БОВАР МЕКУНОНЕМ ВА БОВАР ДОРЕМ

Дар муассисаи таълимие, ки фаъолияти омӯзгориамро пеш мебарам, қувваи пешбар асосан ҷавононанд.

 Вазифаи асосии мактаб ва муаллим тайёр кардани шогирдони бо асосҳои илм ва дониши замонавӣ мусаллаҳ мебошад. 

Ҷавонмуаллимҳои ҷамоаи мо дар ин ҷода бо саъйи комил кор карда ва дар таълиму тарбияи авлоди баркамол ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Онҳо мутахассиси фанҳои гуногунанд ва услубҳои инноватсиониро дар фанҳои худ ҷорӣ месозанд. Воқеан, муаллим аз кадом фанне дарс надиҳад, бояд барои амиқ фаро гирифтани барномаҳои мобайлӣ ва компутерӣ ҳаракат намояд. Бе дониш ва малакаи инноватсионию виртуалӣ дарси замонавӣ гузарондан ва донишандӯзони рӯзро қонеъ сохтан мумкин нест.
Чанде пеш дар Тошканд бинои нави муассисаи таълимии ба номи алломаи бузург Муҳаммад ал-Хоразмӣ ба истифода супурда шуд. Аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ ба ин даргоҳи маърифат ташрифоварии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёевро мушоҳида кардем ва суханоне, ки роҳбари давлатамон дар ҳаққи мо, ҷавонон, изҳор кард, қалбамонро ба ваҷд овард. Тамоми корҳоямон, ислоҳотамон ба фардои Ӯзбекистон нигаронида шудаанд, гуфт вай, истиқболи фардоямон бошад, шумо, ҷавонон мебошед. Аён аст, ки шумо одамони босавод, ба Ватан муносиб шудан мехоҳед. Мо барои ин тамоми шароитҳоро фароҳам меорем, давом намуд Президентамон.
Барои ҳарҷониба комил ба воя расидан, аз дониш ва таҷрибаҳои фанни ҷаҳонӣ бархӯрдоршавии ҷавонон, зимнан, дар мамлакати рӯ ба тараққии мо кулли шароит ва имкониятҳо муҳайё карда шудаанд.
Роҳбари давлати мо ба ҷавононе, ки аз асосҳои иттилоот ва коммуникатсияҳо комилан бархурдоранд, беҳуда боварӣ изҳор накардааст. Воқеан ҳам мутахассисони риштаҳои гуногун баробари соҳаи худ ахбору коммуникатсияҳоро донанд ва онҳоро бамаврид истифода созанд, тавре Президентамон таъкид карда гузашт, фардо ба оилаашон, ба давлати Ӯзбекистон, ки рӯ ба ривоҷ ниҳодааст, нафъи бисёр меоваранд.
Таъсис ёфтани Шӯрои ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба корҳои ҷавонон дар ҳаёти ҷавонони кишвар, фикр мекунем, воқеаи муҳим гардид. 7 миллиону 690 ҳазор нафар ҳамсолони мо, ки дар сафҳои Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон муттаҳид шудаанд, қувваи пурзӯранд. Эҳтиёҷ ба ҷавононе, ки ҷаҳонбинии васеъ, фикри тоза, иродаи мустаҳкам доранд, торафт меафзояд. Даврае, ки ба сар мебарем, ниҳоят мураккаб мебошад. Лозим аст ҳамеша ҳушёрӣ аз даст надиҳем, дар ҳар гуна вазъият ба қабул сохтани қарорҳои дуруст омода бошем, дар ҳар кор масъулияти том ҳис намоем.
Таҳти суханони Президентамон, ки мегӯяд «Мо Ӯзбекистони навро якҷо бо ҷавонон месозем» маъниҳои зиёд ниҳонанд. Мо, ҷавонон, бояд ба боварии сардори давлат сазовор бошем ва ба он боварии қатъӣ дорем, ки дар соли 2020-ум дар сиёсати давлатии ҷавонон воқеан ҳам соли тағйироти ҷиддӣ оғоз меёбад.

Санҷар ҲИСОМИДДИНОВ,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: