чӣ гуна маҳалла бошад?
Маҳаллаи «Дӯстлик» дар ҷониби ҷанубӣ-шарқии шаҳри Чуст ҷойгир будааст. Раиси ҷамоати шаҳрвандон Музаффархон Умаров моро бо хушнудӣ пешвоз гирифт. Вай мақсади моро равшан дарк намуда, дар коргоҳи худ, назди харита доир ба ҳудуди маҳалла маълумот дод, ки соли 1979 бо мақсади шаҳрро васеъ ва аҳолиро бо хонаю ҷой, минтақаи замини наздиҳавлӣ таъмин намудан маҳалла ташкил шудааст. Шояд аз сермиллат будан бошад, номи «Дӯстлик»-ро гирифтааст.
Алҳол дар маҳалла 5980 нафар аҳолӣ – 1446 оила зиндагӣ мекунад. Бештари он тоҷикон ва намояндагони миллатҳои ӯзбек, қазоқ, қирғиз, рус, тотор ва турк аҳлу тифоқ зиндагӣ карда, бо фаъолияти меҳнатӣ машғуланд.
Дар ҳудуди маҳалла коллеҷи тиббӣ, мактаби маълумоти миёнаи умумии рақами 9, муассисаи таълими томактабии рақами 30, 3 боғчаи хусусӣ, 2 маркази тиббӣ ва дуконҳо фаъолият мебаранд. Хонадонҳо 100 фоиз бо оби тоза ва 80 фоизашон бо гази табиӣ таъминанд, 2 зеристгоҳи қувваи барқ таъмирталаб аст, боз сето зеристгоҳ лозим. 1,2 километр роҳи  давлатии кӯчаи Пахта пурра ва қариб сеяки роҳи кӯчаи Зафар Диёр мумфарш карда шудаанд. Ба 600 метр масофаи кӯчаи Чармгарон қубури об кашида шуд, 85 фоизи сокинони ин ҷо бо гази табиӣ таъмин гардиданд.
Аз кӯчаи Ёшлик то шоҳроҳи Намангон – Тошканд 700 метр роҳи давлатӣ фарох, қулай ва ҷавобгӯи замон шуда истодааст. Дар бари ин кӯча, мувофиқи қарори роҳбари давлатамон, бунёдгардонии ним гектар токзор ба нақша гирифта шудааст.
Дар даври пандемия аҳли маҳалла бо зиёда аз 32 миллион сӯмина лоиҳаи эҳтиёҷи ҳаррӯза таъмин карда шуданд.
Дар асоси қарори Президент сохтмони идораи нави маҳалла бо ёрии давлат қариб ба охир расид.
Соли гузашта, бинобар қарори сарвари давлат, ба 74 нафар аз «Дафтари ҷавонон» аз қаламрави хоҷагии фермерии «Омад-2000» даҳ сотихӣ замин дода шуд. Пешқадамони онҳо аз деҳқониашон то 15 миллион сӯм даромад гирифтанд.
Дар давоми суҳбат пурсидем, ки чаро маҳалларо «Боймаҳалла» ҳам меноманд?
Раис Умаров чунин ҷавоб дод:
– Ҳақиқатан, дар байни мардум он чунин ном гирифтааст. Аз он сабаб аст, ки мо дорои соҳибкорон, корчаллонон, ҳунармандон, савдогарони калон, бинокорони гулдаст, инчунин боҳимматону саховатпешагонем. Барои ҳамин маҳаллаи мо бой, ободу машҳур аст. Яке аз бонувони меҳрубону саховатманд Дилбар Боқиеваи куҳансол аз ҳисоби пули барои ҳаҷ ҷамъкардааш беш аз ним километри кӯчаи Янгийӯлро мумфарш кунонд. Соҳибкори  дасткушод Ҳамидхон Мирсаидов маҷмӯаи тантанаҳои «Баркамол авлод»-ро ба ивази 15 миллиард сӯм бунёд кард. Бо кумаки ҳимматбаландони маҳалла ба канори ҳавлии Гулноза Валиева, ки аз руғихати «Дафтари оҳа-нин» ҷой гирифта буд, 20 метр девори оҳану бетонӣ, дарвозаи нав рост карда шуд. 
Раис Музаффархон Умаров вақте моро гусел мекард, ба як иморати баландошёнаи нави кӯча ишора карда, гуфт:
– Мо дар ин ҷо сехи дӯзандагиро ташкил карданием.

Ш.МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: