Бонки марказӣ ба муомилот баровардани банкноти 200 ҳазораро ба нақша гирифтааст

Бонки марказӣ ба нақша гирифтааст дар соли 2024 купюраҳои нави арзишашон 200 ҳазор сўмаро ба муомилот барорад.

Дар ин бора сардори идора Мамаризо Нурмуродов зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти ҷаласаи навбатии раёсати Бонки марказии ҷумҳурӣ иттилоъ дод.  

Вай афзуд, ки ба муомилот баровардани тангаҳо бо арзиши 1000 сӯм пешбинӣ шудааст.

Раиси Бонки марказӣ ёдовар шуд, ки муомилоти пулҳои нав боиси афзоиши таваррум нахоҳад шуд, зеро ҳамчун танзимкунанда ҳаҷми массаи пулро тағйир намедиҳад.

Инчунин, дар рӯзҳои наздик тавассути банкоматҳо пулҳои нави арзишашон 2000, 5000, 10000, 20000, 50000 ва 100000 сўмӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: