Ҳикоя
– Аз ту як гилаи сабук дорам, Сабур!
– Ҳамон гилаи куҳна?!
– Аз хотир набаровардаӣ, хайрият. Чаро чанд соли охир ба даҳонат об гирифта мегардӣ?
– Савдои хона ба бозор рост намеомадааст. То даме, ки ба идораи рӯзнома омадам, ба ҷуз сила ба зарбаҳои ҷонкоҳи ҳасудон, номаҳои боғарази баъзе ҳамдеҳагон тоб овардан лозим омад, – хуллас сабаби бисёр дорад кам навиштанам.
– Ту худатро мешиносӣ, Сабур?
– Қариб. Бо мадади дӯстон, бо мадади ҳасудон. Лекин лак-лак нуқсон дорам.
– Одами бенуқс нест, вале чаро мисли солҳои аввали ба кор омаданат гоҳ-гоҳ ҳикоя ва очеркҳои бонамакатро намехонам?
– Раҳмон, аз будаш беш ситоиш накун.
– Ин ситоиш не, ҳақиқати ҳол. Ё ту корзада шудӣ, ё ягон сабаби ҷиддӣ ҳасту ба ман, ба ҷӯраи ягонаат маддаи дилатро намекафонӣ? Ба авзоят як назар парто! Ту саропо дардманд барин, дар лабони парсинбастаат ҳаргиз табассуми овони ҷавониатро намебинам. Рост, баъзан механдӣ. Вале ин хандаҳоят, чӣ гӯям, хандаҳоят дардолуд.
– Ин гапро аз куҷо гирифтӣ?
– Чашм оинаи дил аст, мегуфтӣ, Сабур. Чашмонат ким-чӣ гуфтан мехоҳанд!
– Чашмонам?
– Бале, чаро ангушти ҳайрат мегазӣ? Ту ҳаргиз бо амри дил наменависӣ. Ба болои сӯхта намакоб, чанд соли охир ками кам менависӣ. Ба ту чӣ бало зад? Ё ки ҳавсалаат пир шуд?
– Аслан ҳар дуи мо пир шудем.
– Даҳонатро пӯш, Сабур. Ваъдаҳои овони ҷавониро аз оинаи хаёл набарор!
– Кадом ваъдаро мегӯӣ? Мо бисёр ваъда карда будем.
– Худатро ба гӯлӣ наандоз. Ман намегӯям, ки алломаи замон шав. Қудрати туро медонам. Дар ёдат ҳаст, дар деҳа, дар гӯшаи боғам то субҳ овони бачагиамонро ба ёд оварда, гоҳ хандидему гоҳ ғусса хӯрда будем.
– Аз он ки иншо намудани «заказҳо»-и туро ба таъхир меандозам, бубахш, ғам дорам.
– Ғаматро медонам. Одам, ки ба дарёи ғаму ғусса ғарқ шуд, аз сабзидан бозмемонад, мегуфтӣ. Модоме ки ҳамин фалсафаи зиндагиро медонистӣ, чаро ба ҷои ғам хӯрдан аз пайи кор намешавӣ!?
– Якум, ман истеъдоди фитрӣ надорам. Бештар андешаҳои мағшуш сараму диламро бадард меоваранд, баъзан на мутолиа карда метавонаму на навишта.
– Ҳатто мисли солҳои аввали ба кор омаданат?!
– Ман намехоҳам обрӯи рӯзномаю обрӯи ҳамдеҳагонро резам. Дар адабиётшиносӣ образи манфӣ ва мусбӣ мешавад. Баъзе ҳамқаламон аз баъзе ҷиҳатҳои неки образи манфӣ ва аз баъзе ҷиҳатҳои манфии образи мусбӣ чашм мепӯшанд. Ба назарам, ин ғалат. Зеро одами бенуқс намешавад.
– Ақидаат дуруст. Лекин чаро ба даҳонат мӯҳри хомӯшӣ мезанӣ?
– Ту ягон бор ба аёдатам омада, боре намепурсӣ, ки чаро тез-тез бемор мешавам.
– Тани гарм бедард намешавад. Баъд заҳмати кори рӯзноманигорӣ осон ҳам не.
– Ист, ки як ҳақиқати талхро медонӣ?
– Хӯш, гӯшам ба ту, ҷӯра!
– Чаро занҳо ками кам ба дарди дилу асаб мепечанд?
– Надонам?
– Чунки онҳо, ҳамин ки ба сарашон сояи ғам афтид, зӯрашонро ба гиря медиҳанду бори дилашонро сабук мекунанд... Гиряи табиӣ фоида дорад мисли дору. Аммо ба мард гиря кардан намезебад. Номаш мард, ғами дунёро дар дилаш бардошта мегардад. Магар ту ғам надорӣ?
– Мегуфтӣ, ки одамеро, ки дар ин дунё ғам нест, ё одам нест, ё аз ин олам нест.
– Боз чӣ мегуфтам, Раҳмон?
– Ҳамон гапи куҳнаро мегуфтӣ. Одам, агар ҳалол кор кунад, кори рӯзномаро саҳл напиндошта заҳмат кашад, ягон маводи хонданӣ иншо намуданаш мумкин...
– Хулосаат ғалат. Ман, агар дардамро бе каму кост, озод нависам, танҳо дар ҳамон сурат шояд аз чанголи дард раҳо ёбам.
– Навис! Ба ту кӣ нанавис гуфтааст, Сабур?
– Нанавис нагуфтаанд-у...
– Чӣ забон мехоӣ? Гап зан?
– Ин сабаб дорад. Як воқеаи хунуки рӯзҳои аввали ба кор омаданамро мегӯям. Баъд шояд фаҳмӣ.
– Хӯш, гӯшам ба ту.
– Моҳи аввали ба идораи рӯзнома омаданам як ҳикояи хурдро навиштам. Ба аксари ҳамкасбонам писанд омад. Аммо як мӯйсафеди нуронӣ (ҷояшон ҷаннат бод!) фардои ҳамон рӯз ба дафтари кориам даромада, Сабураш ту, гӯён фиғонаш баромада, маро ба ҳузураш хонд. Рафтам. Дар рӯ ба рӯяш шинонда, газетаро ба пешам тела дод ва бо зарда: «Мақоларо худат бофтӣ?», гуфт манаҳаш ларзида.
– Бале, падар. Лекин ин ҳикоя.
– Пас беандеша будаӣ. «Андеша»-атро рафта, ба ҳамдеҳагонат нақл кун!
– Аз газета мехонанд, устод.
– Маро устод нагӯ! Мани мӯйсафедро мазаммат карда навиштӣ, фақат моли ҳаром мебарорад, аз субҳ то шом кораш чойхӯрӣ мегӯӣ?
– О, ин ҳикоя-ку, устод! Баъд «қаҳрамон»-ҳо коргарони завод, на рӯзноманигор. Ба замми ин ҳоло ман шуморо нағз намешиносам. Дар зиндагӣ ҳамин хел мешавад. Сардори корхона ба андешаи он ки коргари солхӯрдаи бекорхӯҷа наранҷад, ба нафақа гусел намекунад. Коргари ҷавони ягон корро эб карда наметавонистагиро низ бо андешаи он ки ҷавон асту дар оянда кор ёд мегирад, кафшашро пеш намемонад. Яъне, дар ҳар ду ҳолат сардор андеша мекунад. Чора намеҷӯяд. Охир, чунин рафтори баъзе сардорҳо нодуруст-дия. Ғояи ҳикоя ҳамин.
– Бас кун фалсафаатро, – гуфт мӯйсафед туфакҳои даҳонашро пеш дода.
– Кӣ бекорхӯҷа? Ту ё ман?
– На шумо, на ман.
– Дониста мон, агар минбаъд беандешагӣ карда, ман барин мӯйсафедро таъна мекарда бошӣ, беҳтараш танҳо хабар навис, мақола-пақолаю ҳикоя-пикоя нанавис!
– Охир ин ҳикоя, мақола не-ку, устод. Заррае ба шумо дахл надорад.
– Баро мегӯям, беандеша!.
– Агар рӯзноманигор ба фарқи мақолаю ҳикоя наравад, аз дигарон чӣ гила? Хуллас, баъди ин воқеа силсилаи воқеаҳо рух доданд. Агар ҳикоят кунам, як қисса мешавад, Раҳмонҷӯра.
– Навис, қисса навис.
– Он мавзӯи ваъдагӣ чӣ мешавад?
– Рост, аввал ҳамонро навис, падари ҳар дуи мо иштирокчии ҷанг, бо амри тасодуф зинда баргаштанд. Аъзои баданашон – ғалбер.
– Одати маро медонӣ-а, Раҳмон?!
– Медонам. Зодгоҳамонро дӯст медорӣ. Агар ҳикоя ба деҳа дахл дошта бошад, ҳатман манзара ва номи кӯҳу кӯҳтал ва чашмаҳоямонро ба забон мегирӣ.
– Бар падарат раҳмат, ёфтӣ. Агар ягон ҳикоя ё мақолаи ахлоқӣ нависам, маҳз аз деҳа, аз баъзе соддаю калтафаҳмҳо номаҳои таҳқиромез гирифта будам. Гӯё ба ӯ ва ё ягон хешу табораш шамма кардаам.
– Аз деҳа номаи таҳқиромез гирифтӣ? Чаро то ба ҳол лаб намекушоӣ, Сабур?!
– Ман нуқсони бисёр дорам, Раҳмонҷӯра. Бо андешаи он ки ягон ҳамдеҳа чунин эроди таҳқиромез гирифта, маро маломат накунад, моҳҳо, ҳатто, солҳо аз худам норизо шуда, мисли гунаҳкорон ботинан ғам хӯрда мегардам. Баъзан шабҳо хобам парида сари калобаи корро гум мекунам. Баъд ту аз ким-кӣ мефаҳмӣ, ки ҷӯраат дар шаҳри мусофирӣ бемор шудааст ва ҳадаҳа ба аёдатам меомадӣ. Агар ягон ҳамдеҳа навиштаҳои маро «ту маро ё хешу таборамро навиштаӣ», гӯён ҷигот андозад, ба деҳа рафта, ба чашмони ӯ чӣ хел нигоҳ карда метавонам?!
Хуллас, бо чунин андешаҳои бесарунӯг он асари ваъдагиро то ба ҳол ба таъхир андохта меоям. Метарсам, ки боз ягон ҳамдеҳаам ба худ нам кашида, бародару хоҳаронамро дар раҳу рӯ, дар маъракаҳо таҳқиромез маломат мекунад...
– Охир, ту умуман, дар бораи оқибатҳои фалокати ҷанг менависам, гуфта будӣ-ку? Ғояашро бароям ҳикоят карда будӣ. Бароям писанд омада буд, дар ҳақиқат, ман ва худат ҳам – хуллас, фарзандони иштирокчиёни ҷанг дар шаҳру деҳаҳои ватанамон бисёр. Ҷанг хосият надорад. Агар хосият медошт, баракаи кору зиндагӣ намепарид. Фарзандони иштирокчиёни ҷанг низ то ҳол азоби рӯҳӣ кашида намегаштанд. Магар ҳамин ғояро талқин намоӣ, бад аст?!
– Кӣ бад гуфт, вақте ки худам низ аз он фалокатҳои ҷанг то ҳол азият мекашам.
– Рост! Пас дар ҳамин хусус навис, ғам нахӯрда. Агар нависӣ, паёпай бемор ҳам намешавӣ.
– Яъне, гиря накардаву ғаму ғусса нахӯрда, нависам? Гумонат ин кори осон аст?
– Мушкил, албатта. Агар нависӣ, бори дилат сабук шуда, беморӣ ба ту «меҳмон» намешавад.
– Якто-нимто ҳамдеҳагон нам кашида, боз маломат кунанд-чӣ? Ту ҳаминро мехоҳӣ?!
– Ба ту кадомаш маъқул?! Навишта бори дилатро сабук кардан ё ки нанавишта бо саду як андешаи шум дар ин хонаи оҳанбетониат пӯсида рафтан?
– Аввалан ин ки ягон кас дар ин дунё сутун нашудааст. Албатта, ба ман бори диламро сабук кардан маъқул. Лекин...
– Чӣ лекин, Сабур? Боз андеша карда, ҷонатро дар азоб намон!
– Гиря кунам-чӣ? Ягон кас намебинад, ба ҷуз ту.
– Ба ҳоли ман наханд. Шон гиря мекардаанд.
– Охир, дигар чора надошта бошам, чӣ кор кунам, сарамро ба куҷо занам?! Ба эродгирандагон чӣ ҷавоб медиҳам, вақте ки мақсади маро намефаҳманд.
– Худам мефаҳмонам!
–Мебинам, агар тавонам, агар миёнаҳол барояд, баъд ба ту хабар мекунам. Аввал ту мехонӣ, баъд рӯзномахон.
***
Гуфтугузори ду дӯстро начакондаву нарезонда, ба рӯи коғаз фуровардам.