БОНУЕ, КИ ҲАЁТАШРО БА ИЛМ БАХШИДААСТ

Инсоне, ки инсонро тарбия мекунад, насли наврасро аз овони кӯдакӣ таълиму тарбия менамояд, ба онҳо росткорӣ, илму адаб, поксириштиву ҳаётдӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми падару модар ва дигар сифатҳои волои инсониро меомӯзонад, Муаллим аст.

Шахсро барои шинохтану хислатҳояшро хубтар дарк намудан бо ӯ бояд аз наздик ошно шуд. Бо апаи Инобат ҳангоми сафар ба вилояти Фарғона шинос шудам. Аз суҳбаташ дарк кардам, ки ин бонуи хоксор ва нармгуфтор дар қӯраи зиндагӣ пухта, дар гармию сардии он обутоб ёфтааст. Ӯ ниҳоят камгап, хоксор ва самимӣ буд. Дар атрофамон чунин инсонҳое ҳастанд, ки мо на ҳамеша бузургӣ, зебоӣ ва некбиниашонро ҳис мекунем. Онҳо бо меҳнати ҳалол ва хислатҳои инсонпарварии худ ба қалби атрофиён рӯшанӣ меандозанд. Бонуи хушсалиқа, муаллимаи меҳрубон, олимаи соҳибэҳтиром аз зумраи чунин инсонҳои меҳнаткаш ва зебоипараст мебошад.

Инсоне, ки инсонро тарбия мекунад, насли наврасро аз овони кӯдакӣ таълиму тарбия менамояд, ба онҳо росткорӣ, илму адаб, поксириштиву ҳаётдӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми падару модар ва дигар сифатҳои волои инсониро меомӯзонад, Муаллим аст. 

Инобат Ширинова дар ноҳияи Сирдарёи вилояти Сирдарё дар оилаи деҳқони одӣ дида ба дунё кушодааст. Волидайни ӯ чунин мешумориданд, ки тарбияи асосӣ барои фарзанд он аст, ки онҳоро дар руҳияти меҳнатдӯстӣ ва азхуд кардани илму маърифат ба воя расонанд. Маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 15-уми ба номи Охунбобоеви зодгоҳаш гирифт. Устоди нахустини худ Нарзулло Шарифовро ҳамеша ба некӣ ёд мекунад. Ӯ бо хулқи намунавӣ ва дониши аъло дар мактаб ангуштнамо буд. Соатҳо дар китобхонаи мактаб менишаст, бахусус китобҳои биология ва химияро бошавқ варақ мезад, асрори олами ҳайвонотро ҳарчӣ зудтар омӯхтан мехост.

Соли 1974 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултети химия-биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ супорид ва худи ҳамон сол донишҷӯ гардид. Падари бузургвораш Анвар Ширинов иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, машаққатҳои ҳаёт, пасту баландии зиндагиро чашида буд. Модари меҳрубонаш – холаи Бозоргул хоксор, сода, саранҷому сариштакор, пазандаю дӯзанда буд. Онҳо баҳри илмомӯзии духтарашон ҳаракат мекарданд, ки шароити муносиб муҳайё созанд. Вақте рӯзҳои дамгирӣ ба хона меомад, апаи Бозоргул хӯрокҳои болаззату нонҳои башир пухта ҳамсоязанҳоро ҷеғ мезад ва бо духтари донишҷӯяш, ки он рӯзгор аз деҳаҳо духтарони донишҷӯ ангуштшумор буданд, фахр мекард. Дар бозгашт падараш ба дасташ роҳкиро дода мегуфт: «Духтарам, дар шаҳри калон бепул нагард, эҳтиёт шав!»

Инобат аз оғози солҳои донишҷӯӣ ба олами илм меҳри беандоза дошт. Воқеан, шавқу рағбати ӯ ба фанни биология замоне пайдо шуд, ки ҳамроҳи падараш дар чорбоғи падар, саҳроҳои деҳа сайру гашт мекард. Вай аз падар чӣ тавр кишт ва парвариши мева, нигоҳубини паррандаю ҳайвонотро омӯхта буд.

Соли 1979 донишкадаро хатм намуд ва фаъолияти педагогиашро дар мактаби рақами 31-уми ноҳияаш оғоз намуд. Солҳо сипарӣ шуданд, муҳити мактаб барои муаллимаи ташнаи илм тангӣ кард. Соли 1985 ба кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Сирдарё ба кор омад. Аз устодон моҳият ва асрори илми ҳақиқиро омӯхт. Баъдан дар бахши аспирантураи Институти биохимияи Тошканд таҳсил гирифта, фаъолияташро дар кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Гулистон идома дод. Сипас дар Институти зоологияи АФӮ ба сифати докторант фаъолият бурда, баҳри ҳифзи саломатии инсон, рушди фан мунтазам мутолиа намуд, ҷустуҷӯ кард.

– Аз муаллими одии химия-биология ба унвони доктори фанҳои биологӣ соҳиб гардидани вай осон набуд. Дар замири ин заҳмату машаққат ва бедорхобиҳо нуҳуфта аст. Муаллимро бисёртар дар лаборатория медидем. Буданд ҳасадгӯйҳо, ки мегуфтанд: «Ба зан-мардум дар соҳаи илм чӣ ҳаст? Ба корҳои беҳуда машғул нашуда ба шавҳар барояду оила барпо кунад, фарзанд тарбия намояд...», – мегӯяд узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Норинисо Қосимова. – Инобат  баробари ба донишҷӯён сабақ додан, тадқиқотҳои илмиашро идома медиҳад. Таҳти мавзӯи «Усулҳои омӯхтани баъзе норасоиҳои организм дар давраи инкишофи эмбрион (ҷанин)» кори номзадӣ, «Баланд бардоштани мубодилаи моддаҳо ва энергия дар организм бо кумаки бофтаҳои табиӣ дар зери таъсири оксиген ва моддаҳои заҳролуд» рисолаи докториро ҳимоя намуд. Зиёда аз 70 рисолаи илмӣ, мақола ва маърӯза, монография ва дастурҳои методии олима рӯйи чопро дидаанд.

Инобат Ширинова қариб 40 сол аст, ки ба омӯзгорони оянда на танҳо асрори фанни биология, балки дарси ҳаёт, дарси меҳнат, дарси одаму одамгарӣ, некӯӣ, ватандӯстиву халқпарвариро меомӯзад. «Инобат Ширинова нисбат ба фанни худ сахтгир, серталаб аст. Аз талабагон танҳо дониш талаб мекунад, донишҷӯеро, ки ба дарсу машғулотҳояш иштирок намекунад, бад мебинад», – мегӯянд донишҷӯён.

Муаллими саховатпеша баъди марги нобаҳангоми ду хоҳару як додараш сарпарастии фарзандони ноболиғи онҳоро бар дӯш гирифт, ки барои ин дили бузург, иродаи мустаҳкам лозим аст. Ин зани боирода аз ҳаёти шахсии худ, аз ҳаловати худ даст кашид, тамоми ҳаёташро ба тарбияи ҷигаргӯшаҳояш бахшид, онҳоро хононд, соҳиби хонаву ҷой кард.

Барои ободу зебо гардидани қабристони деҳа, ҳамвор ва мумфарш кардани кӯчаҳо саҳмгузор аст. «Дар ин қабристон азизон, падару модарон хобидаанд. Набояд ин манзили табаррукро бе нигоҳубин монем»,– мегӯяд вай.

– Аз пайи кори илмӣ, як поям дар роҳи Тошканд буд. Модари солхӯрдаам ба роҳи ман нигарон мешуд, лаҳзаҳое мешуданд, ки хеле дер бармегаштам. Модарам бохавотир ба кӯчаи калон пешвозам мебаромад. Гоҳе оби дида карда мегуфт: «Инобат, занак бояд шавҳар кунад, фарзанд ба дунё орад, насли худро идома диҳад. Ту бошӣ дар даруни коғазу қалам ғӯтида гаштаӣ...»

Зодгоҳи падару модарам – деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш. Дар оила панҷ нафар бародару хоҳарон ба воя расидем. Бузургхоҳарам Шаҳринисо ба синни 70 қадам гузошт. Дар шаҳри Ҷиззах зиндагӣ мекунад. Апаи Ҳидоят то нафақа дар мактаби рақами 31-уми ноҳияи Сирдарё муаллим буд.

Фазилатҳои модарам, ки ӯро дар синни 102 ба хок супурдем, ба ҳамаи мо намунаи ибрат мебошад. Аз ҳаёт, аз рӯзгор умуман наменолид, ба расоиву норасоии рӯзгор шукрона мегуфт. Вақте ҳар субҳ ба кор мешитофтам, ду даст ба дуо мебардошт: «Илоҳо мартабаат бузург шавад, хокро гирӣ зар шавад, насибаат бутун шавад!»,– мегӯяд Инобат Ширинова.

Оре, шоир барҳақ фармудааст:

Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,

З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?

Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтиёр аст,

Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст,

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,

Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Саодат Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: