Давлат ба ташкилоту муассиса, ба сохтору созмонҳое, ки лозим шумурд, маблағ мегузаронад.
Давлат ба ташкилоту муассиса, ба сохтору созмонҳое, ки лозим шумурд, маблағ мегузаронад. Айни замон чӣ тавр мавриди истифода шудани он маблағҳоро назорат мекунад. Вале роҳбару роҳбарчаҳое низ ёфт мешаванд, он маблағҳоро ба ҳар роҳу восита обу лой карда, ҳуҷҷатҳои сохта тақдим месозанд. Ба манзил нарасидани бори каҷ, рӯзе дар назди қонун ҷавоб додан ва шарманда шуданро ба гӯшаи хотир намеоранд.
Ҷуз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои гуногуни назораткунанда боз сохторе мавҷуд бо номи Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ, ки аудити берунии давлатӣ ва назорати молиявиро чун органи олӣ ба амал бароварда, дар назди Президент ва палатаҳои Олий Маҷлис ҳисобот медиҳад, баҳри иҷрои вазифаҳои дар зиммадоштааш бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар ҳамкорӣ сохта, ба тарзи электронӣ муттасил ивазсозии иттилоотӣ ба роҳ мегузорад, баҳри роҳ нагузоштан ба норасоию чашмбандиҳо тавсияҳо пешниҳод мекунад. Ба наздикӣ сохтори мазкур аз рӯи вазъи истифодабарии маблағҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавии ташкилотҳои тобеи Вазорати таълими томактабӣ дар солҳои 2018-2019 ва имкониятҳои мақбулгардонии харҷҳо дар соли 2020 омӯзиш гузаронд.
Тавре хидмати ахбори Палатаи ҳисоб маълум менамояд, дар натиҷаи омӯзишу санҷиш таҳти ҳамкорӣ бо аудити дохилӣ ва назорати молиявии вазорати зикршуда тороҷ ва ғайриқонунӣ истифода бурда шудани 48,3 млрд. сӯм маблағ дар муассисаҳои таълими томактабӣ ба назар мерасад.
Аз ҷумла, роҳбарону масъулони зинаҳои поёнӣ 7,2 миллиард сӯм маблағи барои музди меҳнати ходимон муайяншударо ғайриқонунӣ азхуд ва барои пардохтҳои зиёдатӣ сарф намудаанд.
Барои озуқавории сарфнашуда ҳуҷҷат ва таомномаҳои сохта ба назар мерасанд, ки ин хиёнати рӯирост дар ҳаққи бача аст. Дар ин самт ғайриқонунӣ сарфшавии 3,6 миллиард сӯм маблағ маълум гардид.
Барои равғани зард гӯё 2,2 миллиард сӯм сарф шудааст, вале дар асл маълум гашт, ки равғани зард не, «спред» (равғани растанӣ ва омехтаи рӯи шир) харид карда шудааст. Ё худ маҳсулоте истифода шудааст, ки пастсифат буда, он маҳсулоти шириро равғани зард гуфтан норавост.
10,1 миллиард сӯмина маҳсулоти гӯшт харид шудааст, ки аз назорати ветеринарӣ гузаронда нашуда, воқеан он маҳсулот ба талабот ҷавоб медод ё не, номаълум.
Миқдори воқеии кӯдаконе, ки ба муассисаҳо омада ва тановул кардаанд, пинҳон дошта шудааст. 497,7 млн. сӯм пардохти падару модарон ба касса ворид карда нашудааст.
Усулҳои ба рақобати харидҳо асоснокшуда сарфи назар гардидаанд. Дар вазъи зид амал кардан ба қонун «Дар бораи харидҳои давлатӣ» 253 ҳолат аниқ ва ғайриқонунӣ 11,3 миллиард сӯмина шартномаҳо ба имзо расидаанд.
Дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳои харид ва бо нархи гарон харидани амволи ба стандартҳо номувофиқ ба 8,8 миллиард сӯми маблағ хиёнат ба назар мерасад.
Барои бартараф сохтани норасоиҳо ва оянда роҳ нагузоштан ба чашмбандию ғорат аз ҷониби Палатаи ҳисоб дар 26 самт 75 таклифу тавсия дар асоси ин пешниҳод ва ба Вазорати таълими томактабӣ супурда шуд, якҷо бо ташкилоту идораҳои дахлдор «харитаи роҳ» кор карда барояд. Омӯзиш нишон дод дар 16 ҳуҷҷати меъёрӣ воридсозии тағйиротҳо муҳим аст. Такмил додани сохтори иттилоотӣ низ зарур, ки самтҳои молиявию услубиро дар худ муҷассам намудааст.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».