БОНУИ МАСЛИҲАТГӮЙ

Бо супориши идора ба Маркази илмиву амалии «Оила»-и ҷумҳурӣ сар халондам.

Маро ходими калони шуъбаи «Маънавияти оила» Муҳиба ҲАМИДОВА пешвоз гирифт ва ба дафтари кориаш таклиф кард. Ҳангоми суҳбат телефони апаи Муҳиба садо дод...
– Салом бачем, аҳволат чӣ хел аст, бачаҳо, келин ҳама дурустанд? – ба писараш бо забони тоҷикӣ пурсупос кардани ӯро дида, дар курсӣ баҳузур ҷойгир шудам. Донистам, ки ӯ зодаи Бухорои шариф асту бо забони тоҷикӣ хуб ҳарф мезанад.
– Аз воқеаву чизҳои ноарзанда норозӣ мешавему комёбиву дастовардҳоямонро сарфи назар мекунем. Ба ҳар як лаҳзаи ҳаёт ва неъмати бебаҳои он эътибор диҳем, мебинем, ки бахт ҳамроҳамон аст. Ҳамин тавр не?
– Албатта, ҳаёти осуда ва зебо дар дасти худамон. Баъзан фикр мекунем, ки ҳаёт аз дурӯғ, оҳу нола ва ғаму ташвиш иборат аст. Дар асл барои бо табъи дил ҳаёт ба сар бурдан дар сарзамини офтобрӯямон ҳамаи имконият мавҷуд. Аз ин имкониятҳо истифода бурданро баъзан худамон намедонем.
– Бисёртар аз рӯи кадом масъалаҳо ба маркази шумо муроҷиат мекунанд?
– Ба маркази мо доир ба масъалаҳои оиладорӣ, муносибати аъзои оила, дар оила пойдор намудани маънавият, мувофиқи қобилият пайдо кардани кор муроҷиат мекунанд.
Дар вилоятҳо низ филиалҳои марказ кор мебаранд. Бо онҳо якҷоя чорабинӣ, семинар ва машғулиятҳо мегузаронем. Дар он ҷо байни занону духтарон, ҷавонони болиғ оиди оиладорӣ, ҳурмати якдигар, дар оила пойдор намудани маданияти китобхонӣ, бо кор таъмин намудани онҳо суҳбатҳо мегузаронем.
– Хуб мешуд, ки чанде аз мактубҳои шикоятии ба шуъбаатон омада намуна меовардед.
– Мактубҳои зиёд меоянд. Яке аз шавҳари бекор, дигаре аз хушдомани ҷоҳил, сеюмӣ аз норасоии рӯзгор ва дигар муаммоҳои зиндагӣ шикоят мекунанд. Мана, ба ин мактуб гӯш андозед: «Ба издивоҷ карданамон се сол шуд. Якдигарро наозмуда, дӯст надошта, бо як дидан маъқул карда бошем ҳам, рӯзҳои аввали оиладорӣ муносибатамон хуб буд. Худро арӯси хушбахт меҳисобидам. Оҳиста-оҳиста ин дер напоид. Муомилаи шавҳарам бо ман хунуктар шуд, вале ман вазифаи арӯсиамро иҷро карда ба ин аҳамият надодам.
Аз байн се сол гузашт, фарзанддор шудем. Фикр кардам, ки меваи инсон – фарзанд ӯро меҳрубону ғамхор мекунад. Аммо баръакс, муомилааш боз ҳам дурушт шудан гирифт. Маошашро ба падараш медод, ҳар як майда-чуйдаи рӯзгорро ҳисобу китоб мекард. Барои харҷи рӯзгор истиҳола мекардам, ки чизе пурсам, онро аз модарам мепурсидам. Тамоми ихтиёраш дар дасти падараш, беэътибор, бефарқ, вақтҳои холии худро бо телефон ё ҷӯраҳояш мегузаронад.
Ба қарибӣ бо маслиҳати падараш барои кор ба хориҷ рафт. То худам телефон карда ҳолу аҳвол напурсам, ӯ парвое надорад.
Ба оилаҳое, ки фарзандашонро гирифта ба сайри боғу шаҳр, дидорбинии хешу пайвандон мебароянд ё дамҳои холии худро бо оилаашон мегузаронанд, ҳавасам меояд.
Шавҳарам рӯз аз рӯз бегона шуда истода бошад, барои меҳру муҳаббати ӯро бедор кардан чӣ бояд кард? Маслиҳат диҳед».
Чунин мактубҳо бисёранд. Ҳақиқатан ҳам баъзе ҷавонони имрӯза оиладориро кори саҳл меҳисобанд. Ба зану фарзанд беэътиборӣ зоҳир менамоянд. Барои тарбияи фарзанд, дарсомӯзии ӯ вақт ҷудо намекунанд. Ба муаллифи мактуб маслиҳат дода гуфтем, ки сабру таҳаммулро пеша кунад, бо хушдоману падарарӯс маслиҳат кунад. Падару модар бояд муносибати зану шавҳари ҷавонро беҳ гардонанд, онҳоро баъзан ба ихтиёри худ гузоранд. Арӯс файзу барака, сариштакори хонадон аст. Ба шавҳараш чун ҳамешагӣ ширинсухан бошад, ҳурматашро ба ҷояш монад, дар алоҳидагӣ ботамкин ба ӯ фаҳмонад, самимӣ ва беғубориро аз даст надиҳад.
Ба мактуби дигар назар меандозем: «Писарам ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ба духтаре дил бастааст. Баъди хатми донишгоҳ ба хонаи ӯ хостгорӣ рафтам. Баъди фаҳмондани мақсад, падари духтар таклифи маро рад кард. Ба дӯсти наздикаш, ки якҷоя кор мекардаанд, ваъда дода будааст, ки қудо мешаванд. Писари дӯсташ низ духтарро меписандидааст.  Барои ҳал намудани муаммо аз худи духтар пурсон шудем. Ӯ иброз намуд, ки бе розигии падару модар ба шавҳар намебарояд.
Ҳоло писарам рӯҳафтода шудааст, ба духтарак, ки чор соли донишҷӯӣ боҳам буданду ваъдаҳои беохир дода буд, нафрат мехонад». Бинед, чӣ хел муаммои чигил. Оила аввал алоқаи маънавӣ ва рӯҳии ду ҷавон мебошад.
Мо ба ҷавон маслиҳат медиҳем, ки худро ба даст гирад, ҳаёти ӯ ҳоло дар пеш. Худо хоҳад, пурсидаю санҷида ба духтари баодоб, боҳаё ва сариштакор дучор меояд.
Куҳансолон дорои таҷрибаи ҳаётианд, ҷавонон бе маслиҳати онҳо набояд ба худсарӣ роҳ диҳанд. «Ҷуз ба тадбири пир кор макун», гуфтаанд бузургони мо.
– Ба кори пурмасъулият ва шарафноки шумо муваффақият металабем.
– Ташаккур.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: