БОНУИ БОИРОДА

Моҳи июни соли 1978.

«Моҳи июни соли 1978. Мани деҳотӣ бо нозу истиғнои бепоён, ки гӯё ба ҳусну ҷамолам беду маҷнунбедҳои танноз ва чинору сапедорҳои қоматбаланди ҳилпиросӣ ҳасад мебурданд, бо дили пур аз пайи қиблагоҳам қадамзанон ба истгоҳи беноми деҳаамон мебаромадам. Одамони саҳархези зодгоҳам, бахусус, бонувони серкор, ки аз каллаи саҳар ба ҷунбуҷӯл медаромаданд, моро дида бо таъзиму эҳтиром салом медоданд, «сафар ба хайр» мегуфтанд. Дар гузари Доничак бо апаи Ҳанифа пеш омадем, маро диду бо завқ пурсид: «Ба хондан меравӣ духтарам?» Ба ҷойи ман падарам гуфт: «Ҳама чиза ёд додаму ба худам ташвиш харидам. Ба ҷону ҳолам намонда, маро ба институт баред гуфта шишт!». Апаи Ҳанифа гуфт: «Ҳоло ҳам ҳасрат мехӯрам, ки чаро ман нахондаам. Монед, устод, раванду маълумот гиранд. Духтарони мо аз урусҳо чӣ камӣ доранд? Худо худаш меҳрубон аст, албатта студент мешавӣ, духтарам!»... 
Он дуруду дуоҳо буду мани деҳотӣ бо падарам роҳи Самарқандро пеш гирифтем... Дар он сафар аз ҳама бештар нақлҳои падарам аз овони донишҷӯйиаш, ба вижа, аз он ки роҳи Эҷу Форишро аксаран пиёда тай мекардаанд, таъсиргузор буд.  Ӯ мегуфт, мо сарулибоси ончунонӣ надоштем, бо шалворҳои дарбеҳдор, куртаҳои фарсудаю обшуста, кафшҳои нимдошт қаноат мекардем. Дар айёми таътил чандин бор роҳи Форишро, ки саросар хокию санглох буд, пойи пиёда тай намуда то деҳа омадаем. Кафи пойҳоямон обила мезад, хастаю беҳол то як ҳафта рӯйиҷойӣ мешудем... 
Азобҳои кашидаи қиблагоҳам, ҷонсупориҳои ӯ барои сохтани зиндагию обод кардани мактаби деҳаамон, ки ба он чандин сол раҳбарӣ кардааст ва беш аз ҳама, пешаи омӯзгории ӯ, ки шабу рӯз меомӯхту ба дигарон омӯзиш медод, маро ба муаллим шудан барангехтаву водор кардааст...». 
Ин порае аз хотироти як тан бонуи рустоӣ аст, ки дар ҷавонӣ бо ҷидду ҷаҳд домани таҳсилро раҳо накарда, сахтгирӣ ва побанди хурофот будани ҳамдеҳагонашро нисбат ба занҳо нодида гирифта, ба донишкада меравад. Хушбахтона, ӯ ба муроди худ мерасад, чаҳор сол дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд дарс хонда, бо диплом, сарбаланду бовиқор ба зодгоҳ бармегардад. Дар канори омӯзгорони мактаби 43-юми деҳаи Эҷ бонуи муаллим, бонуе, ки бо ҳар калому лаҳни шевои худ дар коми ҳушу зеҳнҳо лаззати ангубиносо ҷо мегузошт, Саодати Рӯзӣ чеҳра боз мекунад. Пас аз оғози кори ӯ аҳли деҳа, аз ҷумла, занҳо ба хубӣ дарк менамоянд, ки дар омӯзишу тарбияти фарзандон, алалхусус, духтарон нақши муаллима то чӣ ҳад нишонрасу самарбахш аст. Шаҳриёр гӯяд:
Аз падар гар қолиби тан ёфтем,
Аз муаллим ҷони равшан ёфтем!
Ишқ. Муҳаббат. Инсон бехабар мемонад, ки ин муъҷизаи ботинӣ ба чӣ сурат ва дар чӣ замоне ба вуҷудаш роҳ меёбад. Саодати омӯзгор чанд муддат дар муҳтавои ин муъҷиза мезист. Ниҳоят, ин амри ғайримунтазира кори худро кард, соҳибаш Ғоибназари Бекназар дар саргаҳи дили ташна ва беқарори маҳбубаи худ қарор гирифт. Ду ҷавони ҳамдонишгоҳу ҳамрозу ҳамнишин ақди никоҳ бастанд ва сипас, тобистони соли 1984 каманди зиндагӣ онҳоро аз миёни кӯҳсори Эҷ ба доманаҳои Ургут афканд. Саодати муаллим тадриси худро дар мактаби миёнаи ҳамагонии 32 идома дод. Аммо ин дурафтодагӣ аз зодгоҳ дер давом накард. Пас аз як соли зиндагӣ дар Ургут оилаи ҷавонро дубора ҳамдеҳагон ба оғӯш гирифтанд. Саодат ҳамроҳи шавҳари бовафои худ ба деҳаи Эҷ баргашт. Гарчи ҳама ба онҳо эҳтиром мегузоштанд, барои доштани хонаи ҷудогона, боғу моли худӣ ташвиқ мекарданд ва Саодати заҳматписанд низ аллакай ба ҳама сахтию сустиҳои зиндагии рустоӣ одат карда буд, вале Ғоибназар ноором буд. Қалби пурғалаёни ӯ шаҳрро мехост, орзу мекард бо ҳаёҳу ва давутози шаҳр панҷа нарм кунад. 
Роҳи Тошкандро пеш гирифт. Бо маслиҳату машварати дӯстон дар Маркази услубшиносии Вазорати таълими ҷумҳурӣ ба кори пурмасъули равишомӯзии мактабҳои тоҷикӣ пардохт. Хатти тақдир Саодати омӯзгорро ба мактаби рақами 216-уми шаҳри Тошканд мекашад. 
Саодати омӯзгор аз ибтидои солҳои навад оҳиста-оҳиста ба кори эҷодӣ низ майл мекунад, ки дертар дар пешорӯйи хонандаи тоҷик симои мақоланигорӣ, мутарҷимӣ, таронанависӣ ва аҳёнан ҳикоянависии ӯ зоҳир меёбад.
Рӯзноманигорӣ кори осон нест. Хабарнигорӣ тақозо мекунад, ки гузашта аз эҷодкорӣ соҳиби интизоми қавӣ бошад ва ба риояти замони гузориш, гӯяндагӣ, таҳияи ҳаҷми зарурии матолиб, ҳозирҷавобӣ, хулосабарорӣ дар они воҳид таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Чандин сол шуъбаи тоҷикӣ  дар таркиби шабакаи «Дӯстлик»-и Кумитаи радиотелевизиони ҷумҳурӣ хеле фаъол ва пурмуҳтаво буд. Ҳар рӯз барномаҳои тоҷикӣ ба муддати 30-40 дақиқа ва ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе шарҳи рӯзномаи «Овози тоҷик» ба таври мустақим пахш мешуданд. Барои таҳияи гузоришу барномаҳои шуниданӣ аз кормандони шуъба дархост мешуд, ки ҳамаҷониба омодаи кор ва бомасъулият бошанд. Ба эҷод рӯ овардани Саодати Рӯзӣ нахуст боиси он гардид, ки сеҳри хоманигорӣ ва гӯяндагии худро дар пушти курсии хабарнигорӣ ва садобари радио озмоиш кунад. Дар оғози кор ӯ аз ҳар гуна имтиҳон бомуваффақият гузашт ва дар идомаи касби омӯзгорӣ наздики бист сол, яъне то соли 2015 ба ҳайси муҳаррир, ки ба ғайр аз таҳияи матлабу ахбор бо тасҳеҳи номаю гузоришҳо, гӯяндагӣ ва мураттабсозии барномаҳои мусиқӣ машғул мешуд, ифои вазифа намуд. Маҳорати касбии ӯ, аз ҷумла, дар таҳия ва пахши барномаҳои адабию фарҳангӣ ва фароғатии «Ҳамроз»-и радио назаррас ва қобили таҳсин буд. 
Ҳоло яке аз пурмаҳсултарин ходимони «Овози тоҷик» Саодат аст, ки хурду калон  мақолаю лавҳаҳои хонданибоб, тарҷума, ҳамчунин ҳикояву қиссаҳои дилнишини бо сабки сода баёншудаи ӯро мехонанд. 
Саодати пуркор ҳанӯз то остонаи мақсад нарасида буд, меваҳои ҳаёти муштарак акнун шакл гирифтаву бузург мешуданд, ба қавле, худашу оилааш акнун ба по рост мешуданд, ки ногаҳон тири каҷи фалак партоб шуд ва ба қалби пурғалаёни сарвари боғи умраш бархӯрд. Даргузашти ногаҳонии Ғоиби Бекназар – шавҳари азизу ҳамрози ҳамешагӣ дили Саодатро хуноб ва саодати рӯзгорашро баҳам зад. Дар он лаҳзаҳо намедонист чӣ кор кунад, ба ғайр аз андӯҳу хорӣ ва оби дида рехтан чораи дигар надошт. 
Бо ин ҳол, Саодат ҳамчун бонуи боирода ба худ омад, чаро ки масъулияти ба камол расондани панҷ фарзандро ба уҳда дошт ва мебоист шуғли худу соябони сарашро идома диҳад. Бо неруи дучанд ба тарбият ва зиндагидорӣ  часпид, ба унвони як тан омӯзгору инсони ҳаётдида ва қавидил ба корҳояш расид – ҳам зиндагиро сохт, ҳам ба эҷод фурсат ёфт ва бо ин ҳама талош, кам не ғам не, ба синни мубораки шаст расид. 

Юнуси ИМОМНАЗАР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: