БОНУИ ПУРКОРУ ПУРБОРИ ИЛМ

Сиёсати дурандешонаи сарвари оқили кишварамон дар боби таҳким бахшидан ба равобити фарҳангии байни давлатҳо, умед аст, ки яке аз омилҳои густариш ва рушди муҳити фарҳангӣ дар ин сарзамин гардад.

Табодули афкор дар ин замина имкони бозшинохти арзишҳои фарҳангӣ, таҷрибаандӯзӣ, такомул ва дастовардҳои судмандро фароҳам хоҳад овард. Ба ин хотир мусоҳибае доштем бо номзади илмҳои филологӣ Анзурат МАЛИКОВА, ки дастпарвардаи бахши филологияи тоҷики ДДС буда, аз соли 2003 то кунун ба ҳайси ходими калони илмии шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Пажӯҳишҳои илмиаш оид аст ба мақому манзалати шоир Дақиқӣ дар назми форсии тоҷикӣ ва вижагиҳои ҳунарӣ дар осори боқимондаи ӯ. 
– Муаллимаи гиромӣ, Шумо ба омӯзиши масъалаҳои адабиёти тоҷики аҳди Сомониён майли зиёд доред. Дар ин ҷода ба кашфи кадом нуктаҳои ҷолиб ноил гаштаед?
–  Қаблан ташаккур аз ин фурсате, ки барои мусоҳиба ҷудо кардед. Ростӣ, ба чи дастоварде ноил шудаам, инро хонанда таъин мекунад. Вақте устод Расул Ҳодизода осори Дақиқиро барои кори номзадӣ пешниҳод карданд, ман аввал дудила шудам. Чунки аз Дақиқии Балхӣ мероси хеле кам боқӣ мондааст. Ба ҷуз аз ҳазор байти «Гуштоспнома» ҳамагӣ 250 байти пароканда аз ашъори ғиноии ӯ барҷой мондаасту бас. Сабаби нигарониям дар он буд, ки дар асоси ин миқдори кам мани дар илм навроҳ чӣ гуфта метавониста бошам. Пас аз омӯзиши амиқ маълум шуд, ки Дақиқӣ ҳам аз назари шахсият ва ҳам аз назари ҳунари шоирӣ суханвари аҷиб аст ва мероси андаки ӯ сазовори омӯзиши амиқу ҳаматарафа будааст. Хусусан таркиби луғавии мероси адабии Дақиқӣ басо рангин ва мисли ашъори дигар шоирони ҳамзамонаш, хоса Рӯдакиву Шаҳид ғанӣ мебошад. Ин натиҷа пас аз мураттаб гардидани вожаномаҳои тафсирӣ ва басомадии ашъори ғиноии Дақиқӣ ҳосил шуд. Аз намояндагони ин аср ба ҷуз аз Дақиқӣ, ки рисолае дар бораи ӯ навиштаам (бо иловаи луғатномаи тафсирӣ ва басомадии ашъори ғиноии ӯ), дар бораи Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ ва Робиаи Балхӣ рисола ва чандин мақолаи илмӣ навишта, хостам хусусиятҳои эҳёии адабиёти ин давраро муайян намоям.
Ин давра даврони пурбор ва тиллоии таъриху тамаддуни мардуми мо номида шудааст, ки ин ҳолат ба таври тасодуф воқеъ нашудааст. Ва табиист, ки дар ин аҳд Устод Рӯдакӣ шоири танҳо набуда, балки дар атрофи ӯ чандин суханвари тавоное ба монанди Шаҳиди Балхӣ, Мӯсои Фароловӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шокири Бухороӣ, Ҷуллоби Бухороӣ, Абулҳасани Муродӣ, Абулмасали Бухороӣ ва чандин тани дигар гирд омада буданд.
Забони тоҷикӣ дар ин аҳд ба авҷи қуллаи инкишофи худ расид, ки осори Устод Рӯдакӣ ва «Шоҳнома» парчами ифтихори он метавонад бошад. 
– Дастовардҳои илмии адабиётшиносии тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва он бештар дар кадом самт аст?
– Адабиётшиносии тоҷик дорои дастовардҳои назаррас ва ҷаҳоншумуле мебошад. Агар имрӯзи онро дар назар доред, он ҳам дар ҳолати пешравӣ қарор дорад. Рисолаву мақолаҳои зиёд аз донишмандони тоҷик тайи солҳои охир интишор ёфтаанд, ки дорои арзиши муайяни илмӣ мебошанд. Метавонам ба гунаи намуна аз тадқиқоти муҳаққиқони маъруфи тоҷик профессор А. Сатторзода С. Амирзода, М. Муллоаҳмад, Х. Шарифзода, С. Саъдиев, В. Самад ва бисёр дигарон ном барам, ки дар бораи Устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, Сайидо ва дигар намояндагони шеъру адаб рисолаҳои илмии фарогире иншо кардаанд.
Дигар аз дастовардҳои олимони тоҷик он аст, ки «Донишномаи Рӯдакӣ» аз тарафи ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар се ҷилд ба чоп расид.  
– Ба фикри шумо, дар адабиётшиносии муосир кадом масъалаҳоро бояд пештар ва бештар мавриди омӯзиш қарор диҳем?
– Бо вуҷуди он ки доир ба масъалаҳои адабиёти муосир ва намояндагони барҷастаи он асару мақолаҳои зиёди илмӣ навишта шудаанд, бо назари нав омӯхтани адабиёти муосир чанд сол пеш бо навиштаҳои академик М. Шакурӣ, М. Раҷабӣ, А. Набавӣ оғоз шуда бошад ҳам, ҷои асару мақола ва рисолаҳои зиёди тадқиқотӣ дар ин майдон холист.
Акнун замони он расидааст, ки таърихи илмии адабиёти муосири тоҷик дар чанд ҷилд навишта ва равияву ҷараёнҳои шеъру адаб ба баррасӣ гирифта шавад. Агар ин кори муҳим анҷом шавад, он гоҳ баҳои дурусту воқеӣ додан ба ҷараёнҳои адабӣ, ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ ва арзу тӯли роҳи рушди адабиёт имконпазир хоҳад шуд. Очеркҳо аз таърихи адабиёти шӯравии тоҷик, ки солҳо пеш навишта шуда буд, аз ҷиҳати усули таҳқиқ ва шинохти ҷанбаҳои асари бадеӣ имрӯз ба дараҷаи зиёд куҳна шудааст.
– Адабиёти тоҷикии Ӯзбекистон чӣ андоза барои ҳамзабонони тоҷикистонӣ мавриди эътибор қарор гирифтааст ва оё дар байни олимони ҳамзабон майли тадқиқи ин адабиёт вуҷуд дорад?
–  Бо вуҷуди он ки чанд даҳсола роҳҳои омадурафт миёни сокинони ин ду кишвари ба ҳам наздик мушкил буд, хушбахтона, роҳи адабиёт ҳамеша боз буд. Адабиёт, ки аз роҳи дилҳо ба таври табиӣ ҳаракат мекунад, вазифааш низ пайванди дилҳо ва овардани сулҳу сафост. Бинобар ин, аз тариқи ин роҳ шеъру адабиёти тоҷикии сарзамини шуморо дар Тоҷикистон низ хонандагон мехонданду медонанд. Робитаҳои миёни ин ду кишвар дар ҳоли қавӣ шудан аст, табиист, ки намунаҳои бештар ва маҷмӯаҳои шеър зиёдтар ба чоп хоҳанд расид. Ва он вақт имкони таҳқиқу пажӯҳиш ва арзишдоварии шеърҳои шоирони ин сарзамин бештар хоҳад шуд. 
– Аз назари шумо муҳити илмию адабии тоҷикии Ӯзбекистон чӣ нерӯю тавон дорад имрӯз?
– Аз он ки дар ин муҳити илмии як замон хеле овозадор ва дорои нерӯҳои пурқуввати илмӣ имрӯз ҳам хушбахтона, олимони намоёни илми адабиётшиносӣ ба таҳқиқу пажӯҳиши масъалаҳои гуногун машғуланд, ҷои хушҳолист. Агар дар бораи умуман муҳити адабии тоҷикии Ӯзбекистон пас аз истиқлол сухан мегуфта бошем, боиси хурсандист, ки дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои ин кишвар, хушбахтона, ҳавзаҳои адабӣ вуҷуд доранд. Ҳар яке аз ин ҳавзаҳо метавон гуфт, ки чароғдорони ростини маҳфилҳои адабии суннатии мо ҳастанд. Ин гуна ҳавзаҳои адабӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, водии Сурхону Фарғона нисбатан фаъолтар ба назар меоянд. Масалан, дар шаҳрҳои Самарқанду Тирмиз илова бар он ки пешинаи пурбори таърихӣ ва илмӣ доранд, имрӯз инчунин донишмандони пуртаҷрибае ба монанди профессорон С. Саъдиев ва А. Абдуллоеву Ҷ. Ҳамроҳ зиндагӣ ва фаъолият доранд, ки гумон мекунам, ҳар он дастоварде, ки дар ин шаҳрҳо имрӯз мебинем, асосан, аз баракати ҳузури банури онҳост. Вале бо вуҷуди ин, аз ин ҳолат набояд қонеъ ва хушдил буд. Зеро бояд акнун ҷавонон бештар ба арсаи илм биёянду чун устодони забардасти ёдшуда аз заҳмати илми воқеӣ наҳаросанд... 
– Барои суҳбати пурмуҳтаво сипосгузорам.

Суҳбаторо    
Дилшодаи 
ҲАЗРАТҚУЛИЁН,

шаҳри Самарқанд.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: