БОШАД, КИ ҲАМЕША ДАР ХИДМАТИ ХАЛҚ БОШЕМ

— Дар хона бо коре андармон будам, — сухан оғоз кард бошандаи маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Яшнобод Хуршеда Исҳоқова, — духтарам аз берун ворид шуду изҳор дошт, ки нафаре аз идораи андоз омадааст.

— Дар хона бо коре андармон будам, — сухан оғоз кард бошандаи маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Яшнобод Хуршеда Исҳоқова, — духтарам аз берун ворид шуду изҳор дошт, ки нафаре аз идораи андоз омадааст. Бо шумо сари суҳбат кардан дорад. Дар фосилаи хонаву кӯча фикрам ба чанд кӯчаи гумон даромад. Барои гардондани чархи  зиндагӣ дар беруни  дарвоза нӯшокиҳои ташнагишикан, сигарет ва майда-чуйдаҳои дигар мефурӯхтем. Аз он, ки барои ин амал ҳуҷҷате надоштем, сардори милитсияи маҳал сари чанд вақт ба корамон дахолат мекард, намегузошт, ки озодона ба дунболи кори худ равем. Дар дил гуфтам, ки тамом, риштаи рӯзӣ канда шуд, ходими андоз ҳоло ҳуҷҷат тартиб дода, маро ба ҷарима мекашад.
Дар беруни дарвоза маро ҷавоне бо салом ва табассуми малеҳ пешвоз гирифт. Худро муаррифӣ намуд, изҳор дошт, ки нозири андоз аст. Бо нигаронӣ гуфтам: — Хидмат, писарам?
— Хидмат аз мо, — гуфт ӯ, — хавотир накашед, омадам, ки тибқи қарори Президент шуморо ба сафи оилаҳои соҳибкор ворид созем. Аз шумо андоз ситонда намешавад,  барилова, стажи кориатон мегузарад. Барои ин нусхаи шиносномаатонро пешниҳод намоед, кифоя. Баъди тайёр шудани ҳуҷҷат, рафта мегиред...
— Нусхаи шиносномаамро супурдам. Бовар мекунед, дилам хеле бардошта шуд. Он рӯз амалан медидам, ки мансабдори идораи давлатӣ дар хидмати халқ аст. Пеш ин хел набуд, — гуфт дар суҳбат бо инҷониб Хуршеда Исҳоқова.
Дуруст мегӯяд Хуршеда. Дар солҳои пеш манзара куллан дигар буд. Агар ба сабабе коратон ба суд, прокурор, милиса ё ходими андоз меафтод, куртаи ларза аз танатон дур намешуд. Ҳарчанд гуноҳе надоштед, то аз суҳбати онҳо раҳоӣ ёфтан, хаёлан ба сад кӯчаи гумон медаромадед, сарфи назар аз синну солаш мансабдори давлатӣ бароятон «ака» буд. Чунин ба назар мерасид, ки он бимангезиҳои сунъӣ ғаразе дар пай доштанд. Ба фикрам, имрӯз замони бонгзанӣ ва мушт рӯйи миз заданҳо гузаштааст. Бино ба талаби давр, мансабдор бояд вазифаи худро, ки хидмати софдилона ба халқ аст, иҷро кунад, вагарна...
Суҳбат бо хонуми Хуршеда хотирамро болида сохт, барои донистани ҳақиқати ҳол субҳи рӯзи дигар ба идораи андози ноҳия рафтам. Хостам донам, ки то имрӯз чӣ миқдор  соҳибкори оилавӣ ба руйихат гирифта шудаанд ва онҳо то кай аз андоз озод карда хоҳанд шуд. Вале нозири андоз аз додани маълумот худдорӣ кард. Гуфт, ки тибқи қоидаи ҷорӣ  бояд инҷониб маълумоти даркориро аз хидмати матбуоти идораи андози шаҳр бигирам. 
Сад дареғ, ки чунин  «худдориҳо» ба ишколи кори журналистон меафзояд. Он чӣ, ки мехоҳанд саривақт гирифта наметавонанд, бо масъулини соҳа суҳбати озод ба вуқӯъ намепайвандад...
Хушбахтона вақте бо кӯмаки сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба шахси ҷисмонии идораи давлатии андози шаҳри Тошканд Дилшод Бозоров вохӯрда, изҳори матлаб намудам, ишколе пеш наомад. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт:
— Чун дар ҳама ҷабҳа дар соҳаи андози ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Фикр мекунам, кулли ислоҳоте, ки дар мамлакат доман густурдаанд, ба беҳбуди рӯзгори мардум нигаронида шудаанд. Президент ба наздикӣ  қарори наверо «Дар бораи чорабиниҳо доир ба фаъолияти соҳибкорӣ ва худро бо кор бандкунии худи аҳолӣ», аз 8 июни соли 2020, ба тасвиб расонд, ки дар ҷодаи бошуғлфарогирӣ ва беҳбуди рӯзгори мардум иқдоми навест. Қарор аз 1 июли соли равон эътибор пайдо мекунад.
Тибқи қарор дар шаҳри Тошканд то имрӯз қариб 3 ҳазор нафар соҳибкори инфиродӣ ё оилавӣ ба рӯйихат гирифта шудаанд. Ҳоло дар идораҳои андоз кор рӯйи тахт кардани асноди кории онҳо идома дорад.
— Тибқи қарор барои соҳибкорони инфиродӣ ва оилавӣ чӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд? — суол кардам аз мусоҳиб.
— Ба ивази пардохти маблағи ночиз стажи кории соҳибкорони оянда ба қайд гирифта мешавад. Онҳо аз андоз озод карда хоҳанд шуд. Баъди расман ба кор шурӯъ карданашон касе беасос ба кори онҳо дахолат намекунад.
Дар кишварҳои рушдкардаи Аврупо вожае маъмул аст, ки онро «комфорт» гӯянд, тарҷумаи тоҷикиаш «ҳузуру ҳаловат». Чунин ба назар мерасад, ки бо ҷоннисориҳои сарвари давлат ва машаққатҳои зиёд бошад ҳам, аҳолии мо ба зиндагии баҳузуру ҳаловат ворид мешавад. Ходимони мақомоти давлатӣ низ инро амиқ дарк намудаанд.   
Як пеши назар оред, аз 1 июли соли равон дар сартосари мамлакат, бигирем, ҳазорҳо нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Магар ба рӯйи як қисми аҳолии мамлакат дари зиндагии баҳаловат боз намегардад? 
Бошад, ки ходимони идораҳои давлатӣ ҳамеша дар хидмати халқи ҳалол, хушбин, созанда ва заҳматписанди мо бошанд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: