БОНКИ МИЛЛӢ КӮМАКРАСОНИ СОҲИБКОРИ ҶАВОН

Имрӯз дар сартосари мамлакатамон, ба мақсади бо кори доимӣ таъмин намудани ҷавонон ва баланд бардоштани тарзи зиндагонии аҳолӣ, ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегардад.

Аз ҷумла, Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Соли соҳибкории фаъол ва дастгирии ғояҳои инноватсионӣ ва технология доир ба дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд дар маблағгузории лоиҳаҳои онҳо бо ҷудо намудани асъори хориҷӣ ва миллӣ кӯмак мерасонад. 
–Ҷавонони имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фаъоланд,–гуфт  директори департаменти кредити бонки миллӣ Азиз Аслонов дар нишасти матбуотие, ки  таҳти мавзӯи «Чорабиниҳои Бонки миллӣ бобати васеъ ҷалб намудани аҳолӣ ба соҳибкорӣ, боз ҳам инкишоф додани соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурд» баргузор шуд. – Нақшаи тиҷоратии онҳо асосан оиди барпо кардани гармхонаи хурд, сехи қаннодӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад. Баъд аз омӯхта шудани нақшаи тиҷорат ва шароити ҷойи корӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ ва фаъолони маҳалла ба соҳибкор ба миқдори ҳазор баробари музди камтарини меҳнат кредит дода мешавад. Кредит пеш аз муддати муайянгардида пӯшонда шавад, ба соҳибкор воми имтиёзнок пешкаш карда мешавад.
Бонки миллӣ аз ҳисоби хати вомии ҳамкорони хориҷӣ оиди хариди таҷҳизот ва техникаи замонавӣ барои 123 лоиҳа 95,6 млн. доллари ИМА-ро ҷудо кард.
Бо мақсади маблағгузории ғояҳои инноватсионии соҳибкорон дар 73 гектар майдон гармхонаи замонавӣ дар усули гидропоника барпо гардид, ки ба он ба миқдори 29,8 млн. доллари ИМА вом ҷудо карда шуд.
Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии ҷумҳурӣ дар асоси Барномаи давлатии «Ҳар як оила–соҳибкор» бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагонии аҳолие, ки дар мавзеъҳои дурдаст умр ба сар мебаранд ва бо шуғл фаро   гирифтани ҷавонон дар асоси нақшаҳои муайян фаъолият мебарад. Дар давоми 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ бино ба Барномаи мазкур аз тарафи шуъбаҳои бонк ба 2981 нафар аҳолии кишвар вомҳои имтиёзнок ҷудо гардидааст.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: