Борони моҳии зинда дар Австралия

Сокинони ҷамъияти аборигенҳо дар биёбони Танами Австралия шоҳиди як падидаи ғайриоддии табиӣ шуданд. Ба сари мардум аз осмон моҳии зинда борид, менависад Daily Mail.

"Кӯдакон моҳӣ ҷамъ карда, дар шиша ва кӯзаҳои об нигоҳ медоштанд", - гуфтанд шоҳидони айнӣ.

Тавре коршиносон тавзеҳ медиҳанд, ин падида вақт-вақт рух медиҳад ва бо гирдбод ё гирдоб, ки аз болои дарёҳо ё кӯлҳо гузаштааст, алоқаманд аст, хабар медиҳад Мир24.

Гирдбод моҳиро аз обанборҳо гирифта, баъзан онро ба масофаи даҳҳо километр мебарад ва баъд аз он дар шакли «борон» ба замин мерезад.

Бори охир австралиягиҳо моҳи марти соли 2010 "борони моҳиро" мушоҳида карда буданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: