БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН.

Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи «Ахтарони адаб»-ро иборат аз 50 ҷилд аз чоп баровард

Бори нахуст дар таърихи кишвар бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби Фонди захиравии  Сарвари давлат  силсилаи китобҳои қаламкашони барҷастаи тоҷик  «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд бо сифати баланд ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги   Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба итмом расидани нашри силсилаи мазкур воқеаи ниҳоят фараҳбахши фарҳангӣ ва таърихӣ  мебошад. Дар ин силсилакитоб  осору ашъори  адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то нависандагону шоирони муосири мо гирд оварда шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: