БОНУВОН – УЗВИ ФАЪОЛИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

Аз соле, ки мамлакати мо ба истиқлолият даст ёфт, ғамхорӣ дар ҳақи бонувон, татбиқи лоиҳаҳое, ки ба афзун сохтани фаъолнокии онҳо дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, аҳамияти махсус касб намуд.

Пурзӯр шудани эътибор ба ин масъала вақтҳои охир амиқтар эҳсос мегардад.
Фармони Президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам тезонидани корҳои муттасил доир ба дастгирии оила ва занону духтарон», ки 7 марти соли равон қабул гашт, яке аз ҳуҷҷатҳои асосии қонунист доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷинси латиф дар мамлакат, таъмини бонувон бо шуғл, нигоҳ доштани тандурустии онҳо ва фаро гирифтанашон ба омӯзиши касб, ҷалбсозии занон ба соҳибкорӣ, пуштбонии иҷтимоии занону духтарони ночор, идома додани ислоҳот, ки бобати таъмини баробарии гендерӣ амалӣ мегарданд ва дар ин бобат нақшаҳои маҷмӯие тасдиқ карда шудаанд, ки мувофиқи Барномаи миллӣ бояд дар солҳои 2022-2023 ба амал бароварда шаванд.
Баробари писарбачаҳо соҳиби маълумот ва касбшавии духтарон хеле муҳим. Вале таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ мушкилоти ба худ хос дорад. Яке аз масъалаҳое, ки донишҷӯ ва падару модари ӯро ба фикр ғӯтавар сохта ё ба ҳолати ногувор мегузорад, пардохти ҳақи шартнома аст. Ин ҷиҳат хусусан оилаҳои ночорро бисёр ранҷ медиҳад ва ҳатто донишҷӯ маҷбур мешавад таҳсилро тарк намояд. Акнун духтароне, ки дар МТО ё техникуму коллеҷҳо, аз ҷумла дар шуъбаҳои ғоибонаю шабона таҳсил менамоянд, метавонанд бо кредити таълимии бефоиз ба муддати 7 сол қарзи шартномавии худро пӯшонанд. Бо мақсади ҳалли молиявии ин масъала ба бонкҳои тиҷоратӣ ҳар сол ба андозаи 1,8 триллион сӯм маблағи захиравӣ равона карда мешавад. 
Занону духтароне, ки дар давраи магистратурии МТО таҳсил менамоянд, аз пардохти ҳақи шартнома озоданд. Бо мақсади сарпурсозии ин пардохт аз Буҷаи давлатӣ ҳар сол камаш 200 миллиард сӯм  ҷудо карда мешавад. 
Ба қисмате аз занону духтароне, ки дар хориҷ давраҳои бакалавриат ва магистратураи муассисаҳои таълими олиро паси сар мекунанд, ҳар сол тавассути бунёди «Эл-юрт умиди» грантҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. 
Дар асоси тавсияҳои Кумитаи давлатии  оила ва занону духтарон аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба 150 нафарӣ, ҷамъ ба 2100 нафар вакилони оилаҳои эҳтиёҷманд, ки дар МТО таҳсил менамоянд, шартномаи таълими занону духтарон аз ҳисоби маблағҳои иловагии буҷаи маҳаллӣ бо шарти барнагардондан пардохта мешавад.
Ҳар сол 500 нафар занону духтарон, ки камаш 5 сол собиқаи корӣ доранд, вале маълумоташон олӣ нест, берун аз параметрҳои қабули умумӣ мувофиқ ба натиҷаи санҷишҳои алоҳидаи тест дар асоси пардохти шартномавӣ ба самти бакалавриати МТО дохил шуданашон мумкин.
Чораҳое андешида мешаванд, ки ба зиёд шудани сафи олимаҳое мусоидат сохта, вомедоранд занону духтарони ҷӯяндаи илм фаъолияти  пажӯҳишиву инноватсиониашонро равнақ бахшанд. Ҳар сол дар моҳи март баргузории озмуни «Олима аёл» аз рӯи лоиҳаҳои амалӣ-инноватсионӣ корбаст мегардад. Дар доираи озмуни «Олими оянда», айни замон, озмуни «Барои тиҷорати занон – як қадам» рӯи кор омада ва аз ҳисоби маблағҳои Бунёди дастгирии молиявию инноватсионии илму фан ҷудо карда шудани камаш 10 миллиард сӯм пешбинӣ гардидааст. Бо мақсади баланд бардоштани салоҳияти илмии занону духтарон, ба ҳаёт татбиқ намудани  натиҷаи  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва бо нияти молиявисозии лоиҳаҳои стартапи «Олима аёллар жамияти» созмон меёбад. Барои пуштбонии амалии ҷамъияти мазкур ва боз ҳам рағбатнок сохтани он аз Буҷаи давлат ҷудо карда шудани 50 миллиард сӯм ба реҷа дароварда шудааст.
Аз 1 июни соли 2022 дар муассисаҳои таълимии давлатию ғайридавлатӣ дар асоси фармоишоти давлатӣ тартиби нави омӯзонидани занону духтарон ба касб ҷорӣ шудааст. Дар ҳузури мономарказҳои «Марҳамат ба кор» воқеъ дар Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд  марказҳои ба малака баҳодиҳӣ низ ташкил мегарданд.
Бо мақсади касбомӯзии бонувон дар қишлоқҷойҳо, ҷалб сохтани онҳо ба соҳибкорӣ ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳо марбут ба таъмин бо ҷойи кор аз ибтидои соли 2023 сар карда, ба Бунёди мақсадноки давлатии дастгирии оила ва занону духтарон аз Буҷаи давлатӣ камаш 50 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Аз 1 сентябри соли равон реестри қишлоқҷойҳое, ки захираҳои меҳнатиашон зич аст, ҷорӣ шуда истодааст. Занону духтароне, ки қобилияти хуби ташкилотчигӣ доранд, ба корҳои роҳбарӣ ҷалб карда мешаванд. Чандест дар Академияи идоракунии давлатии  оиди тайёр кардани занону духтарони роҳбар курсҳои махсуси таълимӣ ташкил карда шуда ва ҳар сол дар он хонондани камаш 100 нафар бонувон ба нақша гирифта шудааст.  
Дар соли 2022-юм дар доираи Барномаи рушди соҳибкории оилавӣ барои молиявӣ сохтани лоиҳаҳои тиҷоратии занону духтарон барилова 1 триллион сӯм ҷудо гардида, супориш шудааст ҷамъ 4 триллион сӯми ин маблағ ба бонувони соҳибкор, ки навъҳои фаъолияти худро васеъ гардонданианд, равона карда шавад. Миқдори субсидҳое, ки ба бонувони соҳибкор ҷудо мегардад, аз 7 миллион сӯм имрӯзҳо ба 10 миллион сӯм расонида шуд, ки ин низ зуҳуроти ғамхорӣ  нисбати онҳост. Он вақт дур нест саҳми занону духтарон дар байни объектҳои соҳибкорӣ ба 40 фоиз расонида шавад. Ба бонувоне, ки дар қитъаҳои наздиҳавлиашон чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳидорӣ, занбӯриасалпарвариро ба роҳ гузоштаанд, то 35 миллион сӯм кредитҳои имтиёзнок  ҷудо карда мешавад.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: