БОРИ ВАЗНИНИ ШОИРИ КӮДАКОН

(Назаре ба эҷоди Нуруллоҳ Остон)

Шоир Нуруллоҳ Остон зодаи Самарқанди адабпарвар мебошад. Асосан барои кӯдакон ва бачаҳо эҷод мекунад. «Шабе, ки ситораҳо дурахшиданд», «Рақси баҳор», «Ба истиқболи субҳ», «Бузичаи нотарс», «Осмон пури фаришта» барин маҷмӯаҳояш ба хурдсолон манзур гаштаанд. Қисме аз шеърҳояш ба тоҷикӣ тарҷума ва дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расидаанд.
Адабиёти бачагона нозукиҳои ба худ хос дорад. Нисбатан кам будани онҳое, ки асосан барои бачаҳо менависанд, бесабаб нест. Н.Остон вазнинии бори адабиёти бачагонаро ҳис карда, дар ҷаҳди он аст бо худафрӯзӣ ба дил ва дидаи кӯдакон нур бахшад, ба онҳо завқ ва хушҳолӣ ҳадя намояд. Суҳбатамон бо Нуруллоҳ Остон дар ҳамин бобат оғоз ёфт.
– Ба адабиёти бачагона аз нуқтаи назари адабиёти ҷаҳон назар карда, дар он ҳамеша тантана кардани адолат, аз болои бадӣ пирӯзии некиро пай мебарем. Ин гуна асарҳо бо соддагӣ ва самимият, шавқангезӣ ва беғуборӣ ҷудо шуда меистанд.
– Сабаб, қабл аз ҳама, дар адабиёти бачагона таъсири бузург доштани эҷодиёти даҳанакии халқ мебошад. Арзишҳое, ки дар гӯяҳои мардумӣ муҷассаманд, қабл аз ҳама, ба тарбияи авлоди ҷавон, ташаккули ҷаҳонбинии бачаҳо ва наврасон нигаронида шудаанд. Аз ҳама муҳимаш, афсона ва достонҳои халқӣ бо хубӣ ва ба муроду мақсад расидани қаҳрамонҳо ҷамъбаст меёбанд. Бачае, ки дар ин гуна муҳит тарбия ёфт, хушфеъл, меҳрубон, сермулоҳиза, бурдбор ба воя мерасад.
Адабиёти бачагонаи ӯзбек низ бо анъанаҳои эҷодии фолклор асоснок гардида, адибонамон асарҳои зиёди бо юмор ва мутоиба бой, ба дил ва табиати нозуки кӯдак наздику ҳамоҳанг офариданд. Мо инро дар мисоли «Сангпушт ва каждум»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, «Аҳмад бачаи бад нест, аммо...»-и Ғафур Ғулом, «Нозпарвар»-и Шукур Саъдулло, «Дум»-и Қуддус Муҳаммадӣ, «Хандаи Валӣ»-и Пӯлод Мӯъмин, «Якрав»-и Қудрат Ҳикмат дида метавонем.
Асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни Худойбердӣ Тӯхтабоев, Турсунбой Адашбоев, Анвар Обидҷон барин суханваронамон, айни замон, ба ҳамин гуна сеҳр ва қудрат молик буда, аз ҷониби хурдсолон бо мамнуният истиқбол мегарданд.
– Бисёр шоирон бо шеърҳои бачагона ба адабиёт ворид мешаванд. Чӣ воқеа сабаб шуду дар пайроҳаи адабиёт нахустин қадамҳои худро гузоштед?
– Дар бачагӣ ба китоб ва адабиёт меҳри баланд доштам. Дар синфҳои поёнӣ китобҳоеро, ки ба хонандагони синни болоии мактабӣ мутааллиқ буданд, мутолиа менамудам. «Гӯрӯғлӣ», «Равшанхон», «Алпомиш» барин китобҳоро аз даст намегузоштам. Ҳарчанд ба синну солам мувофиқ набуданд, «Ҳазору як шаб», «Зарбулмасал» барин асарҳо ба ман таъсири калон мегузоштанд. Соддагӣ ва ҳозирҷавобӣ, зудбоварӣ ва муассирӣ, ки табиати маро хосанд, эҳтимол дар бачагиам таҳти таъсири ҳамон асарҳо шакл гирифта бошанд.
Вақте дар синфи ҳафтум мехондам, хоҳари калониам маро ба маҳфили эҷодкорони ҷавон «Шалола» гирифта бурд. Ҳамин тавр, ҳанӯз солҳои мактабхонӣ меҳри адабиёт ва эҷод ба дилам нишаст. Таври худ ба шеърнависӣ сар кардам. Шавқи наздик шудан ба олами мӯъҷизаомези адабиёт дар қалбам рӯ мезад. Соли 1972 дабистонро хатм карда, ба Тошканд омадам. Овони донишҷӯӣ бо «Тонг юлдузи» мустаҳкам робита намудам. Нависанда Аҳмад Аъзам соли 1982 ба алманахи «Ёшлик» чаҳор шеърамро ворид кард. Шоири мардумии  Ӯзбекистон Хуршед Даврон, ки дар нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом кор мекард, соли 1984 супориш дод, ки «Боронҳои ранга» ном маҷмӯаи шоири туркман Нурӣ Байрамро ба ӯзбекӣ тарҷума намоям. Китоб бо тиражи калон чоп шуд. Баъд ба тарҷумаи шеърҳои Расул Ғамзатов шурӯъ намудам. Соли 1985 аввалин маҷмӯаи шеъриам бо унвони «Шабе, ки ситораҳо дурахшиданд» таҳти таҳрири Нормурод Нарзуллоев аз тариқи нашриёти «Ёш гвардия» (ҳоло «Янги аср авлоди») аз чоп баромад.
– Дар бораи анъанаҳои устодӣ ва шогирдӣ чӣ ақида доред?
– Бо дастгирии устодон Назир Сафаров ва Одил Ёқубов дар 35-солагӣ ба узвияти Иттиҳодияи адибон пазируфта шудам. Асное дар Самарқанд чун журналист фаъолият доштам, дар рӯзномаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» «Номаи кушод»-и Турсунбой Адашбоев ба ман эълон гардид. Дар нома асосан мазмуни «Ба рӯзноманигорӣ банд шуда, аз эҷоди бадеӣ дур нашав» ифода ёфта буд. Баъдтар бо кӯмаки беғаразонаи Т. Адашбоев ва Эркин Маликов ду маҷмӯи шеъриам ба табъ расиданд. Гуфтаниам, аз устодон ҳамеша меҳр дидаам ва дар назди онҳо доимо сари таъзим фуруд меорам.
– Фикри шумо дар бораи дурдонаҳои адабиёти кӯдаконаи ҷаҳон?
– Асарҳое, ки аз ҷониби адибони шинохтаи ҷаҳон доири бачаҳо офарида шудаанд, баробари китобхонҳои ҷавон эътибори калонсолонро низ ба худ мекашанд. Бо сабк ва тарзи баёни фаҳмову равон ба тасвир кашидани манзараҳои ҳаётӣ ва хаёлӣ яке аз шартҳои муҳими адабиёти бачагона мебошад. Дар асарҳое, ки барои хурдсолон пешбинӣ шудаанд, тасвир аксар маврид бо характери намоишӣ сурат мегирад. Ҳанӯз солҳое, ки мактабхон будам, Чипаллино, Ҷелсомино барин қаҳрамонҳои осори Жанни Родарӣ маро ба ҳайрат мегузоштанд. Хусусан, «Ҷелсомино дар мамлакати дурӯғгӯйҳо»-ро гаштаю баргашта хондаам. Соли 1970 Ж.Родарӣ ба мукофоти ба номи Андерсен лоиқ гашт ва ман донистам ӯ баробари шоир ва нависанда будан педагоги соҳибистеъдод низ мебошад. Бо ин гуфтаниам, адиби бачаҳо нафақат эҷодкор, баробари ҳамин, тарбиятгар ва мураббии закӣ низ бояд бошад. Асарҳое, ки аз ҷониби Андерсен, Шарл Перро, Жанни Родарӣ, бародарон Гриммҳо, Яков Аким, Агния Барто, Асен Босев, Борис Заходер ва дигарон офарида шудаанд, бинобар ба эҷодиёти даҳанакии мардумӣ наздик буданашон ҳам бо иштиёқи баланд мутолиа мешаванд.
– Дар бораи вазъи кунунии адабиёти бачагонаи ӯзбек ҳарф мезадед.
– Чун сухан дар ин бобат аст, қабл аз ҳама, Носир Фозилов, Х.Тӯхтабоев, Миразиз Аъзам, Эркин Малик, Анвар Обидҷон, ҳамчунин эҷодкороне, ки аз паи онҳо омадаанд, аз қабили Худойбердӣ Комилов, Маъмур Қаҳҳор, Дилшод Раҷаб, Эрпӯлод Бахт ва дигарон ба хотир меоянд. Насли нави адабиёте, ки ба бачаҳо мутааллиқ аст, баромада меояд. Дар анҷуманҳои эҷодкорони ҷавон истеъдодҳои нав кашф мешаванд. Ин хеле ҳодисаи хурсандибахш. Барои бачаҳо навиштан, адабиёти кӯдакро баргардондан аз дасти ҳар гуна эҷодкор намеояд. Ҳар як асари таълифшуда бояд шавқу ҳаваси хурдсолонро ба адабиёт ва мутолиа бедор намояд. Хуб аст, ки дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон ба ӯзбекӣ тарҷума шудаанд ва мешаванд. 

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: