БОНУВОНИ КИТОБДӮСТ

Дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё бо ширкати як гурӯҳ занону духтарони китобхон чорабинии хотирмоне баргузор шуд.

Ин ҷамъомад дар толори Маркази маданияти шаҳр бо шукуҳи хосе доир гардид ва даҳҳо бонувони китобдӯстро аз шаҳру навоҳии қаламрав гирдиҳам овард. Онҳо сухан аз китобу фавоиди он кушода, дар роҳи тарбияти насли наврас нақши муҳим доштани ин атои Худованд – маҳсули беназири хиради инсониро таъкид намуданд. Бояд гуфт, ки дар робита ба баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии бонувоне, ки дар хонаҳо нишаставу машғули тарбияти фарзандон ҳастанд ва ҷиҳати бомазмун гузаштани вақти холии онҳо, озмуни «Бонувони хонашини китобхон» эълон шудааст ва дар раъси ин чорабиниҳо Саридораи бахши вилоятии оила ва бонувон қарор дорад. Зинаи вилоятии ин сабқати хуб ҷамъбаст ва ғолибони он муқаррару қадрдонӣ шуданд. Дар рӯзи маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун раиси Саридораи бахши вилоятии оила ва бонувон Зиёда Аминова бонувони хонашини китобхонро, ки якҷо бо заҳмати тарбияти фарзандон китоб хондаву аз ин хазинаи бебаҳо бархурдор мегарданд, қаҳрамонони замони мо унвон кард ва ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотирмон супорид.

– Мақсад аз роҳандозии озмун боло бурдани сатҳи маърифати занон аст ва агар дар хона модар ҳамеша дар даст китобу пеши фарзандонаш ҳузур дошта бошад, онҳо низ ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва аз ҳар гуна амалҳои нораво худро канор мегиранд, – гуфт З. Аминова.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: