Чанде қабл дар Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон бо ташаббуси Вазорати сайёҳӣ ва мероси мадании Ӯзбекистон намоиши асарҳои рассом Гулчеҳра Раҳимова таҳти унвони «Нигоҳ» баргузор шуд.
Дар он наққошони касбӣ, олимони санъатшинос, алоқамандони ҳунари тасвирӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Намоишро директори Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон Васила Файзиева кушода, таъкид намуд, ки наққошӣ ҳамчун асари бадеию таърихӣ лавҳаҳои гуногуни рӯзгорро дар худ инъикос менамояд.
Дар намоишгоҳ беш аз 50 асари наққоши моҳир Г. Раҳимова ба маъраз гузошта шудааст.
Бинанда, тавассути онҳо, манзараҳои дуру наздики рӯзгори халқро пеши назар меоварад. Пас, онҳо мӯҳри таърихро дар худ инъикос намудаанд.
Намоишгоҳи мазкур ба васеъ тарғиб намудан, нигоҳ доштани намунаҳои беҳтарини асарҳои амалии мардумӣ ва тасвирӣ, инчунин ба шинос намудани осори наққошони Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Осори дар маъраз гузошташуда ғояи накӯкорӣ, сулҳ, ризоият, маърифатро ифода намуда, оиди маданияту санъати халқӣ, мероси моддиву маънавии гузоштагонамон маълумоти муфассал медиҳад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».