Бори каҷ ба манзил нарасид

Агентии мубориза бар зидди коррупсия дар ҳамкорӣ бо ходимони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ як амалиёти фаврӣ анҷом додааст.

Агентии мубориза бар зидди коррупсия дар ҳамкорӣ бо ходимони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ як амалиёти фаврӣ анҷом додааст. Дар ин бора хидмати матбуоти ин агентӣ хабар дод.
Бино ба ин манбаъ роҳбари идораи кадастри давлатии вилояти Андиҷон дар ноҳияи Олтинкӯл  М. А бо сӯйистифода аз мансаб аз сокини ин ноҳия У.А 6 ҳазор доллари амрикоӣ пешпардохт гирифтааст ва ваъда додааст, ки 1 гектар замини захираи ҳокимиятро ба вай расмӣ карда медиҳад. Аммо ин фард ҳангоми гирифтани ин миқдор пул ба даст афтодааст.
Ба гуфтаи сухангӯи агентӣ М. А умуман дар ивази 50 ҳазор доллари амрикоӣ ин корро барои анҷом додан ваъда додааст. 
– Бори каҷ ба манзил нарасид. Дар айни ҳол нисбати М. А аз рӯи моддаҳои 168 ва 211-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва тафтиш идома дорад, – мегӯяд сухангӯи  Агентӣ.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: