БОНУИ СЕРКОР

Дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ модарони азиз, бонувону гулдухтарон хеле фаъоланд.

Мушовири раиси маҳаллаи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах оид ба корҳои диниву маърифатӣ Саодат Насруллоева бо вуҷуди он, ки ба сомон расонидани корҳои маҳалла саҳлу осон нест, боз барои иштирок дар чорабиниҳо вақту фурсат меёбад. Ӯ аслан тахассуси ҳамширагиро дорад. Инак, якчанд сол аст, ки бо модарон ҳамнафас, ба бонувон ёвару раҳнамо, маслиҳатгӯйи гулдухтарон аст.
Ҳамроҳи ҳамсараш Боймуродака се нафар фарзанд (ду духтару як писар)-ро ба камол расониданд. Ҳоло набераҳои чун мағзи донак ширинро навозишу меҳрубонӣ  мекунанд.
Ба қарибӣ дар «Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Ҷиззах ӯро вохӯрдем, ки барои вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон омада буд ва ҳамроҳи ду нафар хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми ноҳияи Фориш Рамзия Дӯнабоева ва Чарос Ҳамробоева ба сифати кадбону ба истиқбол гирифтани меҳмони азиз  омодагӣ мегирифтанд. Гулдухтарон дар даст нону намак гӯё аз модари хеш пандҳо гирифта, шеърҳои аз бар намудаашонро ба ӯ мегуфтанд:
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хӯрдем аз хони падарҳо.
Ватан дилҷамъию озодии мост,
Ватан хушбахтию ободии мост...

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
Аккос: Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: