БОЛОРАВИИ САЛОҲИЯТИ ИҚТИСОДӢ – МАНБАИ ПАЙДОШАВИИ ҶОИ НАВИ КОР

Президенти мамлакат дар бораи ташкил намудани минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон– фарм» аз 14 январи соли 2019, фармон содир кард.

Гуфта мешавад, ташкили корхонаҳои дорусозӣ салоҳияти иқтисодии ин вилоят ва, дар маҷмӯъ, кишвари моро хеле боло хоҳанд бурд.
Бино ба ин фармон минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон– фарм» барои  ташкил намудани корхонаҳои технологии пуриқтидори дорусозӣ ва татбиқи беш аз пеши лоиҳаҳои сармоявӣ дар ҷумҳуриамон хеле мусоидат мекунад. 
Гузашта аз ин, ҷалби мустақими сармояҳои хориҷӣ маҳз дар фароҳам овардани шароити созгор ва татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ин самт нигаронида шудаанд,  омили муҳим маҳсуб меёбад. Дар натиҷа бозори дохилӣ бо доруворҳое таъмин карда мешавад, ки аз гиёҳҳои табиӣ сохта шудаанд ва ба узви инсон зарар намеоваранд.
Ҷанбаи дигари ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ дар вилояти Андиҷон баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии он мебошад: ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешаванд, сафи бекорон коҳиш меёбад, аҳолӣ аз ҳисоби шуғли меҳнат даромад ба даст меорад ва маишати оилавии худро таъмин мекунад.
Тавре ки дар фармони Президент қайд шудааст, барои ташкил намудани корхонаи замонавии дорусозӣ мебояд аз ҷалби мустақими сармояҳо истифода кард ва корбасти технологияҳои замонавии  корхонаҳо ва ширкатҳои дорусозии Ҳиндустонро ба роҳ монд.
Пӯшида нест, ки Ӯзбекистон дорои табиати мафтункунанда ва ҷаззоб мебошад. Дар фазои чунин табиат гулу гиёҳҳое мерӯянд, ки назирашонро дар минтақаҳову кишварҳои дигар пайдо кардан амри маҳол аст. Аз ин лиҳоз, дар мо заминаи созгори ба роҳ андохтани корхонаҳои дорусозӣ бештаранд. Танҳо барои иҷрои ин кор технологияҳои наву замонавӣ корбаст карда шаванд, худ аз худ ба муваффақиятҳо ноил шудан имконпазир мегардад.
Нуктаи дигаре, ки дар фармони сарвари давлатамон низ қайд шудааст, дар шароитҳои табиӣ парвариш намудани алафу гиёҳҳое мебошад, ки аз он дорувор тайёр карда мешаванд ва ин алафу гиёҳҳо ба табиати вилояти Андиҷон мутобиқанд. Ғайр аз ин, то замоне, ки  корхонаи ҷадиди «Андиҷон–фарм» пойдору мустаҳкам мегардад, маводи мавриди ниёзи онро метавонанд корхонаҳои дигари дорусозӣ таъмин кунанд.
Ба ақидаи мутахассисон  дар минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон–фарм» ривоҷ додани инфрасохторҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ, роҳу нақлиёт ва иҷтимоӣ, ҳамчунин ташаккул додани хизматрасонии логистикӣ низ аз омилҳои муҳим шумурда мешаванд. Гузашта аз ин, бо кадрҳои баландмалака таъмин кардани он, дар қаламрави минтақаи мазкур ташкил намудани дарсҳои омӯзишӣ ва такмили касби кормандони фанниву қаторӣ низ ба сифати шарти ногузир аҳамият касб намудааст. Бидуни пиёда кардани ин раванд минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон– фарм» наметавонад ба пешрафтҳои назаррас ноил шавад.
Ногуфта намонад, ки муддати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон– фарм» сӣ сол муқаррар шудааст. Аммо интизор меравад, ки дар сурати зарурати идомаи фаъолияти он муддати мазкурро боз  тамдид хоҳанд кард.
Дар ин маврид вокунишҳои мардум мусбат аст. Аз ҷумла, сокини шаҳри Андиҷон Камолхон Мирзоев мегӯяд, ки давлат барояш нафақа тайин кардааст ва барои зиндагии мутавассита кифоят мекунад. Ба гуфтаи ӯ майдони обчакорӣ дорад, гову гӯсфанд парвариш мекунад. Дарахтони мевадиҳандаи ҳавлиаш низ боровар ҳастанд.
– Дуруст аст, ки дар солҳои касби истиқлол, хосатан, тайи дуним  соли охир дар вилояти Андиҷон дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд. Дили мардум ба  зиндагӣ низ гармтар шудааст, ки онро фоли нек арзёбӣ мекунам. Яке аз масъалаҳои муҳим фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дар айни ҳол ҳазорҳо сокини шаҳру ноҳияҳои вилоятамон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия, Қазоқистон ва ҳатто Аврупову Амрико рафтаанд. Инро аксарият медонанд ва бигзор бираванд,– мегӯяд сокини шаҳри Андиҷон Камолхон Мирзоев.
Ба таъкиди ӯ аммо дар ин муддат боз ҷавонони зиёд донишгоҳҳо ва коллеҷҳои касбу ҳунарро хатм кардаву хатм мекунанд. Онҳо низ ба ҷои шуғл ниёз доранд. 
 Ҳамсуҳбати дигари мо, ки худро Солиҷон Раҳматов муаррифӣ кард, иброз намуд, ки ташкили минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон– фарм» дар дили одамони зиёди шаҳр ва атрофу акнофи он ҷиҳати пайдо кардани ҷои кор шӯълаи умедро фурӯзон кардааст. Вай гуфт, ки бовар дорад, бархе аз ҷавонон, хусусан занону духтарони бекор  ба ҷои кор ҳатман таъмин хоҳанд шуд.
– Мақсади Президенти мамлакатамон низ аз ҳамин иборат аст, ки мардум сарсону саргардон нашаванд, дар маҳали истиқомати худ ҷои кор дошта бошанд. Барои ин иқдом ташаккур арз мекунам. Чунки барои падару модарон имкон пайдо мешавад, ки якҷоя ба тарбияи фарзандон машғул шаванд, онҳоро таҳти назорат қарор диҳанд. Борҳо шоҳид шудаем, ки баъзан одамон пули зиёд пайдо мекунанд, аммо ба ин ҷиҳати масъала аз паси панҷа менигаранд. Дар натиҷа баъзе корҳои ғайримунтазира рух медиҳанд ва ё фарзандон дониставу надониста ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд,– бо нигаронӣ изҳори ақида намуд Солиҷон Раҳматов.  
Пас, арзи вуҷуд намудани минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон– фарм» бархе аз орзуву ормонҳои мардумро то андозае бароварда хоҳад сохт. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: