БОНУВОНИ ДОРОИ ДОНИШИ ЗАМОНАВӢ ВА МАҲОРАТИ РОҲБАРӢ – ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ МИЛЛАТИ МО

Сарвари давлат дар нутқи худ дар маросими мутантан бахшида ба 33-юмин солгарди истиқлолияти Ватан ба падару модарон муроҷиат намуда, таъкид кард, ки таълим додани духтарон ва кумак расонидан барои иҷобати орзуву умедҳои онҳо муҳим аст.

 Ба ҷавонони мамлакат гуфт, ки ҳамеша ба неру, азму ирода ва имконоти худ бовар кунанд ва дар ин роҳ давлат, халқ, Президент ҳамеша онҳоро дастгирӣ хоҳанд кард. 
Дар ҳақиқат, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳо бобати намоиш додани тавонмандии худ ва дар раванди ислоҳот таъмин кардани иштироки фаъоли намояндагони авлоди ҷавон, бахусус зан ва духтарон, ки тақрибан нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, чорабиниҳои муҳим амалӣ гардида, пеш аз ҳама ба вазифаи модарӣ ва тарбиявии онҳо дар оила эътибори асосӣ дода мешавад.
Ин беҳуда нест. Чунки дар иҷрои ин ду вазифаи муҳим, мавқеъ дар ҷомеа, обрӯву эътибор, таъминот аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ, камолоти маънавию маърифатӣ, шуури сиёсӣ, тафаккури иҷтимоӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва саводнокии зан аҳамият дорад. 
Солҳои охир вобаста ба иҷрои амалии ин масъалаи муҳим 24 ҳуҷҷат, аз ҷумла 2 қонун, 6 фармону қарори Президент ва 16 қарори Девони Вазирон қабул гардид, ки ин аз эътибор ва ғамхории бузург нисбат ба апаву хоҳарони мамлакатамон гувоҳӣ медиҳад.
Бояд гуфт, ки дастгирии иҷтимоии зан ва духтарон ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ӯзбекистон табдил ёфтааст. Баланд бардоштани нақши бонувон дар ҷамъият, бешубҳа дар афзудани иштироки онҳо дар ҷараёнҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва илму фан намоён мегардад. Аз ин рӯ, баробарии гендерӣ ҳамчун ҷузъи муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат амалӣ гардид. 
Ҳоло баробарии гендерӣ ба яке аз шартҳои асосии рушди тамоми давлатҳо табдил ёфта, ба одамон имкон медиҳад, ки новобаста аз ҷинс ҳуқуқу имконоти худро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеа озодона амалӣ намоянд. Ва маҳз ҳамин масъала аз самтҳои афзалиятноки бунёди Ӯзбекистони Нав ба ҳисоб меравад. 
Ҳоло дар ҷумҳурӣ барои дар амал нишон додани дониш ва имконият, меҳнати самарабахши зан ва духтарон дар соҳаҳои гуногун, шароит фароҳам оварда шудаанд. Ҳамватанони боистеъдод ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд. Чунки бонуи бомаърифат дар ҳар гуна ҷамъият манбаи пешбар ба ҳисоб меравад. Инсоне, ки бо илму фан машғул аст, на танҳо дар пешрафти соҳаи худ, балки ба рушди тамоми мамлакат саҳм мегузорад.
Ба рақамҳо эътибор диҳем, солҳои охир дар самти мустаҳкамсозии оила, баланд бардоштани фаъолии иҷтимоиву сиёсии занон ва таъмини шуғли онҳо, ташаккули дониши соҳибкории бонувон ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ гардид ва дар натиҷа саҳми онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ афзуда, ба 35 дарсад расид. Танҳо дар солҳои 2022-2023 беш аз 398 ҳазор бонувон бо кор таъмин ва 100 ҳазор нафар зан-духтарон дар асосҳои имтиёзнок ба муассисаҳои таълими олӣ қабул гардиданд.
Қобили зикр аст, ки барои пардохти маблағи шартнома, яъне контракти 170 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ кредити таълимии имтиёзнок ҷудо гардида, 14 ҳазор нафар бонувони олима дар магистратура ройгон таҳсил мегиранд. Инчунин, 198 ҳазор нафар зану духтарон касбу ҳунар омӯхтанд.
Ғайр аз ин, дар муддати сипаришудаи соли равон дар доираи барномаҳои соҳибкории бонувон барои татбиқи беш аз 225 ҳазор лоиҳа 4,4 триллион сӯм кредит ва баҳри қариб 40 ҳазор зану духтарон ҷамъ 179,1 миллиард сӯм субсидия ҷудо карда шуд. Тавассути системаи «Дафтари занон», ки аз соли 2020 роҳандозӣ шуд, беш аз 2,3 миллион нафар бонувон ёрии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва психологӣ гирифта, барои ин беш аз 501 триллион сӯм маблағ равона гардид.
Ҳоло дар муассисаҳои таълими илмӣ 660 нафар бонуи доктори фан ва 7 нафар академикҳо меҳнат мекунанд. Дар институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи фанҳо қариб 3 ҳазор нафар зану духтарон таҳқиқот мебаранд. Аз ҷумла, барои аз ҳисоби буҷа пардохтани пули шартномаи ҳамаи духтароне, ки дар магистратура таҳсил мегиранд, ҳар сол 200 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Дар соҳаи докторантура низ ҳамасола барои зан ва духтарон на камтар аз 300-то квотаи мақсаднок тақдим мегардад. 
Дар зинаҳои гуногуни системаи ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ зиёда аз 1300 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, ки ин низ аз эътибори ҳукумат ба бонувон далолат медиҳад.
Даври пуртаҳлука, зиддиятҳои пуршиддати имрӯза аз ҳамагон қабули қарорҳои таъҷилиро тақозо мекунад ва дар ин раванд босаводу босалоҳият будани зан ва духтарон аҳамияти муҳим дорад. Тавре бузургонамон гуфтаанд, агар писарро таълим диҳем, як одамро босавод мекунем. Агар духтарро дониш омӯзем, тамоми оила, тамоми ҷамъият соҳибилм мегарданд. Ҳамзамон, дар ҷомеа мо қадри бонувонро чӣ қадар баланд бардорем, шумораи фарзандони ҳалолу пок, фидокор, ватандӯст, ки ғурури миллӣ доранд, ба ҷамъият нафъ мерасонанд ва барои густариши маънавияту фарҳанг, таъмини барқарории оилаҳо талош намуда, миллати моро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд, бамаротиб меафзояд. 
Умуман, аз меҳнат ва салоҳияти зани фаъолу оқила, доно, заҳматписанд ва замонавӣ на танҳо хонаводааш, балки тамоми ҷомеа баҳра мебарад. Дар навбати худ зан ва духтарон, ки яке аз неруҳои асосии бунёдгузори пойдевори ҷамъияти мо ҳастанд, набояд фаромӯш кунанд, ки онҳо чун шаъни оила, виҷдони маҳалла, тимсоли диёр, такягоҳи боваринок ва мустаҳками истиқлол мебошанд. 

Гулрух АЪЗАМОВА, депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: