БОНУВОН ДАР РИШТАИ ИЛМ ВА ТАДҚИҚОТ

Мавқеъ ва нақши занону духтарон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии кишвар торафт эҳсосшаванда мегардад.

Мавқеъ ва нақши занону духтарон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии кишвар торафт эҳсосшаванда мегардад. Хусусан бонувоне, ки ба илм шуғл варзида ва дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мебаранд, зиёд мешаванд. Имрӯз дар мамлакатамон бештар аз 31 ҳазор нафар ҷӯяндагони илм ва пажӯҳишгарон фаъолият кунанд, аз онҳо наздик 40 фоизро занону духтарон ташкил менамоянд.
Дар ҷамъомади Шӯрои ҷамоатии занони ҷумҳурӣ ва комиссия оиди масъалаҳои таъмини баробарии ҷинсӣ, ки чанде пеш баргузор гардид, аз ҳамин хусус сухан рафт. Таъкид ёфт 73 фоизи занону духтарони зиёӣ дар муассисаҳои таълими олӣ, 16,5 фоизашон дар сектори давлатӣ, 10 фоиз соҳибкорӣ, 0,2 фоиз дар сектори ғайридавлатӣ адои хизмат мекунанд.
Қариб нисфи бонувоне, ки фаъолияти илмӣ мебаранд, дар шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунанд. 
Аз бонувоне, ки ба фан машғуланд, 3568 нафарашон дараҷаи илмӣ доранд, аз онҳо 707 нафарашон – доктори фан, 2412 нафар – номзади фан, 449 нафар – молик ба дараҷаи илмии PhD мебошанд.
Назар ба маълумотҳо, имрӯзҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  оиди 82 лоиҳаи илмӣ, ки ҳаҷми умумии молиявии солонаашон 45,4 миллиард сӯм арзиш доранд, олимаҳо машғуланд.

Р. МАҲМУДҶОНОВА. 
ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: